Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Хоманаӣ: Масъулин дар ҳоли омодасозии посух ба Исроил ҳастанд


Алии Лориҷонӣ, мушовири баландпояи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, масъулини низомӣ ва сиёсии Эрон дар ҳоли омодасозии посух ба Исроил ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир роҳҳои мухталиф ва шеваи чи гуна амал карданро баррасӣ мекунанд.

Ӯ дар гуфтугӯе, ки хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ онро рӯзи 24-уми ноябр нашр кард, гуфт, ҷузъиёти ин посух бинобар он, ки ба "амнияти миллӣ" вобаста аст, ҳоло расонаӣ намешавад.

Пас аз ҳамлаи Исроил ба марказҳои низомии Эрон дар рӯзи 26-уми октябр, масъулини Ҷумҳурии исломӣ борҳо суҳбат аз посух ба ин ҳамла ва иҷрои амалиёти "Ваъдаи содиқ 3", додаанд.

Эрон рӯзҳои 14 апрел ва 1-уми октябри имсол дар посух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ ва кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари "Ҳамос" дар Теҳрон ва Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар Бейрут, бо паҳбодҳо ва мушакаҳо ба таври мустақим ба хоки Исроил ҳамла кард.

Чанд рӯз пеш Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, эълон кард, ки Ҷумҳурии исломӣ қасд дорад ба ҳамлаи ҳавоии Исроил ба хоки Эрон "посухи қотеъ" бидиҳад.

Пеш аз ӯ, раиси ҷумҳур, вазири корҳои хориҷӣ ва фармондеҳони баландпояи низомии Эрон низ Исроилро таҳдид ба посух карда буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил чанд рӯз пеш дар паёме видеоӣ хитоб ба мардуми Эрон ҳушдор дод, ки агар Ҷумҳурии исломӣ барои бори севум ба ин кишвар ҳамла кунад, иқтисодаш фалаҷ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин иддао кард, ки Исроил дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр бахше аз барномаи ҳастаии Эрон ва системаи дифоии S-300-и ин кишварро нобуд кард.

Алии Лориҷонӣ дар бахше дигар аз гуфтугӯи худ дар бораи ба қудрат расидани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА ва "бозтар шудани дасти Исроил" гуфт, ки бояд дид, оё Амрикои даврони Трамп манфиатҳои худро дар идомаи рафтори демократҳо мебинад, "ки минтақаро ба ба мушкил рӯбарӯ карданд" ё инки мехоҳанд "чархише мутобиқ бо манфиатҳои миллии Амрико" дошта бошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG