Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР барои интихобот 2 миллион $ сарф кардааст


Бо поёни раванди таблиғу ташвиқоти номзадҳо, масъулони КМИР мегӯянд, тамоми хароҷоти ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо истифода аз маблағҳои буҷа сурат мегирад.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ, ҳазинаи баргузории интихоботи президентиро бештар аз 10 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 2 миллион доллар унвон кард ва гуфт, ки ин миқдор маблағ барои тамоми чорабиниҳои интихоботӣ, назири сафарҳои хидматӣ, баргузории давраҳои омузишӣ, таблиғу ташвиқи номзадҳо, чопи маводҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ ва дигар иқдомот сарф мешавад. Ба ин тартиб КМИР барои барномаҳои таблиғу ташвиқи ҳар номзади интихоботӣ, ки дар маҷмуъ 6 нафар ҳастанд, 25 ҳазорӣ, сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар тахсис додааст.

Нархи интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим

Аммо раҳбари дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки ниҳоди онҳо дар ин интихобот аз созмонҳои байналмилалӣ як танга ҳам нагирифтаанд, «мо ба кӯмаки онҳо (созмонҳои байналмилалӣ) муҳтоҷ нестем. Чанд созмони байналмиллалӣ пешниҳоди кӯмак кард, аммо мо рад кардем. Чун мо маблағ дорем. Ин интихоботи Тоҷикистон аст. Барои ҳамин дар ин интихобот мо аз ягон созмони байналмилалӣ як тин нагирифтем. Мо худамон интихоботро бо пули худамон мегузаронем».

КМИР мегӯяд, барои интихоботи президентӣ аз созмонҳои хориҷӣ як танга ҳам нагирифтаанд.
КМИР мегӯяд, барои интихоботи президентӣ аз созмонҳои хориҷӣ як танга ҳам нагирифтаанд.
Ба гуфтаи Абдуманон Додоев, ҳатто дафтари САҲА чандин бор барои баргузории семинарҳои муштараки омӯзишӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард, аммо КМИРТ онро рад кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони дафтари САҲА дар Душанбе гуфтанд, ки тарҳҳоеро дар робита ба интихоботи президентии Тоҷикистон рӯи даст гирфтанд ва яке аз иқдомот, ки дар ҳамкорӣ бо КМИРТ анҷом шуд, омӯзиши интихобкунадагон қабл аз баргузории интихобот будааст.

Дар ин самт ба таъкиди ин масъулон, бар иловаи чопи маҷмуаҳои иттилоотӣ иборат аз суолу ҷавоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ, ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ бо ширкати мутахассисону намояндагони КМИРТ ва дафтари САҲА дар тамоми манотиқи Тоҷикистон анҷом мешавад, ки ба интихобкунандагон имкон медиҳад то дар рӯзи интихоботи президентӣ ширкати фаъол дошта бошанд. Ҳатто масъулони дафтари САҲА мегӯянд, ки дар пайи ин маърака, беш аз 30 ҳазор интихобкунандагон мустақиман ва 50 ҳазор нафари дигар тариқи дарёфти маҷмуаҳои иттилоотӣ огоҳ хоҳанд шуд. Бо ин ҳам масъулони дафтари САҲА дар мавриди маблағҳои сарфшуда барои интихоботӣ президентии Тоҷикистон изҳори назар намекунанд.

Аммо аксари номзадҳои интихоботӣ гуфтанд, ки маблағе, ки аз сӯи КМИР барои таблиғу ташвиқи онҳо ҷудо шуда буд, нокофӣ аст. Ин аст, ки Абдуҳалим Ғаффоров, номзади ҳизби сотсиалистӣ ба ҷузъ аз маблағи тахсиснамудаи КМИРТ, боз аз ҳисоби ҳизб ва шахсони саховатпеша 40 ҳазор сомонии дигар дар ин раванди масраф кардааст.

Саъидфаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократии Тоҷикистон бошад, мегӯяд, вай асосан аз ҳисоби худаш ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ ё муодили 30 ҳазор доллар хароҷоти интихоботӣ доштааст. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Исмонов, «25 ҳазор сомонӣ ҳеҷ чиз намешавад. Барои 5 -6 ҳазор нусха нашрияро чоп кардан, ҳазор доллар сарф шуд. Ҳол он ки мо 50 – 60 ҳазор танҳо газета чоп кардем. Бар илова, варақаҳову плакатҳо ва дигар маводҳои таблиғотӣ, сафарҳои гурӯҳҳои ташабускор ва дигар хароҷотҳо ҳаст, ки бояд пардохт шавад.»

Аммо номзади ҳизби коммунист, Исмоил Талбаков бештар аз суи дӯстону ҳаммаслаконаш барои таблиғоташ маблағ пайдо кардааст, ки куллан беш аз 120 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 25 ҳазор долларро ташкил медиҳад, «албатта дар масъалаи маблағ танқисӣ надоштам, чун як қисм маблағро писарам дод, Шодӣ Шабдолов як маошашро кӯмак кард, маоши худамро низ сарф кардам. Ин маблағҳоро барои чопи нашрияву маҷмӯаҳо, хароҷоти нақлиёт, роҳкирои шахсони бовариноку гурӯҳҳи ташабускор, одамонро зиёфат додан сарф кардем.»

Аммо бо он ки хароҷоти интихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ва номзад аз ҲХДТ бештар аз дигар номзадҳо аст, масъулони ин ҳизб танҳо гуфтанд, номзади онҳо дар чорчуби қонуни интихобот маблағҳоро сарф кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи тасмими КМИРТ, бар иловаи маблағи 25 ҳазор сомонии ҷудокардаи ин ниҳод, номзадҳо ҳақ доштанд, ки то ҳудуди 200 ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби худу ҳизбашон ва шахсони ҳаводор истифода кунанд.

Дар ин росто нозирони умур мегӯянд, агар хароҷоти сафарҳои раиси ҷумҳур ба минтақаҳои кишвар, ки дар муддати ду моҳи охир дошт, ҳисобу китоб шаванд, чандин маротиба бештар аз маблағҳои таъинкардаи КМИРТ хоҳанд шуд. Ҳарчанд масъулони ҲХДТ мегӯянд, ин сафарҳои кории раиси ҷумҳур рабте ба барномаҳои қабл аз интихоботии вай надоранд.

Бо ин ҳам соҳибназарон мегӯянд, интихоботи феълӣ, ки бидуни рақобат ва асосан номзадҳо аз ҳизбҳои моил ба давлат ва ё ба истилоҳе «кисагӣ» ширкат доранд, ниёзе ба хароҷоти маблағҳои ҳангуфти буҷавӣ надоштааст.

Чун ба таъкиди Абуносир Шарифзода, соҳибназари тоҷик, «номзадҳое, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудаанд, дар миёни мардум шинохташуда нестанд ва барои ин хароҷоти зиёд кардан низ лозим набуд. Шояд ба хотири пур кардани халои интихоботӣ ва истифода аз он ин корҳо сурат гирифтааст».

Ин соҳибназари тоҷик муътақид аст, ки ҳузури чанд номзад ва он ҳам аз ҳизбҳои ба истилоҳ «кисагӣ», саҳнасозӣ ба хотири ҷилва кардани демократия дар Тоҷикистон аст.

Вай мегӯяд, ба ҷои ин қадар сарфу хароҷоти маблағи будҷа, ки аз андози ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҷамъ шудааст, беҳтар мебуд, корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардид ва мардум соҳиби ҷойи кор мешуд ва ру ба муҳоҷират намеовард.
XS
SM
MD
LG