Додгоҳе дар шаҳри Душанбе мехоҳад, як фурӯшгоҳи нимасохти дуошёнаро, ки мутааллиқ ба ҳамсари Бузургмеҳр Ёров будааст, ба фоидаи давлат мусодира кунад. Заррина Набиева – ҳамсари вакили маҳкумшуда ба 25 соли зиндон – гуфт, аз рӯйи қонунҳои кишвар ин тасмим ғалат аст ва аз додгоҳ хост, ки қарорашро бозбинӣ кунад.
Ҳамаи санадҳо дар пеши мо ҳаст. Шартнома миёни масъули ширкат ва Заррина Набиева ба имзо расидааст. Дар ин масъала ҳеҷ ҷои шак нест.
Мағоза дар як бинои даҳошёнаи ширкати “Мовароуннаҳр” дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт ҷой дорад ва ҳанӯз сохтмони он пурра ба анҷом нарасидааст. Заррина Набиева рӯзи 21-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мағоза мутааллиқи ӯст ва барои бунёдаш 20 ҳазор доллар пардохтааст.
Набиева мегӯяд, ду дафъа ба додгоҳи ноҳияи Сино ариза навишт, то аз иҷрои қарори мусодираи фурӯшгоҳ пешгирӣ кунад. Ҳуқуқшиносон низ мегӯянд, дар сурати воқеан моли Заррина Набиева будани ин мағоза ва ба хотири се фарзанди ноболиғаш бояд додгоҳ аз мусодираи он худдорӣ кунад. Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфт, аммо надоштани “паспорт ё шиносномаи техникии бино” исботи моликияти ӯ будани ин муассисаро мушкил кардааст. Додгоҳ мегӯяд, ин бино моли Бузургмеҳр Ёров аст ва бояд ба фоидаи давлат мусодира шавад.
Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад. Вале Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.
Ҳоло дар додгоҳ баррасии парвандаи дигари Бузургмеҳр Ёров аз рӯи моддаҳои “таҳқири оммавии президент” ва “қаллобӣ” ҷараён дорад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, ки ӯро ба 17 соли навбатии зиндон маҳкум кунад. Дар пайи ҳукмҳои аввали додгоҳии ӯ моликияти ин ҳуқуқшинос ба фоидаи давлат мусодира шудааст. Ҳамроҳ бо Ёров дар додгоҳ вакили дигари дифоъ Нуриддин Маҳкамов ҳам муҳокима ва ба 21 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Заррина Набиева мегӯяд, дар сохтмони даҳошёнаи ширкати “Мовароуннаҳр” Нуриддин Маҳкамов ҳам хона харида буд ва шояд “аз ин рӯ додгоҳ фикр мекунад, ки мағоза ба Бузургмеҳр Ёров тааллуқ дорад”. Раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, ки соли 2011 бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон муттаҳам шуд, боз 7 соли дигар бояд дар зиндон бимонад.
Бузургмеҳр Ёров ҳамчун вакили мудофеъ дар баҳсҳои амволи ин ширкат ва ҳамчун вакили “Мовароуннаҳр” иштирок кардааст. Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” Турабек Охунов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи санадҳои ин мағоза ба номи ҳамсари Бузургмеҳр Ёров Заррина Набиева сабт шудаанд ва ӯ барои ин мағоза дар ибтидо 20 ҳазор доллар пардохт карда буд.
“Ҳамаи санадҳо дар пеши мо ҳаст ва шартномаву дигар санадҳо миёни масъули ширкат ва Заррина Набиева ба имзо расидааст. Дар ин масъала ҳеҷ ҷои шак нест. Фардо субҳ Заррина Набиева барои мушаххас кардани санадҳо ба ширкати мо меояд ва мо нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро ба ӯ пешниҳод хоҳем кард”, - афзуд ӯ.
Ҳеҷ нафаре аз масъулини додгоҳ ё мақомоти дигар ҳозир нашуданд, ки ин қазия ва дурустии арзҳои шикоятии Набиеваро тасдиқ ё такзиб кунанд. Заррина Набиева мегӯяд, баъди маҳкум шудани ҳамсар ба ҷуз кораш дар Маҷлиси намояндагон даромади дигаре надорад ва умедвор аст, ки дар солҳои пушти панҷара будани ҳамсар аз ҳисоби фурӯшгоҳи нав метавонад се фарзанди ноболиғашро бузург кунад.
Юсуф Дониёров, як ҳуқуқшиноси мустақил мегуяд, дар аъмоли Набиева аз рӯи асноде, ки дар даст дорад, ҳеҷ қонуншикание роҳ наёфтааст. Вай гуфт, воқеан ҳам санадҳои мағоза дар бинои сохтмонии “Мовароуннаҳр” ба номи Зарина Набиева сабт шуда, маблағи онро аз кисаааш пардохт кардааст. Дониёров гуфт, “бар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон як харидори бовиҷдон мебошад, аз ин рӯ, додгоҳ бояд аз мусодира кардани ин амвол худдорӣ кунад”. Ӯ изҳори умед кард, ки мақомоти додгоҳӣ ин қазияро ҳамаҷониба бозбинӣ хоҳанд кард.
Тавре наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, баъди содир шудани ҳукми ӯ ин аввалин бор аст, ки масъулини додгоҳӣ ба мусодираи амволи ҳамсараш машғул шудаанд.