Онҳое, ки рӯзҳои рухсатии худро барои истироҳат дар фасли тобистон нигаҳ доштаанд, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳастанд, ки барномаҳои худро баробар бо шароити молиашон тарҳрезӣ мекунанд. Афроди пулдор, маъмулан ба Аврупо ва ҷазираҳои Амрикои Марказӣ мераванд, синфи миёна рӯзҳои офтобиро дар Туркияву Дубай ва Русияву Қирғизистон сипарӣ мекунанд, дороии аҳолии миёнаҳол бошад ба истироҳат дар осоишгоҳҳои дохили кишвар кифоят мекунад.
Аммо таври маъмул бахши умдаи мардум истироҳати тобистонаро барои анҷоми корҳои нимколаи худ сарф мекунанд. Баъзеҳо хона таъмир мекунанд, баъзеи дигар аз пайи табобат мешавад.
Танҳо қишре, ки аслан ё истироҳат надорад ва ё чӣ будани мавсими истироҳатро намедонад, мардуми деҳот аст. Махсусан занони деҳот, ки аксари онҳо на танҳо мавсим, балки рӯзи истироҳат надоранд. Рӯзи онҳо аз соати 5-и саҳар бо гову мол оғоз мешавад, сипас ба ҷӯякҳои обчакорӣ мекӯчад. Муроқибат аз фарзандон, пухтупаз ва шустушӯ аз корҳои хурду резаест, ки занҳои деҳотӣ онро кор ҳам намешуморанд.
Ҳабиба Абдуллоева, сокинони 63-солаи деҳаи Бобосурхони ноҳияи Ҳисор, соҳиби як боғи калон аст ва кор дар ин боғ тамоми се моҳи тобистонашро фурӯ мебарад. Абдуллоева на боре ба театр рафтааст ва на соҳили баҳрро бо чашм дидааст. Ӯ як зарра ҳам парво надорад, ки ин ҳамаро надидааст ва худро инсони хушбахт медонад. Хушбахтии зиндагӣ барояш будан дар ҳалқаи фарзанду наберагон аст. Ӯ рӯзона дар замину боғу ошхонаву оғил машғули кор аст ва шабона сериалҳои туркиву тоҷикӣ тамошо мекунад.