Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Омбудсмен: "Дар бадани Бузургмеҳр осоре аз латту кӯб нест"


Намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон гуфт, ки дар боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) бо вакили дифои маҳкумшуда ба 28 соли зиндон Бузургмеҳр Ёров мулоқот карда, бо вазъи саломатии ӯ ошно шудааст.

Ҳусниддин Нидоев, муовини Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мулоқот якуним соат дар утоқи раиси СИЗО-и рақами яки Вазорати адлия сурат гирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО рӯзи 28-уми сентябр барои нақзи тартибот ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) фиристода шуд ва 15 шабонарӯз дар онҷо нигаҳ дошта мешавад.

"Ман бо Бузургмеҳр Ёров муфассал сӯҳбат кардам, масъалаи латту кӯбу азият аз тарафи кормандони СИЗО-ро пурсидам. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ шикоят надорад ва ҳатто барои дилпуриам танашро ҳам хабар гирифтам. Осоре аз латту кӯб нест. Худаш гуфт, ки шикоят надорад. Гуфт, ки дар як камера барои шаш нафар ҳамроҳи чаҳор нафар меистад", - афзуд ӯ.

Ҳусниддин Нидоев дар посух ба ин суол, ки пас чаро ӯро ба картсер ё боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол додаанд, гуфт, "вай тартиботи дохилии СИЗО-ро вайрон кардааст. Дар сӯҳбат худи Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки дар ҳақиқат қоидаҳоро вайрон кардааст, дар СИЗО қоидаҳои беҳад бисёр ҳастанд. Бузургмеҳр изҳори нигаронӣ накард ва худаш гуфт, ки бар асоси қоида ӯро ба инҷо овардаанд".

Human Rights Watch: Ёров дар зиндон латукӯб шуд

Рӯзи 10 октябр бо пахши изҳороте созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар робита бо сарнавишти 150 зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон вокуниши сахттаре нишон диҳад. Ин созмон бо таъкид ба сиёсӣ будани парвандаи Ёров ва чанд ҳуқуқшиноси дигар гуфтааст, парвандаи онҳо дар додгоҳ ноодилона баррасӣ шудааст. Дар изҳороти худ Стив Свердлов, муҳаққиқи ин созмон дар умури Осиёи Марказӣ инчунин гуфтааст, ки чанд рӯзи пеш дар зиндон Бузургмеҳр Ёров шадидан латукӯб ва ба карсер ё ҳуҷраи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.

Изҳороти Human Rights Watch дар остонаи музокироти мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи башар пахш шуд, ки қарор аст 12 октябр дар Душанбе баргузор шавад. Созмони мудофеи ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд.

Стив Свердлов дар изҳороти худ инчунин аз сарнавишти вакилони дифои дигари зиндонӣ Шӯҳрат Қудратов ва Нуриддин Маҳкамов ҳам изҳори нигаронӣ карда ҳукмҳои онҳоро ноодилона хондааст.

Модар: Ба Бузургмеҳр ғизо бурдем

​Дар ҳамин ҳол, Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар тамос шуда, онҳоро аз вазъи Бузургмеҳр огоҳ карданд ва гуфтаанд, ки метавонанд барои ӯ ғизо баранд.

Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров.
Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров.

“Ман бовар накардам, ки барои вай ғизо бурдан мумкин бошад, чунки вақте ба карсер интиқол ёфт, ҳар боре ғизо мебурдем, пас мегардонданд. Дирӯз баъд аз ҳарфи ваколатдор ҳамроҳи ҳамсараш ғизову либоси гарм бурдем, қабул карданд ва ҳатто нозирони СИЗО гуфтанд, ки ғизо овардан мумкин аст."

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО рӯзи 28-уми сентябр барои нақзи тартибот ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) фиристода шуд. Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Бузургеҳр Ёров се бор қоида ё тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бино бар ҳамин, барои 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.

“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ дода будем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоридаи будубошро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам", - гуфта буд Садриддин Шарифзода.

Боздошт баъди омодагӣ ба ҳимояти ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ

Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ сентябри соли 2015 дастгир шуд, дар паи ду соли даъвоҳои судӣ дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад. Ахиран Бузургмеҳр Ёров барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор дониста шуд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид. Ёров тамоми иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG