Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ваъдаи ҷоиза барои Ҳалимов тасмими ИМА буд"


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини вазир умури дохилӣ ва муовини пешини сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъйини 3 млн доллар подош барои ёфтани маҳалли будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов аз сӯи Амрикоро дар эҳтимоли муваффақият ба даст овардани ин ҷангӣ дар сафҳои "Давлати исломӣ" медонад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи гузашта барои ёфтани маҳалли будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ваъда кард.

Нуралишоҳ Назаров рӯзи 31 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Амрико базаи маълумотҳоро дар бораи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дорад ва эҳтимол дорад иттилое пайдо кардааст, ки Гулмурод Ҳалимов соҳиби авторитет ё нуфуз шудааст. Мумкин аст қумондон ё фармондеҳ шуда бошад, шояд якчанд амалиётҳоро анҷом дода ва ба ин васила нуфузаш баланд шудааст. Барои ҳамин Амрико барои дарёфти иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мукофоти пулӣ то 3 миллион долларро таъин кардааст. Намешуд барои ягон ҷангии дигар ин корро кунад?"

Нуралишоҳ Назаров
Нуралишоҳ Назаров

Ба таъкиди ҷаноби Назаров, Гулмурод Ҳалимов, ки дар гузашта воқеан афсари касбӣ буд ва тактикаи ҷангӣ дошт ва дар амалиётҳо низ иштирок карда буд, давоми 1,5 сол дар сафи "Давлати исломӣ" низ худро нишон дода ва дар амалиётҳо соҳиби нуфуз шудааст.

Ҳамчунин ба бовари Нуралишоҳ Назаров, Гулмурод Ҳалимов, ки ҳамчун террористи байналмилалӣ эътироф шудааст, Амрико хатари ӯро ба ин кишвар ва дигар кишварҳо дарк намудааст ва ба ин далел иқдоми ахирро дар нисбати вай рӯи даст гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Саидмурод Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов, полковники Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди бародараш ва хабари ваъдаи 3 миллион доларии Амрико худдорӣ кард. Вай гуфт, ки "хоҳиш мекунам, ман хизматчии давлатӣ ҳастам ва ман чизеро намедонам, маро монед ба ҳолам."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ҷониби ИМА эълон шудани ҷоиза барои дарёфти маълумот дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, яке аз пешвоёни калидии гуруҳи террористии “Давлати Исломӣ” тасмиме буд, ки аз ҷониби худи Вашингтон гирифта шуд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 31 август дар вокуниш ба ваъдаи Амрико оид ба тақдими 3 миллион доллар ҷоиза барои нафаре, ки макони буду боши Гулмурод Ҳалимовро ошкор мекунад, гуфт, ин хабар барои онҳо ҳам тоза буд. Умарҷони Эмомалӣ дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳеҷ гуна ҳамоҳангие бо Тоҷикистон дар ин замина нашудааст ва худи мо ҳам ин хабарро аз тариқи васоити ахбори омма шунидем”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати дарёфти маълумот роҷеъ ба паноҳгоҳи Гулмурод Ҳалимов ва иттилои дигари марбут ба ин полковники фирорӣ ҳатман бо сохторҳои марбутаи ИМА дар миён мегузоранд. Бовар меравад, ки Ҳалимов зинда буда дар қаламравҳои таҳти назорати ДИИШ қарор дорад.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам иқдоми ахири ҳукумати Амрико дар робита ба тақдими подош барои иттилоъ роҷеъ ба Гулмурод Ҳалимовро тасмиме номиданд, ки аз ҷониби худи амрикоиҳо гирифта шудааст. Як масъули ин ниҳод бо шарти бурда нашудани номаш дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ҳар кишвар худаш тасмим мегирад, ки бо ҷинояткоре, ки барои амнияташ хатар дорад, чӣ чора андешад”. Ин масъули додситонии кулли Тоҷикистон ҳам гуфт, ки сохторҳои интизомии тоҷик омода ҳастанд дар амри дастгир кардани ин нафар бо ҳампаймонҳои дигарашон дар кишварҳои беруна, аз ҷумла ИМА ҳамкорӣ кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон баъди фирори полковник ва эълони пайвастанаш ба сафи ДИИШ дар соли 2014 дар нисбати Гулмурод Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ӯро аз роҳи полиси байналмилалии Интерпол мавриди пайгард қарор дод.

ИМА барои ёфтани Гулмурод Ҳалимов 3 миллион $ ваъда кард. ВИДЕО

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30 август гуфт, барои ёфтани маҳалли будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ваъда кардааст.

Ин нуктаро Курт Райз, ёвари котиби давлатии Амрико оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳо, рӯзи сешанбе дар як нишасти матбуотии телефонӣ аз Вашингтон баён кард. Ӯ гуфт, "мукофот дар ҳаҷми то 3 миллион доллар барои маълумот дар бораи макони будубош, дастгир ё маҳкум кардани Гулмурод Ҳалимов дар чорчӯби Барномаи "Мукофот барои адлия" рӯи даст гирифта шудааст. Афроди огоҳ ҳамагуна хабарҳои худро дар ин замина метавонанд, ба наздиктарин сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ё адреси имейли сохторҳои дипломатии Амрико фиристанд."

Гулмурод Ҳалимов, воқеан, барои ИМА ва Тоҷикистон хатар дорад. Чун зимни ширкат дар давраҳои омӯзишӣ аз усулу шеваҳои мубориза бо терроризм бархӯрдор гардидааст ва метавонад таҷрибаи андӯхтаашро амалӣ намояд.
Курт Райз

Райз афзуд, собиқ полковники нирӯҳои таъиноти махсуси ВКД "снайпери низомӣ буд ва дар солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишӣ дар мубориза алайҳи тероризм, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудаанд, иштирок кардааст. Ҳадаф аз ин давраҳо, омӯзондани мақомоти амнияту корҳои дохилии давлатҳои шарик ҷиҳати ҷилавгирӣ ва фош кардану омода будан ба ҳамлаи террористӣ буд."

Ба таъкиди ёвари котиби давлатии Амрико, вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Гулмурод Ҳалимовро ҳамчун террористи байналмилалии дараҷаи махсус муайян карда, Кумита оид ба масоили ДИИШ ва Ал-Қоидаи назди Шӯрои амнияти СММ нисбат ба ӯ таҳрим ҷорӣ кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вижагиҳо, Курт Райз таъкид кард, ки “Гулмурод Ҳалимов воқеан барои ИМА ва ҳамин тавр Тоҷикистон хатар дорад. Чун зимни ширкат дар давраҳои омӯзишӣ аз усулу шеваҳои мубориза бо тероризм бархурдор гардидааст ва метавонад таҷриӣбаи омӯхтаашро амалӣ намояд”.

ИМА барои ёфтани Гулмурод Ҳалимов 3 миллион $ ваъда кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ӯ дар посух ба суоли он ки чаро ҳукумати Амрико пас аз ҳудуди 1,5 соли пайвастани Гулмурод Ҳалимов чунин иқдомро пеш гирифт, гуфт, “барои мо ин муҳлат, яъне 1,5 сол зарур буд, то тамоми ҷанбаҳоро омӯхта ва ҳаҷми маблағи мукофотро муайян кунем. Зеро мақсад танҳо гирифтани маълумот дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, террористи хатарноки ДИИШ аст."

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.​

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи январи имсол гуфтанд, ки бино ба иттилои онҳо Гулмурод Ҳалимов дар ҷангҳои Ховари Миёна ду бор захмӣ шудааст ва моҳи июл Рамазон Раҳимзода эълон кард, ки "корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои боздошти ӯ идома доранд".

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 1100 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги зиёд аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG