Бо эълони эътирофи истиқлоли Фаластин, Арманистон ба "вазъи фалокатбори башарӣ дар Ғазза ва даргирҳои давомдор" дар он кишвар ишора кард. Ин мавқеи Ереван на фақат ба низоъ дар Ховари Миёна, балки бештар ба душманиҳо дар худи Қафқоз рабт дорад.
“ДУШМАНИ ДУШМАНИ МАН...”
Исроил дер боз аз ҳампаймонҳои наздики Озарбойҷон - душмани Арманистон аст. Бо харидани нафти Озарбойҷон, Исроил хазинаи Бокуро пур мекунад. Озарбойҷон бо истифода аз аслиҳаи Исроил тавонист дар солҳои 2020-2023 қаламраверо, ки солҳои 90-ум аз даст дода буд, аз Арманистон пас бигирад. Ҳоло, ки Исроил дар пайи ҷанг бо Ғазза ба бунбасти байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст, Ереван ин фурсатро барои задани зарбаи ҷавобӣ истифода мекунад.
Ричорт Григосян, мудири Маркази таҳлилии “Таҳқиқоти минтақаӣ”, гуфт: “Маҳз сиёсати Исроил айбдор аст, ки Арманистон мавқеи пуштибониро аз Фаластин гирифтааст. Сабаб ҳам пуштибонии бесобиқаи низомии Исроил аз Озарбойҷон аст, ки дар муноқишаи зидди Арманистону Қаробоғи Кӯҳӣ Озарбойҷонро бо аслиҳа таъмин мекард.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Озарбойҷон ва Исроил бо истифода аз мантиқи "душмани душмани ман дӯсти ман аст" дарҳол ба эҷоди равобити наздик оғоз карданд. Дар ин маврид Эрон нақши "дӯсти ман"- ро дошт. Боку аз нуфузи эҳтимолии Эрон ба шиаҳои Озарбойҷон метарсад. Дар айни замон Теҳрон аз таъсири Озарбойҷон ба аҳолии озаритабори шимоли Эрон хавф дорад.
“Мисли Исроил, Озарбойҷон ҳам Эронро чун як таҳдиди аслӣ ва хатар ба амният медонад ва ҳамкории ду кишвар ҳам аз ин фаҳмиши муштарак бармеояд,” – гуфта шудааст дар як паёми дипломатии сафорати Амрико дар Боку соли 2009.
Бо ин ҳол ин робита аз ибтидо эҳтиёткорона буд. Дар паёми Иёлоти Муттаҳида аз президенти Озайрбойҷон, Илҳом Алиев, нақл шудаааст, ки онро ба “ғутях (айсберг)-е монанд кардааст, ки дар зери замин аст. Озарбойҷон бо тарс аз вокуниши кишварҳои арабӣ, ки Боку ҳангоми низоъ бо Арманистон аз онҳо умеди пуштибонӣ мекард, дар Исроил сафорат накушод.
Ин муносибат, равобити байни Исроилу Арманистонро сард кард. Исроил ҳамеша ба хотири халал ворид нашудан ба муносибаташ бо шарики озарбойҷонии худ ва Туркия аз наслкушӣ номидани куштори дастҷамъии арманҳо, ки замони империяи Усмонӣ сурат гирифта буд, худдорӣ мекард. Арманиҳо ин мавқеи давлатеро, ки дар пайи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиҳо ташкил шуда буд, риёкорӣ хонда, дар райъдиҳии Созмони Милал бобати Исроилу Фаластин аз фаластиниҳо пуштибонӣ карданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Арманистон Фаластинро ҳаргиз эътироф намекард ва ин ҳам натиҷаи сиёсати Ереван дар мавриди худдорӣ аз эътирофи Қаробоғи Кӯҳӣ буд. Давлате, ки амалан дар пайи ҷанги аввали Қаробоғи Кӯҳӣ соли 1990 дар ҳоле таъсис ёфт, ки музокирот барои Озарбойҷон бар сари ин қаламрав идома дошт.
Бо гузашти вақт, равобити Исроилу Озарбойҷон наздик шуд ва ин кишвар ҳарчӣ бештар ба аслиҳаи Исроил такя мекард. Дар солҳои 2018-2022 беш аз 9 дарсади аслиҳаи Исроил ба Озарбойҷон содир шудааст ва аз ин лиҳоз дар ҷаҳон баъд аз Ҳиндустон Озарбойҷон дар мавқеи дуюм қарор гирифт. Бо истифода аз аслиҳаи Исроил, аз ҷумла бесарнишинҳои ин кишвар, Озарбойҷон дар ҷанги дуюми Қаробоғи Кӯҳӣ соли 2022 муваффақ шуд.
Ин даргирӣ ҳам робитаи Озарбойҷон ва Исроилро босуръат наздик ва Арманистонро зидди Исроил кард. Равобити Арманистон бо Эрон, ки ваъдаи пуштибонӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Озарбойҷонро додааст, наздик шуд.
Ҳоло хашми арманиҳо ба Исроил афзоиш ёфтааст. Ягона каниса дар Ереван аз моҳи октябри соли 2023 то июн чаҳор маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти исроилӣ изҳор доштанд, ки ин ҳамла натиҷаи созиши ин кишвар барои ирсоли аслиҳа бо Озарбойҷон аст.
Ҷанг ҳамчунин сабаб шуд, то сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, расман эътироф кунад, ки Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон аст ва ба ин амал усули бетараф эътироф шудани қаламравҳои баҳсбарангезро вайрон кард. Аз cӯйи дигар, мавзеъгирии Арманистон ба маънии пайваста ба як ҷараёни умумӣ аст. Беш аз 140 кишвар, аз ҷумла ҳамсояҳои Арманистон ва аксар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ Фаластинро чун давлати мустақил ба расмият шинохтанд.
ПОСУХИ АРМАНӢ
Эътирофи Арманистон аз Фаластинро Туркия яке аз пуштибонҳои шадиди Фаластин аз муттаҳидони наздики Озарбойҷон ситоиш кард. Аммо тарафдорони Фаластин дар Туркия бо эътироз ба дафтари ширкати нафти Озарбойҷон ҳамла карданд. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар поёни мулоқоташ бо президенти Озарбойҷон гуфт, зимни ин дидор мавзӯи "таҷовузи Исроил дар Ғазза"-ро баррасӣ кардааст.
Вокуниши ҳукумати Озарбойҷон ва расонаҳои давлатӣ ба иқдоми Арманистон барои ба расмият шинохтани Фаластин маълум нест. "Дар маҷмуъ, Озарбойҷон, ки талоши ҳифзи равобитро бо Исроил дорад, дар муқобили вокунишҳои ҷаҳонӣ алайҳи ҳамлаи Исроил дар Ғазза дар ҳолати хеле ногувор қарор гирифтааст," – гуфт Шуҷоат Аҳмадзода, коршиноси мустақил дар Боку.
Ба қавли ӯ, дар миёни мардуми одии Озарбойҷон афроде зиёданд, ки бо фаластиниҳо ҳамдарданду пуштибонӣ мекунанд.
“Ман шахсан шоҳиди он будам, ки чӣ тавр аксаран мардуми тарафдори Исроил дар Озарбойҷон тайи моҳҳои охир зидди ин кишвар шуданд. Ҳоло ҳеч кас ошкоро Исроилро дастгирӣ намекунад. Дар ин мавзӯи ҳассос ман фикр мекунам, ки беҳтарин роҳи пешгирӣ аз пайёмаду асарҳо ин хомӯш ва ботаҳаммул буда аст," – афзуд Аҳмадзода.