Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки аксари онро дар дохили кишвар сӯзондаанд.
Наталя Идрисова, ки даҳ сол ба инҷониб мушкилоти зистмуҳитии Тоҷикистонро меомӯзад, гуфт, дуди сиёҳе, ки аз гушаву канори шаҳру деҳот ба осмон боло мешавад, пайомади хуб надорад. Ӯ аз афзоиши корхонаҳои истеҳсоли ангишт танқид кард, ки кишварро аз роҳи расидан ба иқтисоди сабз ва афзоиши ҷойҳои нави корӣ дур мекунад.
“Албатта, мо ба сармоягузориҳои Чин вобастаем ва онҳо ба таври фаъол тавлидоти касифи худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба гузариш ба иқтисоди сабз, ки мо мехоҳем, ба зудӣ, ҳамвор ва одилона нахоҳад буд. Аммо муҳимтар аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки гузариш ба иқтисоди сабз пеш аз ҳама тасмими иродаи сиёсии давлати мо буд ва ин тасмимро дар сатҳи байналмилалӣ бо имзои як созишномаи байналмилалӣ тасдиқ кардааст,”—гуфт Наталя Идрисова.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Дар ҳоле, ки саноатҳои азими ҷаҳон тадриҷан аз истифодаи ангишт даст мекашанду ба навъҳои модерну камзиёни васоили энержӣ рӯ меоранд, дар Тоҷикистон тамоюли баръакс аст. Истихроҷи ин сӯзишворӣ ба бештар аз 2 миллион тонна расидааст, ки дар соли 2023 танҳо 7 дасади он ба хориҷа содир шуда, боқӣ дар дохили кишвар истифода шудааст. Танҳо талаботи "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душнбе ба ангишт ҳудуди як миллион тонна аст. Даҳҳо корхонаи дигари истеҳсолӣ низ фаровон аз ин намуди сӯзишвории олудакунандаи муҳити зист истифода мебаранд.
Дар Институти иқтисод ва демографияи Академияи улум гуфтанд, Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки бо назардошти гузариш ба иқтисоди сабз истихроҷу истифодаи ангиштро кам кунад, вале даст ёфтан ба чунин кор дар солҳои наздик осон нахоҳад буд, зеро феълан ангишт яке аз манобеи асосӣ аст.
Камол Обидов, корманди Институти иқтисод ва демографияи Академияи улум дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон тадриҷан ба иқтисоди сабз мегузарад. "Аз ин рӯ стратегия то соли 2037 пешбинӣ шудааст. Яъне чунин раванде, ки фардо бояд аз ангишт даст кашем, ғайриимкон аст. Мо онро истифода мебарем, вале бояд технологияи навро барои полоишу кам кардани зарари он ҷорӣ созем. Бо мурури замон, албатта ба энергияи офтобӣ мегузарем. Инҳо барои Тоҷикистон манобеъи бузург ҳастанд, бахусус аз он ки фановариҳои нав ба ин батареяҳо имкон додаанд, кор кунанд, аммо боз мегӯям, ки ин як раванди тулонист.
Рӯшан нест, Тоҷикистон барои ҳалли мушкил дар баробари гузариш ба иқтисодӣ сабз чӣ дурнамое дорад. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Вуҷуди чунин мушкил дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои сатҳи байнулмилалӣ дар мавриди талоши кишвар барои даст ёфтан ба иқтисоди сабз то соли 2037 суҳбат кардааст.
Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон барои мутобиқсозии кишвар ба тағйири иқлим ва гузариш ба иқтисоди “сабз” ба 96 миллиард доллар ниёз доштааст. Баъзе аз созмону ниҳодҳои молӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоӣ, Оҷонси Амрико дар мавриди рушди байнулмилалӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои вобаста ба рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Мақомот дақиқ намегӯянд, ки чӣ қадар пул дарёфт кардаанд ва харҷи маблағҳо то куҷо дурусту шаффоф сурат гирифтааст.