Раҳматилло Зоиров – раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – раҳбари намояндагии ин ҳизб дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамоновро барои ҳузур дар як ҷаласаи созмондодаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Варшава маҳкум кард ва суханронии ӯро “хатои ҷиддии сиёсиву идеологӣ” номид. Зоиров гуфт, ки ҳизби ӯ аз моҳи сентябри соли 2013 ба ин тараф бо ҲНИТ дар ҳеҷ шакл ҳамкорӣ надорад. Ин баёнияи Зоиров дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр шуд.
Азбаски ҲСДТ ӯро барои иштирок дар ин маърака муваззаф накардааст, ӯ метавонист танҳо аз номи худ иштирок ва суханронӣ кунад, на аз номи ҳизб.
Ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар як изҳороти катбиаш гуфт: "Иштибоҳҳои Шерзамонов" ба зудӣ дар шӯрои сиёсии ҳизб баррасӣ хоҳад шуд.
Алим Шерзамонов дар оғози ҳафтаи равон дар нишасти Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок ва дар ҷаласаи созмондодаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – “Аз истиқлол то истибдод” – низ суханронӣ кард. Дар ин нишаст Шерзамонов ба ҳайси муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ муаррифӣ шуд.
Аммо Раҳматилло Зоиров мегӯяд, Шерзамонов раҳбари намояндагии ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон аст, на муовини ӯ. "Дувум, ман ба унвони раҳбари ҲСДТ муҳтавои сӯҳбатҳои Алим Шерзамоновро барои роҳ додан ба чанд хатои ҷиддии сиёсӣ ва идеологӣ маҳкум мекунам", - навишт ӯ.
Зоиров аз он шикоят кардааст, ки Алим Шерзамонов ҳизби сотсиал-демократ, шахсан ӯро дар бораи иштирок дар ин маросим дар ҷараён нагузошт.
"Азбаски ҲСДТ ӯро барои иштирок дар ин маърака муваззаф накардааст, ӯ метавонист танҳо аз номи худ иштирок ва суханронӣ кунад, на аз номи ҳизб. Он тавре, ки Муҳиддин Кабирӣ эълон кард, масъули баргузории ҷаласаҳои Б ва В (дар ҳошияи нишасти САҲА) ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2013 ба ин тараф дар ягон шакл бо ҲНИТ ҳамкорӣ надорад”, - шарҳ додааст ӯ.
Раиси ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи комили иштирок ва суханронӣ дар нишастҳоро доранд, аммо гуфтааст, бояд қоидаҳои дохили созмон вайрон нашавад. Ӯ таъкид кардааст, "ин ҳаққи шумост. Баҳс кунед. Аз манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят намоед. Аммо қонун, қоида ва принсипҳои дохили созмонеро, ки узваш ҳастед, нақз накунед. Ҷомеаро ба иштибоҳ наадозед".
Зоҳиран Раҳматулло Зоиров ин изҳоротро аз хориҷа пахш кардааст, чунки бо сабаби набуди кор дар дохили Тоҷикистон солҳои охир дар хориҷа аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносии худ кор мекунад.
Рӯзи 15 сентябр Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт аз мавқеи раиси ҳизб ҳимоят мекунад ва ширкати Алим Шерзамонов дар нишастҳое, ки ҲНИТ дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава бидуни машварат бо раёсати ҳизб ташкил кардаст, дар Шурои сиёсии қарибулвуқуи ҳизб муҳокима хоҳад шуд. Ҳакимов гуфт, ки суханрониҳои Шерзамонов, ки аз номи ҲСДТ сурат гирифт, ғайри қобили қабул буд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “рафтори нодурусти Алим Шерзамонов дар хориҷи кишвар ба фаъолияти ҳизб таъсири манфӣ расонд”.
Вай гуфт, масъала ин аст, ки ҲСДТ на имрӯз ва на дар гузашта бо ҲНИТ ҳамкорӣ накардааст ва ҳеҷ умумияте бо он надорад: “Бубинед. фаъолияти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бо қарори Додгоҳи олӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ карда шуд ва аз ин ру, ҳеҷ иртибот бо ҳизби сотсиал-демократӣ надорад. Мо бо ҲНИТ иртибот дошта ҳам наметавонем, зеро ин ҳизб ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд надорад”.
То ҳол худи Алим Шерзамонов дар ин бора изҳори назар накардааст. Дар нишасти ҳошиягии ҲНИТ дар САҲА, ки 12 сентябр таҳти раёсати Муҳиддин Кабирӣ баргузор шуд, ҳукумати Тоҷикистон барои аз саҳна берун кардани ин ҳизб, зиндонӣ шудани ба қавли онҳо 200 узви созмонҳои сиёсӣ, маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ интиқод шуд. Яке аз ширкатдорони ин нишастҳо Алим Шерзамонов буд, ки солҳои охир дар хориҷа ба сар мебарад. Аз ин пеш, дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Дониш ва Иди Қурбон, ки ба 1 сентябр рост омаду мақомот ин рӯзро як рӯзи корӣ эълон карданд, сокинони Тоҷикистонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ "ба нофармонӣ" даъват кард.
Моҳе қабл дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Шерзамонов гуфт, ки дар шароити номусоиди сиёсӣ ва баъди аз саҳна рафтани ҲНИТ ҳизби онҳо (ҲСДТ) ҳам дигар наметавонад фаъолияти фарогиру ҳамаҷонибаи сиёсӣ дошта бошад. Вай пешниҳод карда буд, ки ҳизби сотсиал-демократ муваққатан фаъолияташро қатъ кунад.
Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узв яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст. Дар гузашта ҳама талошҳои ҳизб барои касби курсӣ дар порлумон бенатиҷа анҷомида, худи ҳизб дурустии натиҷаҳои интихоботро ҳамеша зери суол бурдааст.