Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Ҳалимов аз Адигея ба Тоҷикистон истирдод шуд


Мақомоти Тоҷикистон Ҳалимов Ф.-ро дар ташвиқи ҷавонони тоҷик, аз ҷумла писари Гулмурод Ҳалимов ба ҷангҳои Сурия муттаҳам мекунанд.

Матбуоти Русия аз боздошти бародарзодаи эҳтимолии сарҳанги фирорӣ ва як узви баландпояи ДИИШ рӯзи 12 майи соли равон хабар дод. Ба навиштаи матбуоти Русия, нафари боздоштшуда дар ҷалби сокинон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомот мегӯянд, боздоштшуда гӯё қасд доштааст, ки тариқи Туркия ба Сурия биравад. Аз ин ҷавон бо исми Ҳалимов Ф. ёд мешавад, феълан синну сол ва ҷузъиёти дигар мушаххас нест.

Пас аз боздошти писари Гулмурод Ҳалимов маълум шуд, ки яке аз тарғибгарони ҷалби ӯ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маҳз ҳамин бачаи амакаш аст, ки бо номҳои гуногун бо ӯ тамос мегирифт. Ҳарчанд, бачаи Ҳалимов бо дигар дӯстони падараш низ дар тамос будааст. Ҳоло кирдорҳои ӯро тафтишот баррасӣ мекунад

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Варзоб рӯзи 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов як ҳафта пеш аз Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Адигея як воҳиди маъмурие дар қаламрави Русия аст, ки дар миёни сокинонаш инчунин мусалмонҳо зиёд ҳастанд.

Ин манбаъ аз нафари боздоштшуда Ҳалимов Ф. ном бурд ва гуфт ӯ писари яке аз шаш бародари Гулмурод аст.

Манбаи Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи қонун, ки ҳақи сӯҳбат бо матбуотро надорад, гуфт, боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вай гуфт: "Пас аз боздошти писари Гулмурод Ҳалимов дар миёнаҳои моҳи апрел маълум шуд, ки яке аз тарғибгарони ҷалби ӯ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маҳз ҳамин бачаи амакаш будааст, ки бо номҳои гуногун бо ӯ тамос мегирад. Ҳарчанд, бачаи Ҳалимов бо дигар дӯстони падараш низ дар тамос будааст. Ҳоло кирдорҳои ӯро тафтишот баррасӣ мекунад".

Пас аз боздошти ин ҷавон дар моҳи май дар идораи ФСБ-и Адигея ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ки гӯё боздоштшуда чанде аз намозгузорони масҷиди Тахтамуқайи ин минтақаро барои сафарбарӣ ба Сурия ҷалб кардааст. Мақомоти Русия мегӯянд, дар телефони мобилии ӯ матолиби таблиғотӣ, инчунин, таърихи вурудаш ба вебсайтҳои гуногун ҳифз шудаанд ва бар асоси он маълум шудааст, ки ин ҷавон қасди сафар ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурияро доштааст.

Дар Хадамоти федеролии амният дар минтақаи Адигея гуфтаанд, ки боздоштшуда дар бозпурсии аввалия гӯё ба иттиҳом дар мавриди ҷалби сокинон ба сафф гурӯҳҳои террористӣ иқрор кардааст. Зимнан, дар миёнаҳои моҳи марти имсол дар Ҷумҳурии Адигея амалиёти якҷояи нирӯҳои ФСБ ва Вазорати умури дохилии Русия баргузор ва чанд зодаи Осиёи Марказӣ ба иттиҳоми тундгароӣ боздошт шуда буданд.

Вале он замон мақомоти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ накарданд.

Истирдоди бародарзодаи Ҳалимов ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳоло додгоҳ парвандаи Беҳрузи Гулмурод, писари 18-солаи ӯро баррасӣ мекунад. Беҳрӯзро мақомот барои қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» муттаҳам медонанд. Боздошти пайвандони Ҳалимов замоне иттифоқ афтод, ки дар моҳи апрел рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст. Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва баъди як моҳ аз ҳузураш дар Сурия хабар дод. Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол низ қарор дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхати террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар подош ваъда карда буд. Ҳанӯз зинда будан ва ё кушта шудани Гулмурод Ҳалимов тасдиқи бебаҳси худро наёфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG