Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори як маҳбус аз зиндони Хуҷанд. ВИДЕО


СИЗО-и шаҳри Хуҷанд.
СИЗО-и шаҳри Хуҷанд.

Як маҳбус аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор карда, амалиёти боздошти ӯ ҳанӯз ҷараён доштааст. Ҷузъиёти фирори ин маҳбус, ки зодаи шаҳри Исфара аст, барои мо маълум нест, аммо манобеи наздик ба мақомоти зиндон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса баъди зӯҳри 24 ноябр иттифоқ афтодааст.

Тибқи бархе гузоришҳо, ин зиндонии фирорӣ Носири Амонуллохон ном дошта ва сокини ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара будааст. Ӯ бо қарори додгоҳи ин шаҳр тибқи моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ ба 11 сол зиндон маҳкум шудааст.

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар моҳи августи соли 2010 буд.

Манобеи наздик ба мақомоти зиндон гуфтанд, ки баъди боздошти маҳбуси фирорӣ ҷузъиёти бештарро дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Дар панҷ моҳи охир ин ҳодисаи дувуми фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд аст. Моҳи июн аз ҳамин маҳбас Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карданд.

Онҳо ҳангоми фирор Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд куштанд. Аммо аз фирориҳо Мирзозариф Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Рамзуллохон Дадохонов тавонист, аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

Дар пайи фирори Дадохонов дар саросари шаҳру Хуҷанду атрофи он ва ҳатто дар Душанбеву вилояти Хатлон ва вилояти бо Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон тадбирҳои шадиди амниятӣ ба роҳ андохта шуд ва Рамзуллохон Дадохоновро рӯзи 19 июн дар канори Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карданд.

Аз роҳзанӣ то ифротгароӣ

Аз онҳое, ки моҳи июн аз зиндони Хуҷанд қасди фирор карданд, Рамзуллохон Дадохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бо ҷурми ифротгароӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти додситонии Суғд моҳи июли соли равон гуфтанд, ки дар робита ба фирори ин се маҳбус аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд ду масъули ин муассисаи ислоҳӣ боздошт шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст.

Боздошти ду масъули зиндони Хуҷанд барои фирори се маҳбус:

Боздошти ду масъули зиндони Хуҷанд барои фирори се маҳбус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Вале пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Фирори 25 маҳбус дар маркази Душанбе

Акси Рамзуллохон Дадохонов
Акси Рамзуллохон Дадохонов

Шаби 22 ба 23 августи он сол маҳбусоне, ки бо ҷароими сангин ва асосан бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат дар боздошт қарор доштанд, барои хондани намози таровиҳи моҳи Рамазон аз ҳуҷраҳояшон берун оварда мешаванд. Вале маҳбусон, ки дар байнашон 4 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Русия ва ҳамин тавр, Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, 4 зиндонбонро кушта, бо мошинҳое, ки дар саҳни боздоштгоҳ ва кӯча ғасб карданд, фирор карданд.

Амалиёти боздошт беш аз як сол давом кард

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд. Вале се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим ҳарчанд дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, Кобул онҳоро ба Душанбе насупурд. Аксари онҳое, ки моҳи августи соли 2010 фирор карданд, дастикам 20 сол ҳукми зиндон доштанд.

XS
SM
MD
LG