Дар ҷараёни овоздиҳии президент Эмомалӣ Раҳмон, танҳо як аксбардор ва як наворбардори шахсии президент ширкат хоҳад кард. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, тибқи дастуре, ки то ҳол ба дасти онҳо расидааст, дар ҷараёни раъйдиҳии президент дар ҳавзаи интихоботи воқеъ дар мактаби шумораи 53-и пойтахт, танҳо як аксбардор ва як наворбардори шахсии президент ҳузур хоҳад дошт. Оқои Шарифов афзуд «то ҳамин ҳоло дастур аз боло чунин аст, вале агар ин тасмими тағйир дода шавад, ҳатман хабарнигоронро дар ҷараён хоҳем гузошт».
Абдуфаттоҳ Шарифзода афзуд, ки намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва дохилӣ ба ин ҳавзаи интихоботӣ даъват нашудаанд ва хабарнигорони васоити ахбори ҳукуматиро низ даъват накардаанд. Ба назар мерасад, ки ин бори аввал аст, дар ҳавза ва ё минтақаи раъйе, ки президент варақаи худро ба сандуқи овоз меандозад, намояндагони ВАО даъват карда нашудаанд. Дар робита ба сабабҳои ин тасмим ҳануз шарҳе ҷой надорад.