Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмонро Путину Карзай телефонӣ табрик карданд


Валдимир Путин ва Ҳомиди Карзай, раисони ҷумҳури Русия ва Афғонистон табрикоти худро ба Эмомалӣ Раҳмон, аз тариқи гуфтугӯи телефонӣ, ки субҳи имрӯз, ҷумъаи 8-уми ноябр сурат гирфтааст, баён карданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, "Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ, Эмомалӣ Раҳмонро бо пирузӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия рушду густариш меёбанд ва иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард."

Ин манбаъ меафзояд, Владимир Путин аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшону шукуфонии давлати соҳибистиқлоли худ асоси воқеъӣ гузоштанд.

Ҳамчунин ба гузориши хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон низ дар як гуфтугӯи телефонӣ "Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд."

Ин манбаъ менависад, "Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд."

Аммо Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон бо ирсоли номаи шодбошӣ унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, табрикоти самии худро ба ин муносибат баён кардааст.

Раиси ҷумҳури Эрон ибрози умедворӣ намудааст, ки муносиботи бародарона ва дӯстонаи Эрон бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф густариш пайдо хоҳад кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, то шоми 7 ноябр руасои ҷумҳуриҳои Чину Узбакистон ва Қазоқистону Беларус ҳам Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфтаанд.

Раиси Ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпин дар барқияи табрикиаш ҳамтои тоҷики худро бо пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҷумла навиштааст, "бовар дорам, ки Тоҷикистон таҳти раҳбарии шумо ба комёбиҳои боз ҳам бештаре дар роҳи таҳкими давлатдориаш даст хоҳад ёфт."

Раҳбари Чин бо таъкид ба ин нукта ки дар соли 2013 равобити Чину Тоҷикистон расман ба марҳалаи мушорикати стратегӣ гузашт, гуфтааст, "бо ҳамин имконоти бесобиқае барои рушди равобити дуҷониба таҳия шудааст ва ман омодаам, ки якҷо бо Шумо барои пешбурди равобити амалӣ дар чорчӯби мушорикати стратегии Чину Тоҷикистон ба сӯди кишварҳо ва миллатҳои мо тамоми талошамро ба харҷ бидиҳам."

Паёми муҳим(тарин) аз Тошканд

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар барқияаш бо табрики пирӯзӣ ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, "ин пирӯзӣ аломати боварии зиёди мардум ба Шумо ва сиёсати шумо ба хотири ҳифзи субот ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум аст. Бовар дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мақоми баланд ба шукуфоии бештари Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард." Ислом Каримов, ҳамин тавр, изҳори итминон кардааст, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми раҳбарии Тоҷикистон "дар оянда ҳам ба рушду таҳкими минбаъдаи равобити Узбакистону Тоҷикистон, ки ба умумияти таърихӣ, ҳусни ҳамсоягӣ, ҳусни эҳтиром ва ба инобати гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтааст, мусоидат хоҳад кард."

Табрикоти Каримов дар ҳоле ба Душанбе мерасад, ки равобити ду кишвари ҳамсоя дар солҳои охир марҳалаи сахтеро пушти сар мекунад ва бисёер аз нозирони умур, дар ин сардии уфтода таъсири муносиботи сарди шахсӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримовро асосӣ мешуморанд. Ислом Каримов дар ҳоли ҳозир аз мухолифони сарсахти муҳимтарин тарҳҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла буёди нирӯгоҳҳои азим, бо шумули нирӯгоҳи Роғун дар дарёҳои Тоҷикистон, ва сохтани роҳҳои оҳану лӯлаҳои газ тавассути ин кишвари ҳамсояаш мебошад.

Табрикоти гарм аз Остонаву Минск

Яке аз нахустинҳо шуда, руасои ҷумҳуриҳои Қазоқистону Беларус Нурсултон Назарбоев ва Аляксандр Лукашенка Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфтаанд.

Назарбоев (аз рост) ва Лукашенка(аз чап)
Назарбоев (аз рост) ва Лукашенка(аз чап)
Назарбоев ғалабаи Раҳмонро аломати боварии зиёди мардуми Тоҷикистон ба раисиҷумҳури кунунӣ ва хати маши ӯ ба ҳифзи субот ва беҳбуди мардум унвон кардааст ва ҳамчунин изҳори умед кардааст, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Қазоқистону Тоҷикистон, ки бар анъанаҳои дӯстӣ ва ҳусни эҳтиром асос ёфтааст, дар оянда низ ҳамчунон ба сӯди ду халқи бародари рушду равнақ ва таҳким хоҳад ёфт.

Аляксандр Лукашенка низ дар номаи табрикиаш пирӯзии ҳамтои тоҷикашро нишонаи пуштибонии мардум аз сиёсати ҳукумати ӯ унвон кардааст. Раисиҷумҳури Беларус ҳамчунин гуфтааст, "табиати фаъолони ҳамкории дуҷониба байни Беларусу Тоҷикистон дар оняда низ густариш ёфта, дар рӯҳияи мушорикати созандаву судманд тақвият хоҳад ёфт."

"Президент имрӯз сари кор буд"

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи эълони пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ кадом чорабинии хосеро дар назар нагирифтааст ва ба гуфтаи сухангӯяш, ба сурати маъмулӣ сари кор аст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр ба Озодӣ гуфт, бо вуҷуди эълони натиҷаҳои интихобот имрӯз барои президент Эмомалӣ Раҳмон як рӯзи муқаррарии корӣ аст. Ӯ афзуд, дар имруз ҳеҷ гуна нишаст ё иқдоми хосе аз тарафи президент доир нашуда ва дар назар низ гирифта нашудааст. Абдуфаттоҳ Шарифзода гуфт, «имрӯз раиси куммиссиюни марказии интихобот изҳор дошт, ки натиҷаи расмии ҷамъбастии интихобот пас аз 10 рӯз нашр мегардад ва шояд пас аз он дар масъалаи иқдомоти президент шавад ҳарф зад.»


Оғози омодагиҳо ба маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон

Ин дар ҳолест, ки қарор аст, имрӯз, соати 20-00 дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе тамринҳои ниҳодҳои қудратӣ ба хотири омодагӣ ба маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин тамринҳо ҳудуди 5 ҳазор сарбози ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла сарбозони вазорати дифоъ ширкат хоҳанд кард. «Дар рӯзи адои савганди президент сарбозону афсарони ниҳодҳои қудратӣ низ ба ӯ ба унвони сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд,» - зикр кард Фаридун Маҳмадалиев.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз интихоботи рӯзи 6 ноябр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллиро барои рӯзи 11 ноябр даъват кард. Дар ин иҷлосия, қарор аст, рӯзи адои савганди президент низ таъйин шавад.

Эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон субҳи 7 ноябр эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 86,6 дар сади интихобкунандагон ширкат карда ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ ва номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ баранда шудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ имрӯз паншанбеи 7-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ зимни натиҷагирии муқадаммотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки «ба ҷонбидорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, 83,6 дар сад ё 3 миллиону 23 ҳазору 754 нафар, Исмоил Талбаков 5 дар сад ё беш аз 186 ҳазор, Олим Бобоев 3,8 дар сад ё беш аз 140 ҳазор, Толиббек Бухориев 4,5 дар сад ё 166 ҳазору 224 нафар, Абдуҳалим Ғаффоров 1,5 дар сад ё 54 ҳазору 148 нафар ва Саидҷаъфар Исмонов 1 дар сад ё 36 ҳазору 572 нафар раъй додаанд."

Ҷаноби Шоҳиён раванди омодагӣ ва баргузори интихоботи президентиро тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ арзёбӣ кард.

Бино ба иттилоъи расмии КМИР, дар интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафар интихобкунанда, 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 дар сади интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Куммисссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои баргузории интихоботи президентӣ, дар ҳудуди кишвар 68 ҳавза ва 3158 қитъаи интихоботӣ ташкил шуда буд. Ҳамзамон дар 27 кишвари хориҷӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, 61 қитъаи интихоботӣ ташкил шуда буд, ки аз ин теъдод, 24-тои он дар Федератсия Русия будаанд. КМИР ҳамзамон мегӯяд, ки раванди ин интихоботро бештар аз 500 нозири байналмилалӣ ва 100 нафар аз намояндагони хабаргузориҳои хориҷӣ, ба иловаи 6 ҳазор нозирони дохилӣ мушоҳида карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, шумораи нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) 183 нафар, нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 159 нафар, Ассамблеяи Парлумонии САҲА 48 нафар ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 35 нафарро ташкил додаанд.

Шумораи нозирон аз Парлумони Аврупоро 9 нафар, аз Созмони Ҳамкории Шонҳой 8 нафар, 33 нафар нозирони байналммилалӣ аз Амрико, 8 нафарӣ аз Чину Британияи Кабир ва Ҷопон, инчунин 2 нафар аз Арманистон ва 1 нафар аз Фаронса будаанд.

КМИР ҳанӯз соати 14-00-и рӯзи 6-уми ноябр аз ширкати 68 дарсади мардум дар раъйгирӣ хабар дода гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистонро метавон баргузоршуда хонд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои таъмини машрӯъияти интихоботи ширкати беш аз 50 фоизи мардуми соҳиби ҳаққи овоз кофист.

Тоҷикон дар Шарқи Дур ҳам раъй доданд

Дар ҳавзаи интихоботии шумораи 39 (Сафорати Тоҷиистон дар Федератсияи Русия) 94,3 дарсади шаҳрвандони тоҷики дар сафорат сабтиномшуда раъйи худро додаанд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҷараёни раъйдиҳӣ дар сафоратро нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ ва намоянагони васоити ахбори Русия назорат карданд.

Аз ҷониби дигар сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, тоҷикистониёни муқими Шарқи Дури Русия дар маъраки интихоботӣ ширкат карданд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба "Озодӣ" гуфт, ки 2300 шаҳрванди Тоҷикистон раъйи худро дар ҳавзаи шумораи 61 воқеъ дар шаҳри Хабаровск ба сандуқҳо рехтанд.

"Русия 24" интихоботи Тоҷикистонро аз Амрико фарқ намекунад?

Шабакаи телевизионии хабарии Русия – “Русия 24” рӯзи 6 ноябр дар титрҳояш интихоботи президентии Тоҷикистонро интихоботи Амрико навиштааст. Дар титрҳои барномаи "Русия 24" - шабакаи давлатии телевизионии Русия навиштаанд, ки “Дар Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико идома дорад.” Ин иштибоҳи зоҳиран фаннӣ вокунишҳои манфиеро дар Тоҷикистон ба бовар овард. Бисёриҳо бо ишора ба танишҳои мудавоми байни раҳбарони Русияву Тоҷикистон мегӯянд, баъид нест, агар шабакаи русӣ ин корро барқасд карда бошад.

Маскав: Сандуқҳо дар даст дар ҷустуҷӯи интихобкунандагони тоҷик

Раъйдиҳӣ дар бинои сафорат дар Маскав
Раъйдиҳӣ дар бинои сафорат дар Маскав
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки то соати 14-00 ба вақти Маскав дар қитъае, ки дар бинои сафорат, дар тангкӯчаи Гранатний ташкил шудааст, 61,2 дарсади шаҳрвандони тоҷики дар сафорат сабтиномшуда раъйи худро додаанд. Барои таъмини ширкати муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои бузурги Русия 24 қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, аъзои куммиссиюни интихобот сандуқи раъйдиҳӣ дар даст ба чанд бозори бузургу миёнаи умдафурӯшӣ ва сохтмонҳое, ки тоҷикон кор мекунанд, низ рафтаанд. Як қисми аъзои ин куммиссиюн то ҳол дар чанд сохтмони шаҳру вилояти Маскав – маҳалли кори муҳоҷирони тоҷик - қарор доштаанд.

Нозирони САҲА: Хулосаамонро баъди интихобот хоҳем гуфт

Раҳбари нозирони САҲА мегӯяд, онҳо то анҷоми раъйгирӣ ва шумориши оро назораташон бар интихоботи президентии Тоҷикистонро идома хоҳанд дод. Гордана Сомич, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА рӯзи 6 ноябр дар Душанбе ба хабаргуӯории Ройтерс гуфтааст: “мо шоҳиди мардуми зиёд ва занони зиёде ҳастем, ки ба марказҳои овоздиҳӣ меоянд. Ман намедонам, ки занон ҳамеша чунин овоз медиҳанд ё имрӯз истисноист, вале аз дидани занҳое, ки ба овоздиҳӣ мераванд, хеле хушам омад. Ҳамачиз то ин соат то ҷое хуб мегузарад.”

Аммо хонум Сомич дар ҳоли ҳозир, ки раъйдиҳӣ ҳанӯз идома дорад, аз шарҳи мавридҳои нақзи қонун дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон худдорӣ кардааст: “Мо дар давоми рӯз хоҳем дид, ки оё дар инҷо кадом мавриди поймол шудани ҳуқуқи интихобкунандагон буд ё на? Ягон мавриди нақзи ҷараёни раъйгирӣ буд ваё ҳамачиз дар ниҳоят хуб хоҳад гузашт. Ва танҳо баъди баста шудани ҳавзаҳо ва шумориши оро, мо изҳороти ниҳоӣ ва хулосаҳои ниҳоии худро омода мекунем. Ман умедворам, ки ин як рӯзи хубе барои мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд.”


КМИР интихоботро баргузоршуда эълон кард

КМИР мегӯяд, то соати 14-и рӯз 68 дарсади мардуми соҳиби ҳаққи раъй дар интихоботи президентии Тоҷикистон раъй додаанд. Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) гуфт, ки то соати 1400 имрӯз, 68 дарсади интихобкунандагон раъйи худро доданд ва бо ҳамин инихоботи президентӣ баргузоршуда дониста шуд. Тибқи қонун, барои баргузоршуда эътироф кардани интихобот ширкати беш аз 50 дарсади интихобкунандагон кофист. Аммо оқои Додоев гуфт, феълан раъйгирӣ идома дорад ва мизони ширкати мардум то соати 20-00 ҳатман аз 68 дарсади кунунӣ хеле бештар хоҳад шуд.

Раҳбари нозирони ИДМ: «Муҳим пас аз интихобот субботу оромӣ пойдор бошад

Хабарнигорони Озодӣ аз нахустин мавридҳои нақзи қонуни интихобот дар навоҳӣ хабар медиҳанд, вале нозирон аз ИДМ ва Созмони Шанхай мегӯянд, ягон тақаллубро ҳанӯз мушоҳида накардаанд.

Раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) мегӯяд, муҳим аз ҳама ин аст, ки пас аз интихобот оромиву субот дар Тоҷикистон пойдор бошад. Сергей Лебедев, ки ҳамроҳ бо иддае аз нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ аз қитъаи раъйдиҳии шумораи 4, воқеъ дар маҷмааи «Душанбе – Плаза» ба ҷараёни интихобот назорат мекард, гуфт, ки «интихоботи президентии Тоҷикистон бо ҳузури 6 номзад, ба таври алтернативӣ ҷараён дорад ва интихобкунандагон низ метавонанд номзади арзандаи худро интихоб кунанд.» Вай гуфт, «албатта, интихобот як марҳалае аст, вале муҳим он аст, ки пас аз ин маъракаи сиёсӣ, суботу оромӣ дар Тоҷикистон пойдор бошад ва роҳи рушде, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, идома ёбад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Лебедев, тибқи мушоҳидаи нозирони ин созмон, интихобот ба таври муташаккилона ва бо ҳузури густардаи интихобкунандагон ҷараён дорад ва мавориди тақаллуб ба мушоҳида нарасидааст.

Қаблан муовини дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ дар пайи боздид аз маркази раъйдиҳии воқеъ дар бинои Иттиҳодияи адибон дар Душанбе гуфт, нозирони ин созмон то ин соат ягон мавриди нақзи қонун дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд.

Нурлан Оққӯчқоров гуфт, «нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамеша дар тамос ҳастанд ва аз гузоришҳои онҳо бар меояд, ки то кунун ҳеҷ мавриди нақзи қонун дар раванди баргузории интихобот ба мушоҳида нарасидааст.» Ин масъули СҲШ ва нозири байналмилалӣ мӯътақид аст, ки интихобот дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дар чорчӯби қонунҳои ин кишвар ва ба таври демократӣ, озод ва шафоф баргузор хоҳад шуд.

Ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозир, аз ҷумла 165 нозири САҲА ва 150 нозир аз СНГ, назорат мекунанд.

Зариф Ализода дар яке аз қитъаҳо
Зариф Ализода дар яке аз қитъаҳо
Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти қитъаҳои раъйдиҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шафоф ба роҳ монда шудаанд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти омбудсмен ҷаноби Ализода, пас аз раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботии шумораи 5 –и ноҳияи Фирдавсӣ, аз чанд маркази раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла марказҳои шумораи 12, 22, 30 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар биноҳои асосии Донишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва аграрии Тоҷикистон ва қитъаи шумораи 4 ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар «Душанбе-Плаза», дидан кардааст.

Омбдусмен Зариф Ализода дар пайи сӯҳбат бо масъулони ин қитъаҳо, нозирон ва намояндагони матбуот ба ин хулоса расидааст, ки кор дар қитъаҳои интихоботии мазкур мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шаффоф ба роҳ монда шудаааст ва шаҳрвандон дар ҷараёни раъйдиҳӣ фаъолона ширкат доранд.

Вале хабарнигорони радиои Озодӣ чанд тақаллуб дар раванди интихоботро сабт карданд, ки аз тарафи раъйдиҳандагон ба мушоҳида расидааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар 3 маркази раъйдиҳии шумораҳои 63, 65 ва :7, воқеъ дар шаҳраки Шифо ва рустои Қирғизон и ноҳияи Ваҳдат мавориди нақзи қонуни интихоботро мушоҳида кардаанд. Аз ҷумла ба ҷои чанд узви хона додани як нафар ё бидуни шиноснома ба раъйдиҳӣ омадани интихобкунандагон.
Як зани кӯҳансол ҳам аз номи худ ва ҳам аз номи панҷ фарзандаш раъй дода, дар шарҳи ин гуфт, фарзандони ӯ дар муҳоҷират қарор доранд ва намояндагони қитъа мувофиқат кардаанд, то вай ба ҷои онҳо раъй диҳад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ занеро низ вохӯрданд, ки дар даст 10 баргаи раъй дошт ва аз номи аҳли хонаводааш раъй медод. Ин зан гуфтааст, ки шавҳару фарзандон ва келинҳояш вақт надоранд ва ба ҷои ҳамаи онҳо танҳо худи ӯ омадаст. Аммо масъулони қитъаҳои интихоботӣ мавридҳои нақзи қонунро рад карда ва гуфтаанд, ки ин гуна маворид ночиз аст. Ба гуфтаи онҳо, то ин соат дар шаҳраки Шифо ва рустои Қирғизон 80 дарсад раъйи худро додаанд.

Аз сӯи дигар хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар ин се маркази раъй танҳо як нозир ва он ҳам аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон раванди интихоботро назорат мекард. Хабарнигорон дар ҳеҷ кадои ин қитъаҳо бо нозирони байналмилалӣ вонахӯрдаанд.


Тақаллубкорӣ дар интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00


Нурлан Оққӯчқоров гуфт, ки фардо, 7-уми ноябр ҳайати нозирони интихоботии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар як нишасти хабарӣ хулосаи назораташон бар раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистонро эълон хоҳанд кард.

Дар интихоботи президентии Тоҷикистон 9 нозир аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳузур доранд.

То ин соат 40 дар сади интихобкуннадагон пои сандуқҳои раъй рафтаанд

Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки то соати даҳ 40 дарсади интихобкунандагон дар интихоботи президентӣ ширкат карданд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ гуфт, ки "то соати 10:00 дақиқа, беш аз 1 миллиону 690 ҳазор интихобкунанда дар интихобот ширкат карданд, ки ин 40,1 дар сади кулли раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад."

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки КМИРТ ҳар чор соат натиҷаи ширкати интихобкунадагон дар интихоботи президентиро эълон хоҳад кард.

Ба ин тартиб ба гуфтаи раиси КМИРТ, ин ниҳоди интихоботӣ соати 14.00 ба вақти Душанбе низ натиҷаҳои ширкати интихобкунандагон дар интихоботи президентиро натиҷагирӣ ва эълон хоҳад кард.


Интихобот-2013
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Хабарнигорони радиои Озодӣ дар ҳавзаҳо ва марокизи раъй, мегӯянд, бо вуҷуди субҳи барвақт, сокинони пойи сандуқҳои раъй меоянд ва ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назарашон овоз медиҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, ҳарчанд шумораи раъйдиҳандагон аз субҳ камранг аст, аммо масъулони ҳавзаҳо ва марказҳои раъй ибрози умедворӣ мекунанд, ки дар соатҳои баъдӣ шумораи интихобкунандагон афзоиш хоҳад ёфт.

​Дар шаҳри Душанбе вазъ ором аст ва дар кӯчаву хиёбонҳо мардум ва воситаҳои нақлиёти зиёде ба назар намерасад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон бо таҷлили Рӯзи Қонуни Асосии кишвар – 6-уми ноябр рост меояд. Ба ин хотир имрӯз таътил аст ва дар шаҳри Душанбе "сайругашти идона" ҳам сурат мегирад.

Арқому аснод ва таърихчаи интихобот-2013

Куммисиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) барои ширкат дар ин раъйгирӣ 4 миллиону 34 ҳазор нафари соҳиби ҳаққи райъ аз 8 миллион аҳолии ин кишварро сабти ном кардааст.

Овоздиҳӣ дар 68 ҳавзаву 3158 қитъаи интихоботӣ аз соати шаши субҳ то ҳашти шом сурат мегирад. Ба ҳисоби КМИРТ, ҷараёни интихоботи имсолаи президентии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ, аз ҷумла 165 нозири САҲА, 150 нозир аз кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ) ва намояндагони 80 расонаи байналмилалӣ назорат хоҳанд кард. Аз ин миён муҳимтар аз ҳама назари ҳайъати нозирони САҲА аст, ки то имрӯз ягон интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардааст ва дар нахустин арзёбиаш аз интихоботи имсола низ фазои интихоботи Тоҷикистонро орӣ аз рақобати воқеъӣ баҳо додааст.

Номзадҳо ба президентӣ
Номзадҳо ба президентӣ
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд. Аксари нозирони умур бар ин боваранд, ки ин маърака бо пирӯзии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт.

Талошҳои мухолифин барои пешбарии номзади ягонаашон – Ойниҳол Бобоназарова - ҳанӯз дар марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо тамом шуд. Ситоди Бобоназарова ба ҷои 210 000 имзое, ки КМИРТ аз ҳар номзад тақозо мекард, танҳо 202 000 имзо ҷамъ овард ва ба ин далел, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд. Мухолифон аммо ин тақозои КМИРТ-ро як садди сунъӣ барои тоза кардани майдон аз рақибони номзади ҳизби ҳоким хонданд. Ҳизби наҳзати исломӣ ба дунбол эълон кард, ки дар интихоботи рӯзи 6 ноябр ширкат намекунад. Ҳизби сотсиал-демократ, узви дигари Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ, гуфт, интихоботи президентиро таҳрим мекунад.

Мунтақидон мегӯянд, бо берун шудани Ойниҳол Бобоназарова интригаи интихоботи имсола аз байн рафт ва майдонро барои президенти кунунӣ берақиб гузошт. Чунки ба бовари бисёриҳо, 5 номзади дигар низ амалан аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тарафдорӣ мекунанд ва дар асл танҳо барои алтернативӣ ҷилва додани ин маърака номзад шудаанд.

Имсол барои таъмини ширкати шаҳрвандони тоҷике, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, дар хориҷ аз Тоҷикистон низ дар 27 кишвар 61 қитъаи интихоботӣ таъсис додаанд. Аз ҷумла 24 қитъа дар бузургтарин шаҳрҳои Русия – макони асосии муҳоҷирати кории шаҳвардони тоҷик – таъсис дода шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, рӯзи 6 ноябр барои ширкати муҳоҷирон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон “дар шахри Москва, бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославль, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмень, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм, Хабаровск ва дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) қитъаҳои интихоботӣ кушода хоханд шуд.”

Мақомоти Русия ахиран шумори муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар 1,3 миллион бароварданд карданд. Мунтақидон мегӯянд, гумон аст, ки 24 қитъаи ташкилшуда битавонад ширкати ҳамаи ин мардумро дар интихоботи рӯзи 6 ноябр таъмин кунад, зеро амалан ба ҳар қитъаи интихоботӣ дастикам 55 000 интихобкунанда рост меояд ва ягон қитъа дар давоми як рӯз овоздиҳии чунин шумори бузурги райъдиҳандагонро таъмин карда наметавонад.

Аз тарафи дигар, аз ҳаққи додани имзо ба тарафдории номзадҳо маҳрум кардани муҳоҷирон ва ба ин корзор роҳ наёфтани мухолифин метавонад оташи шавқи тоҷикони муқими Русия барои ширкат дар интихоботи президентии имсоларо коҳиш диҳад. Барои қиёс, дар интихоботи парлумонии соли 2010-уми Тоҷикистон аз миёни муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳамагӣ 97 ҳазор нафар ширкат карданд.

Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тибқи Қонуни асосиаш, раисиҷумҳур барои 7 сол интихоб мешавад.

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон(сентябри соли 2013)
Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон(сентябри соли 2013)
Дар нахустин интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1990 дар Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистони ҳанӯз Шӯравӣ - доир шуд, Қаҳҳор Маҳкамов нахустин раисиҷумҳур интихоб шуд. Аммо ӯ баъди ҳамагӣ 8 моҳ, дар моҳи августи соли 1991 таҳти фишори эътирозҳои густарда истеъфо дод.

Моҳи ноябри соли 1991 дар нахустин интихоботи саросарии президентӣ аз байни 10 номзад Раҳмон Набиев ғолиб омад, вале ӯ ҳам баъди камтар аз як соли раёсат, дар таърихи 7 сентябри соли 1992, қабл аз парвозаш ба Хуҷанд дар фурудгоҳи Душанбе таҳти фишори гурӯҳҳои силоҳбадаст аризаи истеъфо навишта, аз мақом рафт.

Дар се интихоботи баъдӣ дар солҳои 1994, 1999 ва 2006 раҳбари кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд. Эмомалӣ Раҳмон алакай 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 6 ноябр, ки касе ба он шакк надорад, метавонад то соли 2020 дар мақомаш бимонад ва собиқаи раҳбариаш бар Тоҷикистон - фақиртарин кишвари пасошӯравиро ба 28 сол бирасонад.
XS
SM
MD
LG