Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси Барқи тоҷик: "Касе аз касе қарздор намемонад"


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе
Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Ҷамшед Бобоев, муовини раиси "Барқи тоҷик", дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз фурӯши барқ ба Афғонистон то лимит дар кишвар ва қарзи ширкати онҳо дар назди "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" гуфт.

Эълони лағви лимити нерӯи барқ барои сокинон дар рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ бисёриҳоро ҳайратзада кардааст. Агар иддае онро "бозии навбатӣ" дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март гӯянд, иддае дигар ба ин назаранд, ки шояд Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ даст ёфта, батамом бо лимит худоҳофизӣ карданист.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар мусоҳибае, ки бо Ҷамшед Бобоев - муовини якуми раиси ширкати “Барқи тоҷик” дошт, нахуст пурсид, оё воқеан ҳам заминаҳои таъмини аҳолӣ бо барқи доимӣ баъд аз 27 феврал ба вуҷуд омадааст?

Бобоев: "Бале, чунин имконият тавассути зина ба зина амалӣ шудани сиёсати энергетикии ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ имсол ба мо даст дод. Ин ҷо чанд омил ҳаст: дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи обӣ, яъне “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, зиёда аз 300 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд. Нерӯгоҳҳои мавҷуда таҷдиду таъмир шуданд. Соли гузашта навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истифода дода

Ҷамшед Бобоев, муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик"
Ҷамшед Бобоев, муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик"

шуд. Бунёди хатти интиқоли барқи "Душанбе-500”, навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, таъмири чархаҳои агрегатҳо, оғози бунёди хатти интиқоли барқи Қайроққум-Ашт аз дастовардҳое буданд, ки энергетикҳои тоҷик ба онҳо ноил гардиданд. Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони Шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст. Истифода аз лампаҳои каммасраф боиси он гардид, ки дар кишвар дар давраи норасоии нерӯи барқ то як миллиард кВт соат нерӯи барқ сарфа гардад. Аз дигар тараф, имсол зимистон нисбатан нарму муътадил омад, ки инро низ наметавон нодида гирифт."

Озодӣ: Агар мо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дар назар нагирем, дар оянда боз чӣ нақшаҳо ҳаст? Оё дар минтақаҳо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна низ идома меёбанд?

Бобоев: "Мутобиқи ҳисоби мутахассисон, захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо дар як сол 527 миллиард киловатт соат нерӯи барқро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар дунё ҷои 85-ум, вале аз рӯи захираҳои потенсиалии барқи обӣ баъд аз Хитой, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ҷои 8-умро ишғол менамояд. Дар Осиёи Марказӣ аз рӯи ин нишондод кишвари мо дар ҷои аввал меистад. Вале аз ин захираи бузург ҳамагӣ се-чор фоизаш истифода мегардад. Бинобар ин, ба ғайр аз нерӯгоҳи Роғун дар дарёҳои Вахш ва дарёҳои болооби он, дар дарёи Зарафшон ва дарёи Панҷ имконияти бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ мавҷуданд, ки баъзеи онҳо лоиҳасозӣ шудаанд ва дар оянда амалӣ хоханд гашт. Аз захираи азими энергетикии Тоҷикистон на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа метавонад манфиат бинад. Дар як худи минтақаи Осиёи Марказӣ алҳол соле то 130 миллиард кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад. Аз рӯи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин минтақа баъд аз даҳ сол ба 180 миллиард кВт соат ва баъд аз 15 сол ба 206 миллиард кВт соат нерӯи барқ эҳтиёҷ пайдо мегардад. Дар ин кор Тоҷикистон, ки захираи солонаи гидроэнергетикии он 527 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад, метавонад нақши калонеро соҳиб гардад. Аз ин захираи муътамад агар даҳ фоизаш ҳам мавриди истифода қарор гирад, кишвари мо метавонад ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагии халқи худро пурра бо нерӯи барқ таъмин намояд ва ҳам соле ба миқдори зиёд нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳад."

Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон минтақаҳое ҳам буданд, ки зимистон тамоми шабонарӯз бо барқ таъмин буданд?

Бобоев: "Дар солҳои истиқлоли давлатӣ иқтидори энергетикии кишвари мо 1020 мегаватт зиёд шуд. Вале шумораи аҳолии кишвар ҳам хеле афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, садҳо ҳазор манзилҳои истиқоматии нав бунёд шуданд ва фақат дар давоми солҳои

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо бунёди "Роғун" мушкилоти энергетикии кишвар ҳал мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо бунёди "Роғун" мушкилоти энергетикии кишвар ҳал мешавад.

2013-2014 ду миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шуд ва 17 320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд ва ин ҳама истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро тақозо дорад. Вале давраи маҳдудият кам гашт ва шаҳри Душанбе, марказҳои вилоято ва шаҳракҳо, корхонаҳои саноатӣ пурра бо барқ таъмин буданд."

Озодӣ: Баъзе шаҳрвандон дар гузашта шикоят мекарданд, ки агар пули истифодаи барқро дар вақташ пардохт накунанд, яъне агар ду-се рӯз гузарад, кормандони идораи барқ меоянду барқи онҳоро қатъ мекунанд. Ҳоло ҳам ҳамин кор идома дорад ё ба онҳо барои пардохти ҳаққи барқ вақти муайян дода мешавад?

