Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Саломов: Орзу дорам, сокинонро бо Азроил рӯбарӯ кунам


Ислом Саломов
Ислом Саломов

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо ҳунарпешаи шинохта Ислом Саломов, ки ба синни 75 расид.

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Ислом Саломов -- ҳунарпешаи маъруфи Тоҷикистон, ки ба синни 75 расида ва бештар аз панҷоҳ соли онро сарфи кор дар театр кардааст. Ӯ аз муассисони Театри тамошобини наврас дар Хуҷанд (ҳоло Театри давлатии ҷавонон) буда, беш аз 120 намоишномаро рӯи саҳна овардааст.

Озодӣ: Хонаводаи Шумо оилаи ҳунарварон аст. Ҳамсаратон Сайрам Исоева ва духтаратон - Саодат ҳунарпешаҳои кинову театранд. Ин ҳунар буд, ки оилаи Шуморо ба ҳам овард, ё чизи дигар?

Ислом Саломов: “Мо бо Сайрамхон тасодуфӣ ошно шудем. Соли 1960 ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳ бо як гурӯҳи актёрони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳи Ленинград фиристодам. Аммо он сол ба ин донишгоҳ аз Тоҷикистон донишҷӯ қабул накарданд ва ҳуҷҷатҳо ба Тошканд ирсол кардем. Ман Сайрам Исоеваро дар Тошканд дидам. Ӯ гуфт, ки ҳуҷҷатҳои маро аз Душанбе овардааст. Ҳамин тавр, ин аввалин вохӯриву шиносоӣ бо ҳамсари ояндаам буд. Мо ҳуҷҷатҳоро ба Донишгоҳи Осиёи Миёнагии театр ва кино дар Тошканд супоридем. Мо бо Сайрам Исоева тӯли 4 соли дар ҳамин донишгоҳ таҳсил кардем. Баъд аз хатми он қисмати худро ба якдигар пайвастем.”

“ХИЁНАТ НАКАРДЕМ”

Ҳамкори мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳангоми сӯҳбат бо Ислом Саломов
Ҳамкори мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳангоми сӯҳбат бо Ислом Саломов

Озодӣ: Зиндагии Шумо чанд давраро дарбар мегирад, аз ҷумла қирону заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва сахтиҳои рӯзгори солҳои 90-ум... Шумо ҳамчун як оилаи ҳунарвар чӣ рӯзгор ба сар мебурдед? Замоне ки ба таъбири Фирдавсӣ, “ҳунар хор шуда” буд?

Ислом Салимов: “Дар кадом ҳолат ва шароите, ки набуд, ману ҳамсар ва духтарам ба касби худ содиқ мондем. Ягон бор ба театр хиёнат накардем, ягон бор онро нафурӯхтем. Вақте ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, орд камёб ва нархи он хеле баланд буд. Ман ба пеши ҳокими онвақтаи вилояти Суғд - Қосимҷон Қосимов (ҳоло Қосими Раҳбар) рафта гуфтам, ки наход нархи як оилаи ҳунарманд ба як кило равған баробар бошад? Он вақт як меъёре муқаррар шуда буд, ки ба аҳли буҷа озуқа медоданд. Барои 1 кас 1 кило равғани растанӣ ва 5 кило орд дар як моҳ. Тасаввур кунед, ки як моҳ зиндагӣ карданамон лозим буд. Оилаи мо ҳам дар бисот пулу чизи зиёдатӣ надошт. Ҳатто ёдам ҳаст, дар давраи Шӯравӣ се навбат ба ман ҳамчун мукофот имтиёз доданд, ки бенавбат автомобил харам. Вале аз он ки пул надоштем, ин “мукофот”-ро рад мекардам. Хуб, баъд аз муроҷиати ман ба ҳоким рӯзи дигар ба театр орд ва равған оварданд. Аз ин сари ҳама аз шодӣ ба осмон расид. Ҳамин гуна рӯзҳои сахте буд, ки аз сар гузаронидем, вале тарки саҳна накардем.”

Ислом Саломов: «Мехоҳам инсонҳоро бо аҷал рӯ ба рӯ кунам!»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

ЗАМОНА ЧУНИН БОШАД?

Озодӣ: Боз чӣ хотире аз он рӯзҳо дар ёдатон нақш бастааст?

