Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зангирии Абдулло. Танҳо баъд аз интихобот...


Абдулло Ашӯров
Абдулло Ашӯров

Чунин ба назар мерасад, ки ин шабу рӯзҳо мардуми Тоҷикистон ҳамаи корҳои худ, аз табобати худ то харид кардану гузаронидани маъракайи тӯй ва ҳатто одитарин кори маъмулиро баъд аз интихобот мондаанд.

Аз ҳамкорам Абдулло Ашӯров, ки гап-гапи хонадоршавияш ним сол боз ба гӯш мерасид, пурсидам, кай сарашро ҷуфт карданист, гуфт, “насиб бошад, баъд аз интихобот. Зиёд нафаҳмидам, ки тӯй ба интихобот чӣ дахл дорад ва бо афсӯс аз зиёфати дерафтода, машғули гузориш шудам. Аммо шахси масъуле ҳам, ки иттилои дасти аввалро соҳиб буд, аз зангҳои паёпайи ман ба танг омад ва билохира, нарм шудаву ваъдаи ҷолибе дод: “Ҳатман сӯҳбат мекунам, вале баъд аз интихобот.”

Яъне боз бояд мунтазир шавам. Воқеае ба ёдам омад, ки субҳи имрӯз рӯй дод. Фурӯшандае, ки натавонист моли зарурии маро пайдо кунад, гуфт, ин матоъи хуб баъд аз интихобот ба дӯконаш оварда хоҳад шуд.

Аҷаб, гӯё ҳама зиндагии худро то давраи баъд аз интихобот ба таъхир гузоштаанд. Охир интихобот ба зангирии Абдулло ва овардани бори як мағоза ё интервюи масъули маркази назарсанҷӣ чӣ дахл дошта бошад? Ё шояд онҳо аз ин маъракаи сиёсӣ тағйиреро интизоранд?

Нуруллои Абдулло
Нуруллои Абдулло
Нуруллои Абдулло, ҳунарманди шинохта, ки иттифоқан рӯзи 6 ноябр зодрӯз ҳам дорад, мегӯяд, дар миёни мардуми тоҷик одат шудааст, ки агар дар тараддуди маъракае бошад, ҳамаи кори дигарро ба давраи пас аз анҷоми он мегузорад. Фаразан дар сурати беморияш ҳам мегӯяд, ҳатман баъди гузаронидани тӯй ба духтур хоҳад рафт. Танҳо фарқ ин аст, ки ҳоло чунин “нуқтаи атф” ба ҷои тӯй интихобот шудааст.

Аз сӯҳбат бо ин ҳунарманд дарк кардам, ки натанҳо ман, балки ӯ низ ба ду марҳила - то интихобот ва баъди интихобот - ҷудо шудани зиндагии мардуми Тоҷикистонро дар кори худ эҳсос кардааст. Вай мегӯяд, ин шабу рӯз ба ҳар идорае сар халонад, як посухро мешунавад: “Масъалаи шумо баъди интихобот ҳал мешавад.”

Нуруллои Абдулло гуфт, «ман мехоҳам филми нав ба навор гирам, он ҷое ки ҳуҷҷатро супурдаа, мегӯянд, устод, ҳамин интихобот гузарад, масъалаи шуморо дида мебароем. Аз гузаштани сенария сар карда, то ҷойҳое, ки бояд филмро ба навор бигирем. Ва ман ҳам маҷбурам, ки тоқат кунам, чун роҳи дигар надорам. Зодрӯзи ман низ ин дафъа ба рӯзи интихобот рост омадааст ва ман ҳам онро баъд аз интихобот таҷлил мекунам.»

Нурулло Абдулло гуфт, ҳатто дар мавриди то интихобот ва баъди интихобот замонбандӣ шудани зиндагии мардумро ба риштаи танз низ кашидааст. Ӯ ваъда дод, ки ин танзро ба мо низ пешниҳод мекунад, аммо... танҳо баъд аз интихобот.

Вале, рӯзноманигор Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, ин интихобот дар зиндагияш тағйире ворид намекунад, аз ин хотир барои амалӣ намудани нақшаҳояш интизори баргузории ин маърака нест. Ӯ барои харид ба бозори "Корвон" рафтааст, чунки рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябр дар бозорҳои пойтахт таътили маҷбурӣ эълон шудааст. Бозорҳо боз мешаванд, аммо танҳо баъд аз интихобот!

Аммо ба гуфтаи ин рӯзноманигор, тавре ӯ мушоҳида кардааст, аксаран мақомдорони тоҷик иҷрои барномаҳои худро барои давраи баъд аз интихобот тарҳрезӣ мекунанд, биноан мардуми оддӣ низ ночор нақашҳои худро бо ин ҳолати маҷбурӣ ҳамоҳанг мекунанд. Вай гуфт, «яъне бубинед, агар мардум низ хоҳанд ягон чорабинии худро бигузаронанд, пайдо кардани нафарони масъуле, ки бояд барои ин иҷоза диҳанд, ғайриимкон аст. Онҳо ба баҳонаи интихобот имрӯзу фардо мекунанд ва мардуми бечора низ маҷбур мешаванд, ки аз баҳри ҳамин саргардониҳо гузараду ҳамин маъракаи худро то баъди интихобот мавқуф гузорад.»

Баъзе назарҳо низ мавҷуд аст, ки ба “то” ва “баъди” интихобот тақсим шудани корҳову нақшаҳо айби раҳбарони сатҳи поёнист, ки ба ояндаи фаъолияти худ эътимод надоранд. Яъне онҳоро ин шабу рӯз андешаи он дар сар аст, ки ин интихобот курсиро аз онҳо мегирад ва ё ҷойашон ҳамингуна гарму мулоим боқӣ мемонанд. Ин суол, ки ҷавобаш баъд аз интихобот маълум мешавад, онҳоро парешон кардаву хобро аз чашмонашон рабудааст.

Наҷмиддини Шоҳинбод
Наҷмиддини Шоҳинбод
Танзнависи маъруф Наҷмиддини Шоҳинбод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир мансабдорони тоҷик дар интизори фардои мӯъҷизанок ва ким-кадом инқилоби номаълуманд. Ӯ меафзояд, «як ривояти даврони Шӯравӣ аст, ки ин тахминан баъд аз солҳои колхозӣ буд. Дар як ҷаласаи бошукӯҳ раис мепурсад, боз ягон суол аст? Нафаре даст бардошта мегӯяд, мӯҳтарам раис, ман ба садри маҷлис мактуб фиристодам, ин масъаларо кай мебинед? Раис дар посух мегӯяд, ин масъалаи шумо дар ҷаласаи оянда дида мешавад. Аммо вай мегӯяд, раиси мӯҳтарам, ман навиштам, ки ба ман иҷозат диҳед, ба ташноб равам, то ҷаласаи дигар ман мекафам. Пас аз ин ҳарфҳо раис мегӯяд, пас мо ба овоз мемонем. Ҳар нафаре ки мехоҳад ин нафар дар ҳамин ҷо кафад, овоз диҳад... Сабаб ва иллати аслии аз як маърака ба маъракаи дигар гузаштани масъалаҳо ин аз нофаҳмиҳои иҷтимоӣ ва сиёсии роҳбарони мост.»

Ҳамингуна интихобот барои аксарият дар барномарезиву нақшаи зиндагияшон таъсир гузошта, онҳо мунтазиранд, ки ин интихобот зудтар гузараду онҳо вобаста ба вазъ тарҳҳои худро анҷом диҳанд. Манзилашонро таъмир кунанд, машғули кори нав шаванд, ба хориҷа ва ё истироҳат раванд ва ё ҳадди аққал худро табобат намоянд. Мо ҳам умедворем, ҳамкори мо Абдулло низ бо анҷоми интихоботи президентӣ битавонад зиндагии ояндаашро ба хушӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG