Як мақоми Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ кардаанд, ки фишор болои мухолифин ва ҷомеаи шаҳрвандиро кам кунад. Ниша Бисвал, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Рикард Юзвяк, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар бораи вазъи озодии баён ва амният дар минтақа низ сухан гуфт.
Мо аз ҳамкориҳои мусбат ва созандаи Русияву Чин бо минтақа истиқбол мекунем. Мо ҳам мехоҳем робитаҳои амиқе бо минтақа дошта бошем ва ба он кумак кунем.Ниша Бисвал
Радиои Озодӣ: Мо шоҳиди он ҳастем, ки Чин ва ҳамингуна Русия дар Осиёи Марказӣ сармоягузории зиёд мекунанд. Ё Русия ба Тоҷикистон кумаки низомӣ мекунад. Назари Шумо дар ин бора чист?
Ниша Бисвал: "Ба андешаи ман, барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин ду шарики муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳамкориҳои мусбат, равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҳарду кишвар барои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст. Айни замон, ба фикри ман, барои тамоми ин кишварҳо онгуна, ки худашон мегӯянд, сиёсати гуногунсамт барои доштани робита бо кишварҳои дуру наздик муҳим аст, тавонанд, сармоя ҷалб кунанд ва бо кишварҳои дуру наздик ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Ин ба манфиати ҳар яке аз ин кишварҳо ва ба манфиати минтақа аст ва, албатта, аз назари ҳукумати Амрико онҷо бозии бузурге вуҷуд надорад. Мо аз ҳамкориҳои мусбат ва созандаи Русияву Чин бо минтақа истиқбол мекунем. Мо ҳам мехоҳем робитаҳои амиқе бо минтақа дошта бошем ва ба он кумак кунем."
Ниша Бисвал: "Ман фикр намекунам, чунин мешавад. Тавре гуфтам, ин ба манфиати ҳамаи кишварҳост. Ончӣ, ки мо аз шарикони худ дар Осиёи Марказӣ мешунавем, ин аст, ки онҳо иштиёқи зиёд барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доранд. Майл доранд, ки Амрико аз назари иқтисодиву дипломатӣ онҷо ҳузури зиёд дошта бошад ва мо ҳам, албатта, барои ин кор мекунем."
Радиои Озодӣ: Чанде пеш дар як конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон шикоят карданд, ки аъзои мухолифон ба онҷо роҳ дода шуданд. Ва дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанберо сангборон карданд. Қирғизистон дар бораи поин овардани мақоми созмон дар кишвар сӯҳбат кард. Вокуниши Шумо дар ин бора чист?
Ниша Бисвал: "Ба фикри ман, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нақши фавқуллода муҳиме дар Осиёи Марказӣ иҷро мекунад. Дар роҳи тақвияти ҷараёнҳои демократӣ дар Қирғизистон кумак ва мусоидати зиёд кардааст. Ман умедворам, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон ҳамкории созанда бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро идома медиҳанд ва арсаи фаъолияти созмонро васеъ мекунанд, то сулҳу субот дар минтақаро мустаҳкам намояд. Умедворам, муколамаҳои бештар дар ҳалли ин масъалаҳо ёрӣ мекунад."
Фикр мекунам, кам кардани нуфузи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нуфузи кишварҳои минтақаро ҳам кам мекунад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо созмонест, ки арзишҳои фавқуллода зиёдро дорад.
Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар ин кишварҳо канор мезананд?
Ниша Бисвал: "Умедворам, чунин намешавад. Фикр мекунам, кам кардани нуфузи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нуфузи кишварҳои минтақаро ҳам кам мекунад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо созмонест, ки арзишҳои фавқуллода зиёдро дорад. Умед дорам, муколама имкон медиҳад, созмон дар ҳалли бисёр масоили муҳим нақш иҷро кунад."
Радиои Озодӣ: Баъди бастани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон хабарҳои ташвишоваре мешунавем. Ба мисли таҳдид ба хабарнигорон, вакилони дифоъ ва ғайра. Оё ин масъала мояи нигаронӣ нест?
Ниша Бисвал: "Медонед, вақте тирамоҳи гузашта Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико, ба Тоҷикистон сафар кард, ӯ масъаларо мустақим бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузошт. Ҳамаи кишварҳо ҳоло даргири масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ҳастанд. Барои тамоми кишварҳои минтақа муҳим аст, ки ҳангоми мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи сиёсӣ ва ҳуқуқи мардум, ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои сиёсӣ, ҳуқуқи мазҳабиро зери по накунанд. Агар Шумо дар ҷараёни тақвияти субот, ин ҳуқуқро зери по мекунед, дар ниҳоят амниятро зери хатар мебаред. Мо ин нигарониҳои худро бо ҳукумати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва онҳоро ҳамчунон ташвиқ мекунем, ки фишор ба ҷомеаи маданӣ ва аҳзоби сиёсиро кам кунад."