Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонзода: "Агар мо кисагӣ бошем, чаро як дафтари корӣ намедиҳанд?" ВИДЕО


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ҳизби демократи Тоҷикистон тақрибан 15 ҳазор узвашро аз пардохти ҳаққи моҳона, ки ба як фоизи маоши онҳо баробар аст, озод кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон, рӯзи 3-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, то охири имсол дар сохтори раҳбарии ҳизб низ тағйирот сурат гирад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин баҳона ба пойи сӯҳбати Усмонзода нишаст ва аз ӯ дар бораи вазъи кунунии Тоҷикистон ва нигаронии созмонҳои байналмилалӣ аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои мардум низ пурсид.

Дар шароити душвори иқтисодӣ мо намехоҳем аз роҳи ситондани ҳаққи аъзогӣ хонаводаҳои ҷонибдоронамонро аз як кило гӯшт ё ду-се кило картошка маҳрум созем. Тамоми хароҷоти ҳизбиро аъзои раёсат аз ҳисоби шахсии худ пардохт мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода: “Ҳукумат ҳоло вазифадор аст, ки суботро таъмин кунад. Аммо ҳамзамон бояд адолати иҷтимоиро барпо намояд. Талаботи мардум вобаста ба рушди ҷомеа бояд таъмин карда шавад. Мо дар марҳилаи сохтмони кишвари демократӣ қарор дорем ва онро ба анҷом нарасонидем, яъне дар марҳилаи гузариш ба арзишҳои демократӣ ҳастем. Давлати демократиро дар 20 ё 30 сол намешавад сохт. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки барои сохтмони ҷомеаи комили демократӣ солҳои бештаре заруранд. Мо аз ҷомеаи коммунистӣ ба демократӣ мегузарем ва аз моликияти ҷамъиятӣ – ба хусусӣ.”

Усмонзода: "Мо ҳизби мухолиф ҳастем, аммо нестем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:29 0:00

Радиои Озодӣ: Барои бунёди ҷомеаи, ба қавли шумо, комили демократӣ чӣ қадар сол зарур аст?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Давраи гузариш на кам аз 50 сол мешавад. Бояд насле пайдо шавад, ки дар замони арзишҳои демократӣ таваллуд шуда, мехоҳад бо ҳамин арзишҳо зиндагӣ кунад.”

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки ин раванд дар кишвар як давлати худкомаро ба вуҷуд овардааст?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Вақте раҳбарии давлатро намояндаи ҳизби ҳоким бар ӯҳда дорад, бештаре аз мақомот намояндаи ҳамон ҳизб мешаванд. Ин мақомот бо шумули вакилон назари мардумро гӯш медиҳанд ва ба ҳукумат машварат медиҳанд. Вале муҳим ин аст, ки суботи ҷомеа таъмин бошад, адолати иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа аз мадди назар дур намонад. Дар муқоиса бо 20-25 соли гузашта дар Тоҷикистон суботу оромӣ ва адолати иҷтимоӣ таъмин аст. Аз лиҳози иқтисодӣ низ то андозае озодӣ вуҷуд дорад. Аммо мушкил дар он аст, бархе аз арзишҳои демократӣ бо арзишҳои исломӣ, ки пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистон бештаранд, мувофиқат намекунанд. Ҳатто дар мавриди пӯшиши либос, аз ҷумла сатр, табақаҳои мухталиф назари гуногун доранд. Агар яке чунин маҳдудиятро ҷонибдорӣ кунад, дигаре ин амалро таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ медонад. Бархеи дигар ба ном либоси аврупоӣ мепӯшанду аъзои бадани худро ба намоиш мегузоранд. Ин ҳарду ба фарҳанги мо мутобиқ нестанд. Вазифаи давлат ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ низ мебошад. Аммо бархе аз қишрҳои ҷомеа ба сабабҳои мухталиф аз чунин раванд эътироз мекунанд.”

Бояд иқрор шавем, ки имконоти давлат феълан дар ҳамин сатҳ аст. Бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла мудохилаи абарқудратҳо ва Афғонистони ҳамсоя имкониятҳо наметавонанд аз ин бештар бошанд.

Радиои Озодӣ: Пас, Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед, ки адолати иҷтимоӣ ва озодиҳои инсон қурбони суботу амният мешавад?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи баланд таъмин нест. Аммо бояд иқрор шавем, ки имконоти давлат феълан дар ҳамин сатҳ аст. Бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла мудохилаи абарқудратҳо ва Афғонистони ҳамсоя имкониятҳо наметавонанд аз ин бештар бошанд. Дар мавриди озодиҳои сиёсӣ мо мебинем, ки дар вебсайтҳои мухталиф мухолифон интиқоди зиёд мекунанд ва мақомот ба бархе аз ин навиштаҳо вокуниш нишон медиҳанд. Бархе аз мақомот ба ҷавобгарӣ низ кашида мешаванд. Аммо озодиҳои сиёсӣ озодие нест, ки як гурӯҳ ақидаҳои барои мардум бегонаро ба сараш бор кунад. Вақте чунин шахсиятҳо пайдо мешаванд, ҷомеа ноором мешавад. Дар ҷаҳон кишваре нест, ки тамоми хостҳои мардумро иҷро карда тавонад. Ҳатто дар Амрико чунин нест. Ҳоло мегӯянд, ки ҳукумат мухолифи ислом ва сатрпӯшӣ аст. Вале ин дуруст нест. Дар замони шӯравӣ дар ноҳияи Фархор ҳамагӣ 9 масҷид буд, ҳоло 99 масҷид вуҷуд дорад. Дар ҷомеа 100 дарсад аз президент наметавонанд розӣ бошанд, нафароне ҳастанд, ки эродҳое доранду мушкилиҳоро ошкор месозанд. Ин афрод дар оянда метавонанд ба зидди президент овоз диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки рушд бе мушкилот намешавад. Ин нукта ҳам бояд гуфта шавад, ки ҳарчанд Тоҷикистон кишвари демократист, мутаассифона, бархе аз сохторҳои давлатӣ ҳанӯз ба навҳаи сотсиалистӣ фаъолият мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Ҳизби демократи Тоҷикистон дар саргаҳи ҷунбиши истиқлолхоҳии тоҷикон қарор дошт ва раҳбарони гузаштаи ин ҳизб аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии ҷомеа дониста мешуданд. Аммо ҳоло Ҳизби деморатро як “ҳизби кисагӣ” ном мебаранд...

Саидҷаъфар Усмонзода: “Дар гузашта раҳбарони Ҳизби демократ вориди эътилофҳои сиёсие шуданд ва намедонистанд, ки он ба фоидаи ҳизб аст, ё на. Аз ҷумла, эътилофи Ҳизби демократ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштибоҳ буд. ҲНИТ, ки аз номи ислом ҳарф мезад, тавонист таваҷҷӯҳи бештари мардумро ба худ ҷалб созад ва дар натиҷа Ҳизби демократ аз тамоми имтиёзоти созишномаи сулҳи тоҷикон низ маҳрум шуд. Ҳоло мо талош дорем, ки дар шароити нави Тоҷикистон бо ақидаҳои такмилшудаи демократӣ фаъолият дошта бошем.”

Радиои Озодӣ: Аммо дар мавриди онки Ҳизби демократро ҳамчун “ҳизби кисагӣ” ном мебаранд чӣ мегӯед?

Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи соли 2015 вориди порлумон шуд
Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи соли 2015 вориди порлумон шуд

Саидҷаъфар Усмонзода: “Агар мо ҳизби кисагӣ бошем, пас, чаро касе фаъолияти моро сармоягузорӣ намекунад ва ҳатто бароямон ҳадди ақалл дафтари корӣ намедиҳад? Ман худ аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Фархор вакили порлумон интихоб шудам. Агар кисагӣ бошем, пас, бояд бароямон куллияи шароити кории хуб фароҳам бошад, аммо ин тавр нест.”

Радиои Озодӣ: Пас, Ҳизби демократ ҳанӯз ҳам ҳизби мухолиф аст?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Бале. Мо ҳизби мухолиф ҳастем, вале душман нестем. Мо бо дарназардошти шароити феълӣ ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа роҳҳои ҳалли дигареро машварат медиҳем. Яъне, мо фикри дигар дорем ва онро ба ҳукумат пешниҳод месозем. Ҳатто, дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ низоми дуҳизбӣ побарҷо шудааст ва агар яке ҳизби ҳоким шуд, дигарӣ ҳизби мухолиф мешавад. Муътақидам, ки агар дар ҷомеа ҳизбҳои мухолиф набошанд, кишвар рушд намекунад. Ин як шарти асосии инкишофи ҷомеа ва кишвар мебошад.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Усмонзода, ба назари Шумо, чаро ҳоло ҳизбҳои сиёсии кишвар дар масоили мухталиф расман изҳори назар намекунанд? Дар гузашта ҳизбҳои мухолиф пайваста дар мавриди мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баёнияҳо нашр карда, изҳори андеша мекарданд...

Саидҷаъфар Усмонзода: “Бар ин назарам, ки дар гузашта ҳизбҳои сиёсӣ ба хотири омилҳои берунӣ ба ҳар мушкиле дар Тоҷикистон баёнияҳо пахш мекарданд. Ҳоло сатҳи ҳизбҳои сиёсӣ тағйир ёфтааст ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз айбдоркунии беасос худдорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, бештаре аз ҳизбҳо дар порлумон намоянда доранд ва аз ин минбар истифода мекунанд. Зеро, ба порлумон ҳамаи аъзои ҳукумат даъват мешаванд ва мо имкон дорем масоили мавриди назари худро бо онҳо матраҳ созем. Дар гузашта ҳизбҳо ба ҳар баҳона ба раиси ҷумҳур муроҷиат мекарданд. Вале хубтар аст, ки ба сохтори мушаххас муроҷиат карда, мушкилро ҳал созем.”

Радиои Озодӣ: Ҳизби демократ дар чӣ вазъ қарор дорад ва барои солҳои оянда чӣ барнома дорад?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Ҳоло Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳазор узв дорад ва мехоҳем то охири соли ҷорӣ анҷумани ҳизбӣ баргузор кунем. Дар бахшҳои ҳизбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор мешаванд. Дар ин анҷуман барномаи нави ҳизбӣ қабул шуда, дар сохтори раҳбарият низ дигаргуниҳо мешаванд. Зимнан, мо тасмим гирифтем, ки ҳамаи аъзои худро аз пардохти ҳаққи аъзогӣ, ки тибқи оиннома 1 фоиз аз маош муайян шудааст, нагирем. Дар шароити душвори иқтисодӣ мо намехоҳем аз роҳи ситондани ҳаққи аъзогӣ хонаводаҳои ҷонибдоронамонро аз як кило гӯшт ё ду-се кило картошка маҳрум созем. Тамоми хароҷоти ҳизбиро аъзои раёсат аз ҳисоби шахсии худ пардохт мекунад.”

XS
SM
MD
LG