Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам то лағви лимит. Ба мардум 18 соат барқ дода мешавад


Шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии Тоҷикистон бо дастикам 18 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин мешаванд. То як ҳафтаи қабл аҳолии манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифтанд.

Сар аз имрӯз, 21 феврал дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон давоми шабонарӯз ба аҳолӣ18 соат барқ дода мешавад ва ҳамин тариқ сокинони кишвар аз соати 5-и субҳ то 23-и шаб барқ хоҳанд гирифт. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 21 феврал зимни таъйиди ин хабар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз ҳамин рӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон 18 соат барқ дода мешавад. Ба қавли ҷаноби Ёдгорӣ, зиёд кардани соати интиқоли нерӯи барқ бо назардошти обу ҳавои мусоид сурат гирифтааст.

Вай афзуд: “Вобаста ба он, ки имсол обу ҳаво гарм омад ва захираи оби мо дар обанборҳо басанда аст, бо дастури президент интиқоли барқро 18 соат кардем. Агар обу ҳаво нағз бошад, дар рӯзҳои наздик эҳтимолан лимити барқ пурра барҳам дода шавад.”

Нозирҷон Ёдгорӣ ҳамчунин гуфт, ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки маҳдудияти барқ кай пурра барҳам дода мешавад, зеро ба гуфтаи ӯ, ин аз вазъи обу ҳаво бастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, агар рӯзи барҳам додани маҳдудиятӣ барқ дақиқ шавад, ҳатман ба ҳама иттилоъ хоҳанд дод: “Зиёд кардани соати нерӯи барқ ва ё аз байн бурдани маҳдудияти он бо пешниҳоди "Барқи тоҷик" дар ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо дастури президент тасдиқ гардид.”

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл интиқоли барқ ба аҳолӣ аз 10 соат ба 13 соат расонида шуда буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 16 феврал дар машварати корие, ки бо мақомоти ҳукумат баргузор кард, ба масъулони риштаи нирӯи барқ дастур дода буд, ки шурӯъ аз 16 феврал мардумро дастикам 13 соат дар шабонарӯз бо нирӯи барқ таъмин кунанд. Таъкид гардида буд, ки минбаъд меъёри додани барқ ба аҳолӣ боз ҳам зиёд шудан мегирад.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нирӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нирӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд.

Аммо имсол ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аллакай аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд. Дар бисёре аз манотиқи рустоӣ, ба гуфтаи аҳолӣ, дар шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ медоданд.

Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG