Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубин: Гулмурод Ҳалимов ба танҳоӣ наметавонад вазъро тағйир диҳад. ВИДЕО


Барнет Рубин, муҳаққиқи масоили Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ, солҳои зиёд бо Департаменти давлатии Амрико, Созмони Милал ва ниҳодҳои дигари бонуфуз кор кардааст. Ӯ солҳои 90-ум роҷеъ ба ҷанги дохилии Тоҷикистон, сабабҳои сар задани хушунатҳо ва мушкили ҷараёни сулҳ гузоришҳо навиштааст. Барнет Рубин дар студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага ба чанд савол посух дод.

Навори суҳбат:

Рубин: Гулмурод Ҳалимов ба танҳоӣ вазъро тағйир дода наметавонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:33 0:00

Радиои Озодӣ: Осиёи Марказӣ ба марҳилае ворид шуд, ки онро мешавад ҳамчун давраи баъди Ислом Каримов унвон кард. Шумо бо рафтани Каримов кадом тағйиротро дар сиёсати Узбакистон ва Осиёи Марказӣ интизор ҳастед?

Барнет Рубин: "Ман ҳам дар бораи оянда бештар аз Шумо чизе намедонам. Аммо вақте дар бораи Узбакистон сӯҳбат мекунем, бояд чанд чизи муҳимро дар назар гирем. Пеш аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки узбактаборҳо на танҳо дар худи Узбакистон, балки дар тамоми кишварҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Дар баъзе аз ин кишварҳо моҷароҳои қавмӣ рух додааст. Дар гузашта Каримов ба ин ақида буд, ки ҳамсояҳо вазъи Узбакистонро бесубот карда метавонанд ва ин эҳтимол

Мутмаинам, нафарони норозӣ аз ҳукумат пайдо мешаванд, ки ба гурӯҳҳои шӯришӣ мепайванданд. Аммо фикр накунам, ки дар миёни сохторҳои амниятии ин кишварҳо тарафдорони зиёди "Давлати исломӣ" бошанд.
Барнет Рубин

дар оянда побарҷо хоҳад буд. Дигар ин ки вақте раҳбаре мисли Ислом Каримов баъди раҳбарии чанд даҳсола мемирад ва ӯ шахсан фишангҳои қудратро дар дасти худ нигоҳ медошту бо раҳбарони сохторҳои интизомӣ равобити наздик дошт, баъди марги ӯ пешгӯӣ кардани ҳодисаҳои баъдӣ душвору хатарнок аст. Сабаб ин аст, ки қудрати ӯ бештар аз қудрати сохторҳо буд. Ҳоло муҳим нест, ки Кӣ президенти Узбакистон мешавад ва мо намедонем, ки он одам ҳам қудратро ҳамингуна дар даст нигоҳ хоҳад дошт ё на. Кишварҳои зиёд аз назари низову ихтилофҳо мушкил доранд. Дар Узбакистон дар бораи мушкилоти зиёд ошкоро сӯҳбат намекунанд. Вале Каримоҳ бо ҳамин роҳ суботро нигоҳ медошт. Агар тамоми ҳукумат ин қудратро аз даст диҳад ва мардум тарси камтар пайдо кунанд, ҳодисаҳои зиёди дигар сар мезанад, ки назорати онҳо душвор хоҳад шуд."

"Ҳузури Ҳалимов дар Сурия вазъро тағйир намедиҳад"

Радиои Озодӣ: Хабари дигари ду ҳафтаи охир ин аст, ки сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи "Давлати исломӣ" таъин шуд. Мо тасдиқи расмии ин хабарро надорем, вале дар сурати дуруст будани ин хабар, ба назари Шумо, то куҷо ин мавзӯъ метавонад мояи нигаронии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бошад?

Барнет Рубин: "Агар хато накунам, ман як видеои ӯро дидаам. Дар ин видеои начандон пеш ДИИШ иддао кардааст, ки Ҳалимов як фармондеҳи калони низомӣ шудааст. Шояд ин хабари тасдиқкунанади таъиноти ӯ бошад, вале метавонам хато кунам. Агар ӯ танҳо намояндаи сохторҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, бо он шинохте, ки ман дар бораи сохторҳои амниятӣ дар ин кишварҳо дорам, чандон нигарон намешудам. Мутмаинам, ки нафарони норозӣ аз ҳукумат пайдо мешаванд, ки ба гурӯҳҳои шӯришӣ мепайванданд. Вале фикр накунам, ки дар миёни сохторҳои амниятии ин кишварҳо тарафдорони зиёди ДИИШ бошанд. Ҳузури як тоҷик дар Сурия наметавонад вазъро дар Сурияву Ироқ дигар кунад. Ин гурӯҳ дар Тоҷикистон фаъол нест, он дар Афғонистон ва шимоли ин кишвар фаъол аст. Амрико иддао кардааст, ки тавонмандиҳои онҳоро шадидан коҳиш додааст. Бале, ин хабари такондиҳанда барои мақомот аст. Қобили эҳтиром аст, ки мақомоти тоҷик аз ин хабар ба воҳима дода нашуданд ва ба ҳабси шумори зиёди мардум шурӯъ накарданд."

Радиои Озодӣ: Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки на камтар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва бино ба маълумоти истихбороти русӣ, аз 10 то 15 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи ДИИШ меҷанганд...

Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Барнет Рубин
Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Барнет Рубин

Барнет Рубин: "Ман ин рақамҳоро бо шубҳа қабул мекунам, чунки теъдоди воқеии ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар ҳудуди 20-25 ҳазор нафар аст, на бештар аз ин. Аммо дуруст аст, ки ҳатто ҳазор нафар як нигаронии ҷиддӣ аст, чунки хатари бозгашти онҳо мавҷуд аст. Чин ҳам нигарон аст. Аз ин кишвар тахминан 300 нафар рафтаанд ва агар ин одамҳо дарси терроризмро гузашта бошанд, барои ташкили харобкориҳо даҳ ҳазор нафар даркор нест."

"Аз бозгашти ҷангҷӯён ҷилавгирӣ кард"

Радиои Озодӣ: Шуморо дуруст фаҳмидам, ки таҳдидҳои ДИИШ-ро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон ҷиддӣ намебинед, то замоне ки онҳо ба Афғонистон баргарданд ба марзҳо наздик шаванд?

Барнет Рубин: "Шумо бояд ин гурӯҳро ҳамчун хатари эҳтимолӣ дар оянда арзёбӣ кунед ва тамоми корро барои назорати нафароне аз Осиёи Марказӣ, ки дар сафи ДИИШ меҷанганд, анҷом диҳед. Бояд аз бозгашт ва анҷоми амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ кард. Фикр накунам, ки Гулмурод Ҳалимов шумори зиёди кормандони амниятиро намояндагӣ кунад. Ин масъала – мушкили изтирорӣ ва ҳаминлаҳзаина нест. Вале бо ин вуҷуд, он бояд пеш аз пеш ҷиддӣ гирифта шавад, вақте шумори онҳо нисбатан кам аст набояд мунтазир шуд, ки сафи онҳо зиёд ва худи онҳо дар оянда ба як хатари ҷиддӣ табдил шаванд."

"Сиёсат ҳеҷ гоҳ самимият надорад"

Радиои Озодӣ: Биёед, ба рӯйдодҳои 20 соли пеш ба Тоҷикистон баргардем. Шумо рӯйдодҳои Тоҷикистонро гоҳе аз наздик ва гоҳе аз дур мушоҳида мекардед ва то куҷо он замон пешгӯӣ карда метавонистед, ки баъди тахминан 20 соли имзои созишномаи сулҳ ҳукумат мухолифонро бо иттиҳоми терроризм аз кишвар берун мекунад?

Барнет Рубин: "Ман интизори инро надоштам. Фикр мекардам, ки донишҳои ман дар бораи Тоҷикистон нокофӣ аст, аз ин хотир барои ман пешгӯӣ кардани рӯйдодҳо дар ин кишвар душвор буд. Вале воқеият ин аст, ки дар Тоҷикистон ва бахусус дар минтақа тамоюли монополияи қудрат ҷараён дорад. Ман медонистам, ки созишномаи сулҳ созиши комилу ҳамаҷонибаи ҳукумат ва мухолифон набуд. Аслан онҳо зери фишори Русияву Эрон маҷбур шуданд, ки ҳамкорӣ кунанд, чунки ин ду кишвар манфиатдори доштани як пойгоҳи босубот барои мубориза бо Толибон ва Ал-Қоида буданд. Дар миёни онҳо созиши принсипиалӣ вуҷуд надошт."

Радиои Озодӣ: Яъне, ин созиш самимӣ набуд?

Барнет Рубин: "Сиёсат қариб ки ҳеҷ гоҳ самимият надорад. Дар ин ҳолат онҳо зери таъсири берунӣ амал мекарданд."

"Ёриҳои Маскав бо даромади муҳоҷирон тағйири ҷой кард"

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло аз ин назар ояндаи сиёсии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Барнет Рубин: "Самимона бояд гӯям, ки муддатҳои зиёд он ҷо набудам. Баъди шикасти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад ва як сабаби аслиаш ҳам ин буд, ки Тоҷикистон аз ёриҳои ҳукумати марказӣ дар Маскав хеле вобаста буд. Вақте Шӯравӣ барҳам хӯрду Тоҷикистон аз ин кумакҳо бебаҳра монд, мисле ки аз як ҳимоятгаре маҳрум шуд, ки ин ҷумҳуриро дар ваҳдат нигоҳ медошт. Дар натиҷа, гурӯҳҳои мухталиф ё кланҳо барои назорати захираҳое, ки метавонанд усулӣ бошанд, муборизаро шурӯъ карданд. Ҳоло ҳамингуна мефаҳмам, кумакҳои Маскав бо даромадҳои муҳоҷирон тағйири ҷой кард, ки дар Русия кор мекунанд. Даромади онҳо бахши умдаи оидот шудааст. Ҳоло Тоҷикистон ба кишваре табдил шудааст, ки аз тарзи бархӯрди ин кишварҳо бо шаҳрвандонаш вобаста шудааст. Ҳоло дар Амрико ва Аврупо як тамоюли зидди муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Як номзади президентии мо таҳдид мекунад, ки муҳоҷиронро аз қаламрави кишвар пеш хоҳад кард. Ин ҳолат барои пойдории кишвар хеле ҳассосу шикананда аст. Тоҷикистон аз пахта ҳам вобаста аст. Нархи бозор болову поин мешавад. Ин кишвари воқеъ дар бунбаст аст. Аз ин хотир, садҳову чолишҳои зиёде мавҷуд аст, ҳамчунин, дар равобит бо ҳамаи ҳамсояҳо мушкил вуҷуд дорад."

XS
SM
MD
LG