Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддинро "ба ҳабс гирифт"


Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев
Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав ҳукми ҳабси Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ду фаъоли мухолифони давлати Тоҷикистонро баровард ва онҳоро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи ҷанги Украина гунаҳкор донист.

Ин ҳукм, ба навиштаи "Медизона», охири моҳи майи имсол баромад, танҳо ҳоло дастраси расонаҳо шуд.

Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат ва мамнуъ дар Тоҷикистон 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз моҳи августи соли гузашта мақомоти Русия ба модараш гуфтанд, ки нисбати ӯ парванда боз шудааст. Гадоев афзуд, ин ҳама ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ, бахусус тарафдориаш аз Украина рабт дорад.

“Чандин маротиба аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои таҳдидомез гирифтам, ки аз мавқеи Украина пуштибонӣ накунед, вагарна нисбати шумо парванда боз мешавад. Ҳатто таҳдид карданд, ки кормандони амниятӣ метавонанд дар Аврупо маро ба қатл расонанд. Ин парвандаи бозшуда пеш аз ҳама ба сафари ман ба Украина дар моҳи ноябри соли 2022 ва маҳкум кардани таҷовузи Русия рабт дорад. Инчунин дигар баромадҳои ман, ки дар онҳо аз мардуми Тоҷикистон даъват кардам, аз пайвастан ба артиши Русия ва рафтан ба ҷанги зидди Украина худдорӣ кунанд,”- афзуд Шарофиддин Гадоев.

Ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, парвандаи ҷиноӣ дар Русия шояд ба сафарҳои ӯ ба баъзе кишварҳо мушкил эҷод кунад, аммо “дар умум таъсире ба фаъолиятҳоии сиёсии ман надорад.”

Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин, аз фаъолони мухолифони давлат, ки дар Тоҷикистон ҳам парвандаи ҷиноӣ доранд, дар Аврупо паноҳҷӯ ҳастанд. Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси сомонаи “Ислоҳ” аст, ки аз сиёсатҳои ҳукумат ва мансабдорон сахт танқид мекунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар вокуниш ба ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин қарори додгоҳ шояд тарсондани муҳоҷирон аст, ки бо мухолифон тамос нагиранд. “Ман дар бораи қазияи Украина, таҳлили ҷанг ё пешрафти артиши Украина зиёд суҳбат надорам. Инҷо бештар мақомоти Тоҷикистон кӯмак кардаанд, ки номи моро шомил кунанд ва муҳоҷирон аз мо тарсанд. Дар ҳоле, ки мо танҳо аз муҳоҷирон ҳимоят кардем.”

Муассиси сомонаи “Ислоҳ” афзуд, қарори додгоҳе дар Русия ба фаъолияти ӯ таъсире надорад ва ба даъватҳояш барои нафиристодани тоҷикон ба ҷанги Украина идома хоҳад дод.

Мақомоти интизомии Русия дар гузашта даҳҳо тан аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар гузашта дастгир карда ва барои муҳокима ба Душанбе фиристодааст. Аз ҷумла Шарофиддин Гадоев соли 2019 зимни як сафараш дар Русия боздошт ва ба гуфтаи худаш дар шароити мармуз ба Тоҷикистон фиристода шуд. Дар давоми ду ҳафтаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупову ҳукумати Ҳолланд, Гадоев озод шуд ва ба Ҳолланд баргашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG