Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Аҳмадзай аз содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон


Маросими имзои мувофиқатномаи марзӣ миёни Афғонистон ва Чину Тоҷикистон
Маросими имзои мувофиқатномаи марзӣ миёни Афғонистон ва Чину Тоҷикистон

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар маросими имзои қарордоди марзӣ байни Кобулу Пекину Душанбе аз Тоҷикистон сипосгузорӣ кард, ки ба гуфтаи вай, дар қарордоди нави худ содироти барқ ба Афғонистонро бештар сохтааст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи 5 ноябр зимни имзои мувофиқатномаи нуқтаи иттисоли сарҳадӣ миёни Афғонистон, Чин ва Тоҷикистон, гуфтааст, "ҳамкории мо бо Тоҷикистон ҳамеша давомдор буда ва мехоҳам аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукуматашон ибрози итминон кунам, ки дар қарордоди ҷадиди барқ, андозаи содироти хешро ба Афғонистон афзоиш доданд."

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, оқои Аҳмадзай шоми рӯзи 5 ноябр тайи фармоне мувофиқатнома миёни Афғонистон, Чин ва Тоҷикистон дар мавриди иттисоли нуқтаи сарҳадӣ имзо кард. Дар маросиме, ки ба ин муносибат дар Арки раёсати ҷумҳурии Афғонистон баргузор шуд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ё нахуствазир дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул ва ҳамчунин сафири Чин низ ширкат доштаанд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ин маросим гуфтааст, "имрӯз барои мо ҷои ифтихор аст, ки ба намояндагӣ аз ҳукумати ваҳдати миллӣ аввалин фармонро мавриди нуқтаи иттисоли сарҳадӣ миёни ду ҳамсояи азизи мо Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунам. Нуқтаи иттисоли сарҳадӣ ба асоси ин мувофиқатнома таъин мешавад ва ҳама умур дар ин замина ба диққат анҷом шудааст."

Мулоқоти Аҳмадзай бо сафири Тоҷикистон. 21 октябр
Мулоқоти Аҳмадзай бо сафири Тоҷикистон. 21 октябр

Аҳмадзай рӯзи 21 октябр дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов низ аз Душанбе ситоиш карда буд, ки дар фасли зимистон кишварашро бебарқ намегузорад. Аммо ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”, ки монополист дар бозори фруӯши барқи Тоҷикистон мебошад, дар посух гуфт, ин як изҳороти сиёсист, вагарна Душанбе дар фасли сармо ба ин кишвари ҳамсояаш барқи чандоне намедиҳад.

Як намояндаи ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 21 октябр ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҳарфҳо марбут ба сиёсат аст, вагарна ҳаҷми барқе, ки тавлид мешавад, дар фасли сармо ба худи Тоҷикистон кифоя намекунад."

Расонаҳои маҳаллӣ дар бозтоби натиҷаҳои мулоқоти рӯзи 20 октябри Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо Шарофиддин Имомов ва изҳори сипоси раҳбари Афғонистон ба Тоҷикистон барои таъмини кишвараш бо нирӯи барқ дар фаслҳои зимистон навиштанд, Тоҷикистон дар ҳоле ба Афғонистон барқ медиҳад, ки худаш дар фасли сармо гирифтори лимити шадиди нирӯи барқ аст ва аксари манотиқаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд.

Вале ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, Тоҷикистон дар фасли зимистон танҳо як миқдори ночизи барқро ва он ҳам барои ҳифзи истгоҳи интиқоли барқ ба Афғонистон интиқол медиҳад, зеро агар ин корро накунад, ин истгоҳ аз фаъолият бозмемонад.

Ин дар ҳолест ки сокинони навоҳии бо Афғонистон ҳаммарз мегӯянд, дар фаслҳои зимистон аз рустоҳои ғарқи торикии худ рустоҳои чароғон дар он сӯи Омӯро мебинанд. Мақомоти Афғонистон низ ҳамеша дар бораи гирифтани нирӯи барқ аз Тоҷикистон дар фасли сармо гузориш медиҳанд.

Ин масъала ҳар сол дар маҳфилҳо ва матбуоти Тоҷикистон доман зада мешавад, ки чаро як кишваре ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, ба Афғонистон барқ медиҳад?

Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо дар мавсими фаровонии барқ, яъне аз нимаи баҳор то нимаи тирамоҳ тавассути ду хатти баландшиддати 220-волтӣ ва 110-волтӣ ба шимоли Афғонистон барқ медиҳанд. Душанбе дар баҳори имсол гуфта буд, ки имкон дорад, дар мавсими гармо ба Афғонистон то 1,9 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ бифурӯшад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар имсол содироти барқашро 42 дарсад афзуда, дар 9 моҳи соли равон, яъне аз январ то сентябр, ин кишвар ба хориҷ ва асосан ба Афғонистон 1 миллиарду 169 миллион киловатт-соат нирӯи барқ фурӯхт. Душанбе аз ин ҳисоб 38 миллион доллар ба даст овардааст, ки назар ба як соли қабл 34 дарсад бештар будааст.

Роҳ то Чин

Қарор аст, миёни Чин ва Афғонистон тариқи долони Вахон роҳи мошингард бунёд шавад. Дар посух ба пешниҳоди бунёди роҳи мустақим миёни Афғонистон ва Чин, мақомоти Пекин дархости Кобулро пазируфтанд. Дар посух ба пешниҳоди раиси ҷумҳури Афғонистон дар мавриди бунёди роҳи мошингарди миёни ин ду кишвар, мақомоти Чин мувофиқат кардаанд ва ҳамакнун ин ҷода дар масири “Роҳи абрешим” бунёд мешавад.

Маросими имзои мувофиқатномаи марзӣ миёни Афғонистон ва Чину Тоҷикистон
Маросими имзои мувофиқатномаи марзӣ миёни Афғонистон ва Чину Тоҷикистон

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳудуди як ҳафта қабл ба Чин сафар карда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин роҳ вилояти Бадахшони Афғонистонро бо ноҳияи мусалмоннишини Шинҷони Чин тариқи Вахон мепайвандад. Ин роҳ тариқи ағбаи Анҷуман дар дараи Панҷшер ба Кобул васл мешавад. Мақомоти вазорати фавоиди умумии Афғонистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Кобул омодааст ҳастанд дар бунёди ин роҳ бо ҷониби Чин саҳми худро бигузорад. Мақомоти афғон умедворӣ кардаанд, ки бунёди роҳи Вахон-Чин ба рушди тиҷорат миёни ду кишвар ва ҳамчунон коҳиши қимати нақлиёти колои содироти ва воридотӣ, ҳамчунин ба рушди бозаргонии Афғонистон бо Аврупо ва Осиё мусоидат мекунад. Минтақае, ки қарор аст ин роҳ бунёд шавад, кӯҳистонӣ буда ва ба роҳсозон лозим меояд, ки дар чанд минтақа туннел ҳам бунёд намоянд. Афғонистон то кунун молу колои худ аз Чин тариқи Покистон ва Тоҷикистон ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG