Дар Душанбе омодагиҳо ба сохтмони хатти дувуми Маркази барқ ва гармидиҳӣ бо иқтидори 300 киловат соат нерӯи барқ ва 167 гигакалория гармӣ шурӯъ шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки фаъолияти яксолаи марҳилаи аввали ин марказ натавонист интизори мардумро, ки аз он умеди зиёд доштанд, бароварда созад.
Хатти дувуми шабакаи барқу гармидиҳии Душанбе дар чаҳорчӯби созишномаи Тоҷикистон ва бонки содироту воридотии Чин, ки моҳи ноябри соли 2014 имзо шудааст, сурат мегирад. Ин тарҳ, ки бо маблағи 349 миллион доллар, аз ҷумла 331 миллион доллар қарзи боимтиёзи Чин, амалӣ мешавад, рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ҳам дастгирӣ ёфт.
Дар шаҳр... аммо бе барқу гармӣ
Ҷамшед Бобоев, муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, дар шарҳи зарурати татбиқи ин тарҳ гуфт, бо афзун шудани аҳолӣ ва корхонаҳои тавлидотӣ дар шаҳр талабот ба нерӯи барқ ҳам афзоиш ёфта, ба 12 миллион киловат соат дар як шабонарӯз баробар шудааст. “Ҳозир корҳои сохтмонӣ шурӯъ шудааст. Он дар паҳлӯйи маркази барқу гармидиҳии 2 сохта мешавад. Ин барқ бо хатти барқи 220 дар системаи ягона пайваст мешавад ва баъдан аз он ҷо барқ ба ҳар шаҳру ноҳияҳо интиқол мешавад”,-афзуд Бобоев.
Шурӯи омодагиҳо ба сохтмони хатти дувуми шабакаи барқи гармидиҳии Душанбе дар ҳолест, ки аз фаъолияти хатти аввали ин шабака дар пойтахт, 1 сол сипарӣ шуд ва мардум, ки оғози кори онро бесаброна интизор буданд, мегӯянд, акнун аз кори он чандон розӣ нестанд. Имсол ҳам аксар манзилҳо дар кунҷу канори пойтахт мисли навоҳии дурдаст ҳамагӣ чанд соат барқ мегирад ва сокинони маркази шаҳр ҳам борҳо аз бебарқӣ шикоят карданд. Анварбӣ, як сокини пойтахт, мегӯяд: “Мо дар дохили пойтахтем, дар тарафи бозори "Корвон", вале дар як рӯз ҳамагӣ 3-4 соат барқ медиҳанд. Имсол маҷбур шудем дар биноҳои баландошёна дар наздикиҳои маркази шаҳр манзили иҷора гирем. Ҳар моҳ 350 доллар маблағ пардохт мекунем. Ҳар сол ваъда мешавад, ки зимистон хуб меояд ва аз барқ танқисӣ намекашем, аммо ҳар зимистон як ҳолро дорем.”
Ангушти иттиҳом ба сӯи мардум
Аммо ба гуфтаи масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, маркази барқу гармидиҳӣ тавре ки пешбинӣ мешуд, ҳоло давоми як шабонарӯз то 100 мв соат барқро ба системаи ягонаи ҷумҳурӣ ворид мекунад. Аммо дар масъалаи интиқоли гармӣ ба хонаҳо, ҷаноби Бобоев гуфт, ҳоло ин марказ 360 бинои шаҳрро бо гармӣ таъмин мекунад.
Маркази мазкур аслан тавони 67 гигаколория гармиро дорад, аммо дар айни ҳол танҳо 31 гигаколорияи он сарф мешавад. Ҷамшед Бобоев дар ин маврид худи мардумро айбдор мекунад, ки аксарият қубурҳои обгузарро канда партофтаанд ва ҳоло оби гарм ба хонаҳои онҳо роҳ намеёбад. Аз сӯи дигар ба қавли ӯ, барои пурра таъмин кардани сокинони шаҳр бо гармӣ бояд тамоми қубурҳои обгузар дар шаҳр иваз шаванд.
Тасмими сохтмони хатти дувуми Маркази гармидиҳии шаҳр ва интиқод аз кори марҳилаи аввали он, дар ҳоле аст, ки Мурод Ҷумъазода -- сардори саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони маркази гармидиҳии пойтахт барои Душанбе ба осонӣ даст надодааст ва бо ҳадафи таъмини мардум бо барқ ҳукумати кишвар 2 кони тиллои Айниро ба ихтиёри як ширкати чинӣ гузошт.
Дуди ТЕЦ ва нигаронии Шабдолов
Дар зимн, бо таваҷҷӯҳ ба он ки маркази барқу гармидиҳӣ бо истфиода аз ангишт нерӯи барқ ва гармӣ истеҳсол мекунад, шикояту нигарониҳои мардум ва коршиносон аз олудашавии муҳити атроф ва хатарнок будани кори он зиёд аст. Масъулин дар ин маврид гуфтанд, дар воқеъ дар оғози фаъолияти марҳилаи аввали маркази гармидиҳӣ бо далели техникӣ мушкил дошт, ки баъдан бартараф шуд. Масъулин кори ин пойгоҳро аз ҷиҳати экологӣ комилан бехатар мешуморанд.
Аз сӯи дигар Шодӣ Шабдолов намояндаи Ҳизби коммунист дар парлумон мегӯяд, “Душанбе ин дили Тоҷикистон аст ва, албатта, бояд давлат бо фаъол кардани чунин манбаъҳои гармидиҳӣ, шаҳрро аз садамаҳое, ки мардум ва корхонаҳоро бебарқ мемонанд, халос кунад. Аммо масъалаи ифлос кардани муҳит бояд ҷиддӣ гирифта шавад, ин ташвиш воқеӣ ҳаст. Ман бо чашми худ дар Мумбай дидам, ки аз дудкаши ТЕЦ-и онҷо аслан дуд намебарояд, гулистон аст. Чунин технология вуҷуд дорад фақат мувофиқи шартнома бояд Чин чунин шароитро фароҳам орад.”
Мақомот мегӯянд, баъди ба кор даромадани бахши дигар, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, барои истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ дар як шабонарӯз, ҳудуди 3 ҳазор тонна ангишт истифода хоҳад кард.