Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Юнон: Шоҳнаими Карим ба Тоҷикистон истирдод намешавад


Акс аз толори Додгоҳи Олии Юнон
Акс аз толори Додгоҳи Олии Юнон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки бо қарори Додгоҳи Олии Юнон як узви ин ҳизб, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен рӯзи 9 октябр боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад. Кузови 57-сола аз толори мурофиа озод карда шуд.

Додгоҳи Олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Кузов, ӯро ба ватан истирдод намекунад. Қозии додгоҳ Кузовро аз толори додгоҳ озод кард ва иттиҳоми ворида алайҳи Кузовро беасос донист. ​Дар ин бора рӯзи 29 ноябр сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмон хабар дод. Вай гуфт, ки қарори додгоҳ рӯзи 29 ноябр дар шаҳри Атен содир шуд. Дар ин мурофиа раҳбарияти ҳизб ҳам иштирок кардааст.

ҲНИТ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Дар пайи он 13 узви раёсати ҳизб боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ду нафари онҳо ба ҳабси абад, маҳкум шуданд. Ҳамаи маҳкумшудаҳо парвандаҳои худро дур аз воқеият ва ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Ба иттилои ҲНИТ, Шоҳнаими Карим аз он аъзои ҳизб аст, ки қабл аз ин рӯйдодҳо Тоҷикистонро тарк карда, тайи ду сол боз дар Туркияву Эрон ба сар мебурд. Шоҳнаими Карим соҳиби панҷ фарзанд аст ва хонаводааш дар Тоҷикистон қарор доранд.

Дар "феҳристи сиёҳ"-и Бонки Миллӣ

Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Маҳмудҷон Файзраҳмонов рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок кард, ки рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр, ба гуфтаи ӯ, дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, Шоҳнаими Карим аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд. "Ӯ ба зудӣ бо вакили дифоъ таъмин хоҳад шуд", - гуфт Файзраҳмонов.

Сабаби боздошти ӯ – дар феҳрасти Интерпол қарор доштани исмаш будааст. Исми ӯ, инчунин, дар феҳрасти гумонбароне ҳам ҷой шудааст, ки бо номи "Рӯйхати шахсони дар кофтукоби байналмилалӣ (Интерпол) қарордошта"-и Бонки Миллии Тоҷикистон нашр шуд.

Дар ҳоле ки маълум нест, иттиҳоми ин шахс чист ва аз рӯи кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ мавриди пайгард қарор дода шудааст, Файзраҳмонов гуфт, исми Шоҳнаими Карим дар чанд парвандаи ҷиноии аъзои ҲНИТ ворид шудааст. Вай гуфт, аз рӯи иттилои раҳбарияти ҲНИТ, ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди як рӯзи боздошт дар таърихи 10-уми октябр ба боздоштгоҳи минтақаи маъмурии Коридаллос, воқеъ дар 7-километрии ғарби шаҳри Атен интиқол дода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қазияи боздошти Кузовро шарҳ надодаанд. Дар изҳороти мухталифи худ дар ду соли охир мақомоти кишвар ҳукумат ва созмонҳои хориҷии ҳамкори Тоҷикистонро барои он интиқод кардаанд, ки ҲНИТро террористӣ эътироф намекунад ва дар боздошти афроди мавриди ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон намешитобанд.

Аввал ба Русия, сипас ба Эрон

Шоҳнаими Карим бо вуҷуди онки чеҳраҳои матбуотӣ набуд, аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, дар солҳои гузашта “дасти рост”-и Саидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари аввали ин ҳизб будааст. Ӯ дар моҳи сентябри оли 2015 дар марҳилае, ки аъзои ҲНИТ дар навоҳию вилоятҳо мавриди таъқиб қарор доштанд, ба Русия ва аз онҷо ба Эрон рафтааст.

Дар моҳи сентябри соли 2015 Додситонии кулл ҲНИТ-ро ҳизби мамнуъ ва террористӣ эълон кард.

Шоҳнаими Карими 57-сола зодаи минтақаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, чаҳор дафъа дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ аз ҷониби ҲНИТ номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Замони дар Тоҷикистон фаъолият кардани ҲНИТ Шоҳнаими Карим дар департаменти равобити хориҷии ин ҳизб ба сифати муовини раис ва сипас раиси ин департамент кор кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG