Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маҳбусонро бо калтак мезананд". Шикояти фаластиниҳо аз рафтори Исроилиён


Зиндониёни фаластинӣ аз рафтори исроилиён шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Зиндониёни фаластинӣ аз рафтори исроилиён шикоят доранд

Аз оғози ҷанги “Ҳамос” ва Исроил дар Ғазза, мақомоти исроилӣ беш аз 15 ҳазор фаластиниро боздошт кардаанд. Боздоштшудаҳо аз Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ, минтақаи дигари фаластиннишин ҳастанд.

Фаластиниён мегӯянд, шароити зиндониён ваҳшатнок аст ва онҳо зери фишору шиканҷаи маъмурони исроилӣ қарор доранд. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, тибқи қонунҳои байналмилалӣ бо маҳбусон муносибат мекунанд.

Фаластиёниёне, ки аз зиндони Исроил раҳо шудаанд, мегӯянд, пас аз ҷанг дар Ғазза вазъи боздоштшудаҳо ваҳшатнок шудааст. Исроил ҳазорон фаластиниро бе ҳукми додгоҳ дар зиндон нигаҳ медорад.

Умар Осафи 74-сола бо гумони ҳамкорӣ бо “Ҳамос” дар Каронаи Бохтарӣ боздошт шуда буд. Пас аз шаш моҳи боздошт моҳи июн ӯро раҳо карданд. Ӯ шоҳиди бархурди бераҳмона дар зиндон будааст.

“Одамони боздоштшуда бо калтак латукӯб мешуданд. Ҳар рӯз нигаҳбонон бо саг вориди утоқҳои мо мешуданд ва гази ашковар сар медоданд. Ман метавонам номи зиндониёнеро ба шумо гӯям, ки латукӯб шудаанд. Бархеро ба ҳадде заданд, ки роҳ рафта наметавонистанд,» - гуфт, Умар Осаф

Абдуллоҳ Згарӣ, раиси созмони зиндониёни фаластинӣ мегӯяд, то оғози ҷанг 9400 зиндонӣ аз Каронаи Бохтарӣ ва тақрибан 5 ҳазор аз Ғазза дар зиндонҳои Исроил буданд. Бештари боздоштшудаҳо аз Ғазза дар зиндони СДЕ Теймен, наздики як пойгоҳи Исроил дар наздикии Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи зиндониёни раҳошуда, аксар вақт онҳо бо чашму дасти баста ҳастанд. Згарӣ мегӯяд, 46 зиндонӣ зери шиканҷа ҷон бохтаанд.

Абдуллоҳ Згарӣ, раиси Созмони зиндониёни фаластинӣ афзуд, “онҳо Салиби Сурхро намегузоранд, ки ба зиндон ворид шавад. Ҳамеша зиндониёнро мезананд, аксари онҳоро дасту пой ва сару руяшон шикастааст.”

Додситонии Исроил гуфтааст, ки 70 шикоят аз шиканҷа нисбат ба зиндониёни фаластиниро таҳқиқ мекунад. Ҳукумати Исроил вуҷуди шиканҷаи зиндониёнро рад мекунад.

Давид Менсер, сухангӯи ҳукумати Исроил мегӯяд, “Исроил бо зиндониёни фаластинӣ аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ рафтор мекунад. Ҳеч шиканҷае вуҷуд надорад ва то ҷое огоҳам, ҳеч нишонае аз шиканҷа нест. Мутаасифона, «Ҳамос» аст, ки асирони исроилиро ҳар рӯз шиканҷа мекунад.”

Пайвандони зиндониён бо нигаронӣ ба сар мебаранд, чун пас аз 7-уми октябри соли гузашта дигар ҳеч хабаре аз наздиконашон дар зиндонҳои Исроил надоранд.

Бародари Ридо ал-Ҳақ чор моҳ пеш нопадид шуд. Пайвандони ӯ то ҳафтаи пеш намедонистанд, ки Закарё куҷост. Танҳо ҳафтае хабараш аз зиндони Исроил расид. Ридо ал-Ҳақ мегӯяд, “ин барои модарам, ҳамсари бародараму кӯдаконаш дардовар аст. Тамоман намедонанд, ки ба ӯ чӣ шудааст. Онҳо пайваста ба ман занг мезананд, ки чизе дар борааш ёфтӣ?”

Фаластиниёни ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, аз тарҳи оташбас дар Ғазза, ки имкон медиҳад, асирони Исроил ва зиндониёни фаластинӣ озод шаванд, пуштибонӣ мекунанд. Тарҳе, ки зоҳиран ҳоло ба бунбаст расидааст.

Моҳи ноябри соли 2023 дар доираи оташбаси муваққатӣ миёни Исроил ва гуруҳи «Ҳамос» даҳҳо зиндонии фаластинӣ бо гаравгонҳои исроилӣ иваз шуданд. Вале бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оташбас ин таҷриба дигар такрор нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG