Матбуоти Русия аз боздошти яке аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло фармондеҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, дар ҷумҳурии мухтори Адигея хабар доданд. Дар идораи Хадамоти федеролии амният ё ФСБ дар ҷумҳурии мухтори Адигея боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Навбатдори ин идора рӯзи 12 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “воқеан, амалиёти боздошти шаҳрванди Тоҷикистон сурат гирифт”, вале аз ифшои ному насаби боздоштшуда, сана ва ҷузъиёти дигари амалиёт худдорӣ намуд.
Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол низ қарор дорад.
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз матбуот дар ин бора огоҳ шуда, қазияро пайгирӣ доранд, вале ба гуфтаи онҳо ҳанӯз номаи расмӣ дар бораи боздошти яке аз хешони Гулмурод Ҳалимов дастрас нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии ТАСС рӯзи 12 май бо такя ба қавли манобеи ФСБ-и Русия дар ҷумҳурии мухтори Адигея гуфт, ки нафари боздоштшуда ба ҷалби сокинон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам аст ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда гӯё қасд доштааст, ки ба Туркия ва сипас Сурия биравад.
То ҳол наздикони Гулмурод Ҳалимов ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Вале дар идораи ФСБ дар Адигея ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, гӯё боздоштшуда чанде аз намозгузорони масҷиди Тахтамуқайи ин минтақаро ҷалб ва ба Сурия фиристодааст. Мақомоти Русия мегӯянд, дар телефони мобилии ӯ матолиби таблиғотӣ, инчунин, таърихи вурудаш ба вебсайтҳои гуногун ҳифз шудаанд ва бинобар он ӯ қасд доштаст, ба Туркия биравад.
Дар Хадамоти федеролии амният дар минтақаи Адигея гуфтаанд, ки боздоштшуда дар бозпурсии аввалия гӯё ба иттиҳом дар мавриди ҷалби сокинон ба саффи гурӯҳҳои террористӣ иқрор кардааст. Аммо онҳо гуфтаанд, ки тафтишот ҳанӯз идома дорад. Дар миёнаҳои моҳи марти имсол дар ҷумҳурии мухтори Адигея амалиёти якҷояи нирӯҳои ФСБ ва Вазорати умури дохилии Русия баргузор ва чанд зодаи Осиёи Марказӣ ба иттиҳоми тундгароӣ боздошт шуда буданд.
Моҳи апрел рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст.
Ҳафтаи ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон расман эълон карданд, ки Беҳрӯз, писари ҳаждаҳсолаи Гулмурод Ҳалимовро қабл аз сафараш ба Русия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки бар асоси иттилоти дарёфтиашон Беҳрӯз қасд доштааст, аввал ба Русия ва сипас ба назди падараш ба Сурия ё Ироқ биравад.
Моҳи апрел рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст. Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва баъди як моҳ аз ҳузураш дар Сурия хабар дод. Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.
Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол низ қарор дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар рӯйхати террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар подош ваъда карда буд.