Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳати кудакони осебдидаҳои ҳамлаи "Крокус" дар Тошканд


Кудакони хонаводаи онҳое, ки дар натиҷаи ҳамла ба толори консертии “Крокус Ситӣ Ҳол” осеб дидаанд, дар осоишгоҳи кудаконаи "Анор"-и вилояти Тошканд истироҳат мекунанд.

Хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон хабар додааст, ки 100 кудак аз хонаводаи осебдидаҳо дар ҳамлаи мазкур дар осоишгоҳи "Анор" қарор дорад.

Дар маросими ифтитоҳи мавсими осоишгоҳ муовини сарвазири Узбекистон Зулайҳо Махкамова, вазири таҳсилоти томактабӣ ва мактабии ин кишвар Ҳилола Умарова ва муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Бахтиёр Маҳмадалиев иштирок кардаанд.

Қарор аст, кудакон ба дидани маконҳои таърихии шаҳри Самарқанди Узбекистон низ бираванд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” шоми 22 март рух дод ва дар он ҳодисаҳо 144 нафар кушта шуд. Як қисми онҳоро ҳамлагарон бо тири туфанг куштанд, вале аксарият дар натиҷаи сӯхтор ва нафасгир шуда ҷон доданд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи мамнӯи «Давлати Исломӣ» иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯёни он анҷом додаанд. Дар Ғарб ҳам ба ин иддао бовар мекунанд.

Бар асоси санадҳои додгоҳи ноҳияи Басманний, 1700 нафар ҷабрдидаи ҳодисаи ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG