Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирориро, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, барои муҳокима ба додгоҳ супурдаанд.
Як манбаъ дар ин мақомот рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Беҳрӯзи Гулмурод бар тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба “талош барои ҷиноят” ва “зархаридӣ” муттаҳам мешавад. Ин манбаъ гуфт, “ Беҳрӯз бо афроде, ки худро дӯстони падараш муаррифӣ мекарданд, дар тамос буда, бо ҳидояти онҳо талош кардааст, ба назди падараш ба Ироқ биравад.”
Беҳрӯзи 18-сола зимни бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш мустақим иртибот надошт ва то замони боздошт, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таввасути афроде, ки худро дӯстони Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекарданд, аз ҳоли ӯ огаҳ мешуд.
“Дӯстони падараш ба ӯ гуфтаанд, ки агар дидори ӯро хоҳад, ба наздаш сафар кунад” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ. Аммо Беҳрӯзро, ки билети Русияро доштааст, мақомоти Тоҷикистон қабл аз сафар ва дар хонаашон дастгир карданд. Ҳанӯз барои мақомот шахсияти афроде, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо Беҳрӯз ҳамчун “дӯсти падараш” сӯҳбат мекарданд, маълум нест.
Беҳрӯзи Гулмурод, писари калонии Гулмурод Ҳалимов, аз зани аввалаш Назокат Муродова аст ва аввали моҳи апрел дар ноҳияи Варзоб дастгир шуд. Наздикони Беҳрӯз гуфтанд, ки ӯ ба тиҷорати хурд машғул буд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро мегузаронд. Пайвандони Беҳрӯзи Гулмурод моҳи гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қасди сафари ӯ ва он чӣ, ки мақомот мегӯянд, хабар надоштанд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.
Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.
Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.
Ӯ аз ду ҳамсар ҳашт фарзанд дорад. Ҳамсари дуввумаш, Ҳумайро Мирова соли гузашта ҳамроҳ бо чаҳор фарзанди хурдсолаш аз Тоҷикистон фирор кард. Мақомот гуфтанд, ӯ талоши пайвастан ба шавҳарашро дошт, вале сарнавишти ӯ то ҳанӯз маълум нест, ки куҷо шудааст.