Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеботарин, баландтарин ва... бузургтаринҳои Тоҷикистон


Тарҳи сохтмони театри миллии Тоҷикистон
Тарҳи сохтмони театри миллии Тоҷикистон

Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои ҷаҳон сохтмони театри 100 миллиондолларии Тоҷикистонро ба баҳс гирифта, аз харҷи ин миқдор пули буҷа дар вазъи бӯҳронӣ изҳори тааҷҷуб кардаанд.

Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои ҷаҳон сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро ба баҳс гирифта, аз қасди Душанбе барои харҷи 100 миллион доллари буҷа дар бунёди ин бинои, ба гуфтаи масъулон зеботарин, изҳори тааҷҷуб кардаанд. Аммо Тоҷикистон зоҳиран сар доданӣ ҳасту домони сохтмони бузургтарин ва зеботарин иншоот дар минтақаро сар доданӣ нест.

Торнамои "Евразиянет" навишт, ин тасмими Тоҷикистон дар ҳолест, ки буҷаи кишвар бештар бо ёрии берунӣ ба пой рост меистад ва ҳоло дар вазъи начандон хуб қарор дорад. Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кард, дар панҷ соли охир нақшаи буҷа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷро нашудааст.

Нашрияи "Guardian"​, чопи Бритониё, низ мегӯяд, аз соли 2010 то 2014 Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз буҷаи Тоҷикистон 55 миллион доллар кумак карда, имсол ваъда додааст, 20 миллиони дигар медиҳад. Ин нашрия мегӯяд, ҳоло маълум нест агар ин театри зеботарини Осиёи

Театри Лоҳутӣ
Театри Лоҳутӣ

Марказӣ ба қимати 680 миллион сомонӣ, баробар ба 100 миллион доллар, ҳам сохта шавад, оё барои худ тамошобин хоҳад ёфт, ё на? Дар ҳоле ки хазинадори театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе гуфтааст, дар толори онҳо 500 ҷои нишаст ҳаст, аммо ҳангоми намоишномаҳо аксарашон холӣ мемонанд.

Сохтмони бинои театри миллии Тоҷикистон 17 марти соли ҷорӣ дар паҳлӯи осорхона ва боғи парчами миллӣ оғоз шуд, баландияш 34,5 метр буда, бар асоси лоиҳа, аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мебошад. Толори асосии он 2 ҳазору 500 ҷойи нишаст дорад ва ахиран парлумон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба буҷаи давлатии соли 2015, фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони "Театри миллӣ"-ро аз андози арзиши иловашуда, роҳҳои истифодабарии автомобилҳо ва андоз аз фоида озод кард. Ин тарҳ дар тӯли панҷ соли оянда амалӣ хоҳад шуд.

Раҷаби Мирзо -- таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чунин сохтмонҳо барои як кишвар чизи бад нест, "аммо савол ин аст, ки онро кай ва барои чӣ месозанд?" Ба саволи аввал, ки "кай як кишвар бояд чунин сохтмонҳоро ба худ иҷозат бидиҳад?" Раҷаби Мирзо гуфт: "Тоҷикистон на дар ҳолате қарор дорад, ки танҳо дар бораи гигантомания фикр кунад, чун

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

аксари шаҳрвандони қобили кораш дар ватани худ ҷои кор намеёбанд. Фикр накунам ҳукумат инро намедонад. Пас, чаро дидаву дониста чунин мекунад?"

Ин таҳлилгари тоҷик афзуд, "шояд ҳукумат ба хотири аз рашк сӯзондани кадом ба истилоҳ душманаш ин корҳоро анҷом медиҳад, ё рисолати худро дар ҳамин дидааст."

Шералӣ Абдулқайсов – ҳунарпешаи маъруфи театр мегӯяд, бисёриҳо дар мавриди сохтмони бузургтарин ва зеботарин театри миллии Тоҷикистон мақоли "нони хӯрдан надорему..."-ро ба забон меоранд, ки асос надорад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "шикамро низ маърифат, фарҳанг, илму дониш пур мекунад. Банда фалсафаи қашшоқиро дар қашшоқии фалсафа мебинам. Одам аз лиҳози маънавиёт ҳар қадар ғофил бимонад, ҳамон андоза ба нестиву марг мубтало мегардад."

Аммо ин бори аввал нест, ки Тоҷикистон ба сохтмони бузургтарин ва ё баландтарин иншоот дар кишвар даст мезанад ва ин тарҳҳо ҳамеша тарафдорону мухолифони худро доштаанд. Агар аввалиҳо ба ин фикранд, ки чунин иншоот ба нафъи сокинон аст ва ҳадди ақалл ба

ёдгор мемонад, дувумиҳо мегӯянд, то замоне коргоҳҳо сохта нашавад, бузургтарин китобхонаву театр ва ё ҳар бинои дигар ба дард нахоҳанд хӯрд, ҷуз барои сайру тамошо.

Тоҷикистон соли 2010 баландтарин сутуни парчамро дар пойтахти кишвар сохт, ки 163 метр баландӣ дошта, ба китоби Рекордҳои Гиннес ҳам ворид шудааст. Ҳоло ин тарҳ баъд аз эълони Арабистони Саудӣ дар мавриди сохтмони баландтарин пояи парчам дар ҷаҳон зери соя рафтааст.

Соли 2011 Тоҷикистон бузургтарин китобхона дар минтақаи Осиёи Марказиро низ сохта, ба истифода дод, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Баъдан дар соли 2013 мақомоти Душанбе бузургтарин осорхонаи миллиро ба истифода доданд.

Бузуртарин чойхона, ки дар аввал бо номи "Чойхонаи миллӣ" ёд мешуд ва баъдан ба "Кохи Наврӯз" табдил ёфт, моҳи сентябри соли 2014, дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба

истифода дода шуд. Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо зиёиён дар моҳи марти соли ҷорӣ дар толори ин бино гуфт, "Кохи Наврӯз" на аз ҳисоби буҷа, балки аз ҳисоби бахши хусусӣ бунёд ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло сохтмони бузургтарин масҷид дар пойтахти кишвар ҳам идома дорад, ки бо 70 миллион доллар сармояи Қатар ва бо 30 миллион доллар пули Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Сохтмони ин масҷид соли 2011 оғоз гардида, мақомот гуфта буданд, дар тӯли 3-4 сол корҳояш анҷом меёбад. Вале дар ин байн корҳои сохтмони бинои масҷиди бузургтарин, ки дар як вақт барои намозгузории беш аз 100 ҳазор нафар шароит фароҳам мекунад, қатъ шуда, баъдан дубора аз сар гирифта шуд.

Вале танҳо ҳукумати Тоҷикистон нест, ки ба сохтмони иншооти бузург сари кор мегирад. Ҳукумати шаҳри Душанбе низ соли гузашта маркази бузурги савдои "Пойтахт 90"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки харҷи сохтмонаш ба 40 миллион доллар баробар буда, аз буҷаи шаҳрдорӣ пардохт шудааст.

XS
SM
MD
LG