Оё дар Русия дар қиёс ба дигар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муҳоҷирони тоҷик бештар зери фишору азият қарор доранд?
Ҳамсуҳбатони "Радиои Озодӣ" ба масъалаи мизони ранҷу зарари сиёсати нави муҳоҷирати Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қиёс ба муҳоҷирони дигар баҳои монанд надоранд. Аммо, таъкид мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷик бо чандин далел дар ҷойгоҳи осебпазиртаре қарор гирифтанд.
Алишер, муҳоҷири 52 солаи тоҷик ба тозагӣ аз муҳоҷират дар Русия баргаштааст. Ӯ 25 соли ҳаёташро дар шаҳрҳои калони ин кишвар ба ҳайси дуредгар гузаронидааст. Ҳоло талош дорад дар Тоҷикисон бимонад. "Бо пули кор дар Русия фарзандонамро ба воя расонидам. Ҳама хонадор шудаву ба кумаки ман ниёз надоранд. Синни ман ҳам дигар тавони кор кардан мисли солҳои қаблро надорад. Зиндагӣ дар Русия ҳам мисли пештара осон нест. Пул кор кардан низ ба далели нархи поини рубл душвор аст,"--гуфт Алишер.
Ин муҳоҷири тоҷик Русияро дар авҷи маҳдудиятҳои бесобиқаи қонунӣ ва дар пасманзари тағйири сиёсати муҳоҷират ва мавҷи бегонаҳаросӣ дар пасманзари ҳамлаи маргталабонаи "Крокус сити" дар моҳи марти соли 2024 тарк кард.
Чанд шаҳрванди Тоҷикистон зарар диданд?
Моҳи сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки беш аз ду миллион муҳоҷир ин кишварро тарк кардааст. Пойгоҳи хабарии "Важные истории" хабар дод, ки дар тӯли 6 моҳи охири соли ҷорӣ додгоҳҳои Русия ҳукми хориҷ кардани 86 ҳазор одамро содир кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, аз Русия дар ним соли аввал беш аз 17 ҳазор шаҳрванди ин кишвар хориҷ шудааст. Дар феҳристи нашршудаи Русия беш аз 120 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки барои нақзи қонунгузориҳои муҳоҷират гумонбаранд. Дар сурати то 5-уми феврали соли дигар ин афрод худашрон қонунӣ сабти ном накунанд, онҳо дар феҳристе қарор мегиранд, ки бидуни ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Русия хориҷ мешаванд. Бо вуҷуди ин, теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикисон, ки дар пасманзари корзори зиддимуҳоҷират баргаштанд ва ҳам депорт шуданд, мушаххас нест. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба далели равиши шуморидани онҳо ва афзоиши сареъи афроди соҳиби шаҳрвандии Русия миёни ин ду кишвар ба унвони савол боқӣ мемонад.
Галия Иброҳимова, рӯзноманигори мустақил мегӯяд, барои Русия тамоман фарқ нест, ки муҳоҷир ба кадом давлат тааллуқ дорад ва ин корзор ба сиёсати дохилии ин кишвар рабт дорад. “Ҳадаф ин аст, ки бар мардум нишон диҳанд, чӣ гуна мақомот бо душмани дохилӣ меҷангад ва муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамчун душман интихоб шудаанд,”-- мегӯяд Иброҳимова.
Тоҷикистониҳо осебпазиртаранд?
Ба ҳар ҳол, муҳоҷирони тоҷик тақрибан ҳар рӯз бо шикоят аз табъизи нерӯҳои амниятии Русия дар расонаҳо зоҳир мешаванд ва мақомоти Тоҷикистон бо баёнияҳое дар сатҳҳои мухталиф фаъолияти бесобиқае дар ҳимоят аз онҳо нишон медиҳанд.
Фарҳод Одинаев, фаъоли мухолиф ва муҳоҷири пешин мегӯяд, "дар Русия алайҳи ҳама корзори муҳоҷирсититезӣ рӯи кор аст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби нақзи ҳуқуқашон бештар осебпазиранд." Мақомдорони Узбекистон ва Қирғизистон роҳкорҳои мавҷуди муносиботи давлатиро барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ нисбат ба ҳамтоёни Тоҷикистон моҳиронатар истифода мекунанд,”-- таъкид мекунад Одинаев.
Рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки масъалаи муҳоҷиронро пӯшиш медиҳад, бо шарти ифшо нашудани номаш (ба далоили амниятӣ) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ назари монанд изҳор кард. “Мақомҳои кишвар дар тӯли як соли гузашта талош кардаанд аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дифоъ кунанд, аммо ба таври куллӣ худи онҳо далели чеҳраи бади шаҳрвандони худ шудаанд. Аз як сӯ, маҳдудиятҳои динӣ ва сиёсӣ боиси ифротишавӣ шудааст ва аз сӯе ҳам афроди зиёдеро дар дохили кишвар бо ифротгароӣ муттаҳам карданд. Ин ба мақомот иҷоза дод, ки хушунатро дар кишвар машрӯъият бахшанд ва ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ тоҷиконро дар даст задан ба ҷиноятҳои бузург ба осонӣ муттаҳам мекунанд,”--мегӯяд рӯзноманигор.
Тасвири бад
Дар тӯли ду сол номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ду ҳамлаи маргталабонаи Русия, се ҳамла дар Эрон, омодагӣ ба инфиҷор дар кишварҳои Туркия, Олмон, Утриш ва Ҳолланд расонаӣ шуд. Муҳаммад Яқуб Муҷоҳид, вазири дифои ҳукумати Толибон моҳи январи соли ҷорӣ дар як баёния гуфт, ки дар ду соли ахир дар амалҳои террористӣ бештар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон ҷалб будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо руҳониёни тоҷик эътироф кард, ки дар тӯли се сол 24 шаҳрванди кишвар даст ба амалҳои террористӣ задаанд ва ё дар омода кардани онҳо дар даҳҳо кишвар гумонбар шудаанд.
Дар моҳи июни имсол 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико бо гумони робита бо ДОИШ боздошт шуданд, ки ҳафт нафари онҳо баъдан депорт шуданд, вале узвияти онҳо дар ин ташкилоти террористӣ муайян нашуд.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Украина барои 14 сол зиндонӣ кард ва дар Косово шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба гумони ҷосусӣ барои Русия боздошт карданд.
Мақомоти Тоҷикистон ошкоро дар бораи иттиҳомот алайҳи шаҳрвандони худ изҳори назар накарданд.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфаронси байналмилалии мубориза бо терроризм рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки Тоҷикстон дар байни муваффақиятҳои дигари муҳим пешрафтҳоеро дар ҷиҳати беҳбуди роҳкорҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва тундгароӣ доштааст, ки нақши ҷомеаи маданӣ дар ин раванд хеле муҳим аст. Аммо, чӣ тавр ин муваффақиятро дар амал бояд санҷид, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нагуфт.
Гуфтугӯ