Маъмурони амниятии Русия мегӯянд, ки чаҳор нафар, бо шумули се шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд, ки гӯё мехостанд дар Маскав амалҳои террористӣ анҷом бидиҳанд. Хадамоти Федералии Амнияти Русия ё ФСБ бо нашри баёнияе гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова мехостанд, “бо истифода аз абзори таркандаи пурқудрати худсохт” дар Маскав “амалҳои пурсарусадои террористӣ” анҷом диҳанд. Дар баёния омадааст, ки ин чаҳор нафар узви “гурӯҳи харобкор ва террористиро” дар ҷараёни амалиёт дар Маскав дастгир карданд ва дар ҷойи зисти онҳо “аслиҳа ва абзорҳои худсохти тарканда” кашфу мусодира шудааст. Ба иддаои Хадамоти федералии амнияти Русия, ҳамаи ин афрод гӯё аз аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Туркия дастури мустақим гирифтаанд ва дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ доранд.
Аз Тоҷикистон ва Молдова ҳазорон нафар барои кор ба Русия меоянд. Хадамоти Федералии Амнияти Русия бисёр вақт дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ хабар медиҳад ва раиси он Александр Бортников аввали ҳамин ҳафта гуфта буд, ки имсол аз 42 ҷиноятҳои марбут ба терроризм пешгирӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабари боздошти шаҳрвандони кишварро шарҳ надодаанд, вале аз ҳукумати Русия дар гузашта хостаанд, дар боздошти даҳҳо муттаҳам ба ҷиноят, ки ба Русия фирор кардаанд, мусоидат намояд.
Тоҷикистон ҳанӯз мавзӯъро шарҳ намедиҳад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз онҳо омода нестанд, ки ин хабарро шарҳ бидиҳанд. Аз ҷумла, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан дар ин мавзӯъ бахшҳои дахлдори вазорат аллакай огоҳонида шудаанд. Вай гуфт, ки ин мавзӯъ таҳқиқ мехоҳад ва танҳо баъди омӯзиши мақомот, ин ҳодисаро мешавад арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки аз матбуоти Русия дар ин бора хабардор шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам ба матбуот гуфтааст, ки феълан ин мавзӯъро шарҳ намедиҳад ва қазия бояд худ таҳқиқ ва омӯхта шавад.
Боздоштшудаҳо дар қайди Маскав буданд
ФСБ дар сомонаи расмии худ дар бораи боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрвади Молдова хабар дода гуфтааст, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёте рӯзи 15 декабр дастгир шуданд. Тафтишот гӯё далели онро доштааст, ки ин гурӯҳ дар фикри ташкили "як силсила" ҳамлаҳои террористӣ будааст. Суроғаи зисти ин афрод шаҳр ва вилояти Маскав зикр шудааст.
Феълан тасдиқи дурустии иттиҳоми хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Русия имкон надорад, ҳамчунон, ки маълум нест, то куҷо воқеан ҳам афроди боздоштшуда марбут ба гурӯҳи харобкор ва дар фикри анҷоми амали террористӣ будаанд. Ҳамчунон феълан маълум нест, ки оё ин афрод бо ҳимояи ҳуқуқӣ бархӯрдор шудаанд, ё на.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҷумлаи созмонҳое мебошад, ки Русия ва дигар кишварҳои узви СПАД онро террористӣ эълон намуда ва фаъолияти онро дар қаламравҳояшон манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ҳудудан 5 ҳазор аз шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои Шӯравии дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои тундрав, меҷанганд. Шумори аъзои ин гурӯҳ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон аз 1000 нафар бештар гуфта мешавад.
СПАД: Террористонро роҳ намедиҳем
Мавзӯи мубориза бо терроризм ва бахусус, аъзои гурӯҳи созмони "Давлати исломӣ" рӯзи 14 октябри имсол яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии нишасти сарони кишварҳои узви СПАД - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ буд. Дар ин нишаст намояндаи Русия гуфт, кишварҳои узви ин паймон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳамин тариқ манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамринҳои террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт. Виктор Василев гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои террористӣ ва манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамринҳои террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт. Ҷаноби Василиев ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки "аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ва маълум, ин тасмим дар бораи чораҳои иловагӣ дар муқобила алайҳи терроризм мебошад."
Боздошти 12 зодаи ОМ дар моҳи ноябр
Мақомоти Русия дар як ҳодисаи моҳи ноябри имсол аз боздошти ҳамсони 12 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки гӯё дар фикри ташкили ҳамлаи террористӣ дар Маскав буданд. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъдан гуфтанд, ки дар амалиёти муштараки нерӯҳои Қирғизистон ва ФСБ - ин 12 нафар мехостанд дар Маскаву Санкт-Петербург ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд, вале аз нақшаи онҳо ҷилавгирӣ шуд. Амалиёти муштарак рӯзи 12 ноябр сурат гирифтааст.
Яке аз боздоштшудаҳо худро Мирзоев Абдухолиқ Алишерович, сокини шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, муаррифӣ карда дар бозпурсии видеоии ФСБ гуфта буд, ки гӯё бародараш дар Сурия дар "ҷиҳод" қарор дорад. Мирзоев дар идомаи бозпурсӣ эътироф кард, онҳо қасди ҳамла дар Маскавро доштанд ва аз "Тағо" ном нафаре ҳам ёдоварӣ намуд, ки ба қавли ӯ шаҳрванди Қирғизистон будааст. Сарнавишти ин ҷавон ва худи қазия феълан маълум нест. Вале қонунҳои Русия барои кӯшиши анҷоми амалҳои террористӣ мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бархе коршиносон мегӯянд, ки на ба ҳама иттиҳомоти воридаи полиси Русия мешавад эътимод кард, чун ингуна амалиёт бисёр вақт ҷузъе аз таблиғи Русия барои мубориза бо ифротгароӣ буда метавонад ва шаҳрвандони беҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар анҷоми ингуна амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ "қурбон" мешаванд.