Бобоев: "Барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ доим вақти муайян дода мешавад ва воқеае рӯй надодааст, ки муштарӣ бе огоҳии пешакӣ аз истифодаи барқ маҳрум гардад. Ҳоло дар шаҳри Душанбе технологияи пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз рӯи реҷаи он-лайн амалӣ гаштааст, ки муштариён метавонад ҳатто бе иштироки нозиру назоратчӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт намоянд. Ин технологияи муосир дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ амалӣ мешаванд."

Озодӣ: Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллион квт соат бештар нерӯи барқ ба Афғонистон додааст. Умуман, ҳоло интиқоли барқ ба ин кишвар дар чӣ сатҳ аст?

Бобоев: "Мо ба Афғонистон дар фасли тобистон бе ягон маҳдудият барқ интиқол медиҳем, чунки дар ин давра барқи зиёдатӣ дорем. Дар фаслҳои норасоии нерӯи барқ мақсади асосии мо пеш аз ҳама таъмини аҳолии кишвари худамон бо барқ аст. Ба Афғонистон бошад, хеле маҳдуд аз рӯи шартнома барқ интиқол медиҳем. Ин ҳам барои мавқеъ гирифтан ё аз даст надодани бозори энергетикӣ дар минтақа ва ҳифзи иншооти энергетикист."

Тоҷикистон умедвор аст, ки бо амалӣ шудани тарҳи КАСА-1000, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон барқ содир намояд.
Тоҷикистон умедвор аст, ки бо амалӣ шудани тарҳи КАСА-1000, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон барқ содир намояд.

Озодӣ: Оё Тоҷикистон дар оянда барои нигоҳ доштани бозори барқ дар Афғонистону Покистон барномаҳо дорад, агар ин нуқтаро дар назар бигирем, ки кишварҳои дигар ҳам талош доранд ба ин бозор роҳ ёбанд?

Бобоев: "Дар оянда нақшаҳои мо зиёд аст. Лоиҳаҳое дорем, мисли КАСА-1000. Баъди сохтмони нерӯгоҳи Роғун мо ният дорем, пеш аз ҳама мардуми худро бо барқ таъмин кунем. Сипас, интиқоли барқ ба давлатҳои ҳамсояро зиёдтар мекунем, то ин бозорро дар оянда барои худ нигоҳ дорем."

Озодӣ: Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” моҳи январ эълон кард, “Барқи Тоҷик” бештар аз 427 миллион сомонӣ ё бештар аз 85 миллион доллар қарздор аст. Механизми пардохти ин қарзҳо чӣ тавр аст?

Бобоев: "Пеш аз ҳама бояд бигӯям, барқро наметавон дар анбор нигоҳ дошт ё аккумулиатсия намуд. Бинобар ин, то барқро қабул намудан, онро тақсим кардан ва ҳаққашро гирифтан, як муддати муайяни вақт мегузарад. Аз ин рӯ, қарзҳо пайдо мегарданд. Мо аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” қарздор мешавем, истифодабарандагон аз мо қарздор мешаванд. Вале барои пардохти маблағи барқи нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” ҷадвали пардохт мавҷуд аст ва мутобиқи он ҳаққи барқ пардохт мегардад. Дар оқибати кор, касе аз касе қарздор нахоҳад монд."

Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон ҳам имкони пешпардохти ҳаққи барқро ҷорӣ кардан мумкин аст, мисли кишварҳои аврупоӣ? Масалан, бо истифодабарандагон шартнома баста мешавад, онҳо барои меъёри тақрибӣ дар сол маблағе пардохт мекунанд. Агар бештар истифода карданд, маблағи иловагӣ пардохт мекунанд, агар камтар истифода карданд, маблағи боқимондаашон ба соли дигар мегузарад...

Бобоев: "Дар доираи як моҳ баъзе корхонаҳое, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд ҳаққи истифодаи барқро пешпардохт намоянд. Ғайр аз ин, мо дар баъзе ҷойҳо низ ба тариқи таҷриба ба ҳисобкунакҳое, ки метавон маблағи барқро пешакӣ пардохт намуд, васл намуда истодаем. Мувофиқи имконият бо маблағгузории «Барқи тоҷик» алҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 6000, дар шаҳри Сарбанд 3400 адад ва дар шаҳри Кӯлоб 1600 адад ҳисобкунакҳои пешпардохт насб карда шуданд. Воқеан, «Барқи тоҷик» соли 2015-ро соли ҳисобкунакҳои барқӣ эълон кардааст."

Озодӣ: Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки бояд дар ин кишвар нархи истифодаи барқ боло бурда шавад, то он ба нархҳои ҷаҳонӣ баробар ё наздик шавад. Дар барномаҳои Шумо боло бурдани нархи барқ дар назар гирифта шудааст?

Бобоев: "Дар ҳақиқат мо аз бонкҳои ҷаҳонӣ аз тариқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ қарздор шуда истодаем, дар ин самт кор мебарем. Дар навбати худ, ин бонкҳо барои зина ба зина боло бурдани нархи барқи истеҳсолшуда нақшаҳо тартиб додаанд. Ин пешниҳодҳо ҳар сол баррасӣ мешаванд ва, албатта, фақат баъд аз омӯзиш ҳукумат дар ин бора қарори дахлдор қабул мекунад."

XS
SM
MD
LG