Ислом Саломов: “Як рӯз Сайрамхон аз бозори "Панҷшанбе" хеле андуҳгин ва банди фикру хаёл ба хона баргашт. Аз ҳолаш пурсидам, нақл кард, ки дар бозор зане фарзанди худро ба фурӯш баровардааст. Ӯ ба одамон гуфтааст, ки кӯдакашро нигоҳубин карда наметавонад ва ночор ӯро ба дасти каси дигаре доданист. Сайрам он занро назди масъулон бурда, бо ёрии онҳо ба хонаи бепарастон додааст. Мо ҳайрон будем, ки чӣ сахтие ба сари мардуми тоҷик омадааст, ки ҳатто модар розӣ аст аз кӯдаки худ даст кашад? Аз ин рӯзи сахттар нест барои инсон.”

ТАЪСИСИ ТЕАТРИ НАВРАСОН

Озодӣ: Оё ҳамин лаҳзаҳо буд, ки ба ёди таъсиси як театри нав барои бачаҳо ва ҷавонон биафтед?

Ислом Салимов: “Баъд аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам муддате дарҳои театр баста буд. Он замон ҷойи толорҳои театру киноро видеотолорҳо, ки одатан дар таҳхонаҳо мекушоданд, гирифта буд. Он замон нав аз хориҷа филм овардан муд шуда буд ва филмҳои фаҳш, дур аз одоб ва ахлоқи тоҷикон бисёр буданд. Ҳатто вақте сари дастархон телевизорро мемондед, занҳои урён дар оинаи шабакаҳои Русия пайдо мешуднд. Наметавонистед назди фарзандону наберагонатон, сари як як пиёла чой, телевизион тамошо кунед. Он вақт зиёд фикр мекардем барои ислоҳи вазъ чӣ аз дастамон меояд ва чӣ кор кунем. Ҳамин тавр, фикри таъсиси театр барои кӯдакону бачаҳо ба сарамон омад. Чунки агар он давра театр ҳам намоише ба саҳна мегузошт, барои калонсолон буд. Дар ҳамин гуна вазъ ман ҳамроҳи ҳампешаам - Сафо Ёдгорова бо мактуб ба ҳукумати вилоят бо пешниҳоди таъсиси як театри хос барои наврасон кардем. Дар давоми шаш моҳ 80 духтару писарро ба тариқи интихоб ба ин театри нав ҷалб кардем ва ба машқ сар кардем.”

ҚАСДИ РӮБАРӮ КАРДАН БО АЗРОИЛ

Озодӣ: Тӯли зиёда аз 50 соле, ки дар театр кор мекунед, ба чӣ ниятҳоятон расидед ва ҳоло дар дил боз чӣ мақсад доред?

Ислом Саломов: “Умуман, одамони эҷодкор ҳеч вақт серӣ надоранд. Доимо гуруснаи ҳунар, маънавиёт ҳастанд. Бовар кунед. Гуруснае, ки ташнаи фикру назарҳои нав аст. Ду рӯз дар беморхона бистарӣ шудам. Баъди ду рӯз аз духтур рухсат гирифта ба хонаву кор баргаштам. Чунки дигар аз бекор хоб рафтан безор шуда будам. Лекин дар ҳамон лаҳзаи суҳбат бо духтур дар сарам як мавзӯи аҷоибе омад. Бо аҷал, марг рӯ ба рӯ кардани инсон дар саҳна. Мисле ки Азроил назди ҷавону пиру одами мансабдору одӣ ҳозир шуда, як - як бо онҳо суҳбат кунад. Мехоҳам дар намоишҳоям нишон диҳам, ки инсон чӣ тавр худрову Азроилро фиреб додан мехоҳад. Масалан, пире дар дами вафот илтиҷо мекунад, ки ҷони ӯро ба сабаби соли оянда ба мактаб рафтани наберааш нагирад. Мехоҳам, ки хурсандии мактабхон шудани наберашро бубинад.Баъд - ман розӣ. Баъди 1 сол боз баҳонае дигар. Яке мегӯяд, медонӣ, ки маро дар як деҳа раис таъин карданӣ. Ман мехоҳам, ки шиками мардум сер шавад, ҳама ҷоро обод кунам. Пас аз ин, умри одаме, ки доимо илтиҷо мекунад, чанд сол умраш дароз мешавад, аз вафоти мӯйсафедон то марги кӯдаконро мебинад. Аз пеши назараш тобутҳо мегузаранд, лекин вай мурдан намехоҳад. Баъд вай ҳама ҷоро обод мекунад, зиндагияшро ҳам шоҳона мегузаронад. Аммо баъди чанде, чун давлат корҳои ӯро тафтиш мекунад, ба вайрон кардани қонунҳо ва ҷинояткорӣ гумонбар медонанд. Дар он ҳол инсон худаш аҷалро даъват мекунад, то ки ҷонашро гирад, аз қайди мушкилоти проблемаҳои инҷаҳонӣ раҳояш кунад. Аммо аҷал намеояд.”

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG