Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Times: Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ кушта шудааст


Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва аз фармондеҳони гуруҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст. Нашрияи бритониёии “Таймс” бо такя ба мақомоти низомии Ироқ рӯзи 15 апрел гуфт, Гулмурод Ҳалимов ҳафтаи гузашта дар ғарби Мавсил – охирин пойгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ – дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳалок гардидааст.​ Амрико барои ёфтани маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд. ​

“Таймс” мегӯяд, ҳалокати афроди алоҳида дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъсири чандоне надорад, "вале кушта шудани Гулмурод Ҳалимов талафоти сангин барои ДИИШ аст".

Як мақоми низомии Ироқ гуфтааст, ки тайи моҳҳои охир Ҳалимов тақрибан се бор ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст. Ва ин манбаъ афзудааст, “Гулмурод Ҳалимов ташкили мудофиаи “ҷиҳодиён”-ро дар Мавсил бар уҳда дошт ва дар паси таркиши садҳо мошини бомбгузоришуда алайҳи Эътилофи байналмилалӣ ҳам ӯ меистад.”

Мавсили Ироқ
Мавсили Ироқ

Мавсил соли 2014 аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" тасарруф шуда, амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои бозпас гирифтани он моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуд. Нерӯҳои давлати Ироқ бо ёрии Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико то кунун тавонистаанд, қисмати шарқии Мавсил ва фурудгоҳро аз ҷангҷӯён пок кунанд. Моҳи марти имсол мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ хабар доданд, ки раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" Абубакр Бағдодӣ аз пойгоҳи ДИИШ дар Мавсил фирор кардааст.

Эълони 3 миллион доллар ҷоиза баро и ҳар навъ маълумот дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод Ҳалимов
Эълони 3 миллион доллар ҷоиза баро и ҳар навъ маълумот дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод Ҳалимов

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол хабари кушта шудани полковники фирориро дарёфт накардаанд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 15 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “то ҳол тасдиқи хабари кушта шудани сарҳанги фирорӣ нарасидааст”. Вай мавриди онки чӣ иттилое дар бораи фаъолияти Ҳалимов дар ихтиёр доранд, гуфт, “моҳи охир дар бораи фаъолияти Гулмурод Ҳалимов ҳеҷ иттилои тасдиқшуда дастрас накардем”.

Дар гузашта ҳам чанд бор хабари захмӣ шудан ваё ҳалокати Гулмурод Ҳалимов пахш шуда буд. Баъдан тарафдоронаш бо нашри аксу навори садоӣ аз зинда будани ӯ дарак доданд. Нашрияи “Таймс” мегӯяд, ҳалокати афроди алоҳида дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъсири чандоне надорад, "вале кушта шудани Гулмурод Ҳалимов талафоти сангин барои ДИИШ аст". "Таймс" мегӯяд, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” “як мураббӣ ва фармондеҳи ботаҷрубаро аз даст дод”.

Гулмурод Ҳалимов қаблан дар мақоми сардори дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ё ОМОН кор мекард
Гулмурод Ҳалимов қаблан дар мақоми сардори дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ё ОМОН кор мекард

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Ҳумайро Мирова
Ҳумайро Мирова

Ба дунболи Ҳалимов, дар аввали соли гузашта ҳамсараш Ҳумайро Мирова, сухангӯи пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ бо чаҳор кӯдакаш ба Сурия рафта буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги зиёдf аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG