Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент иҷлосияи ғайринавбатии ММ-ро даъват кард


Аз дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани як фармон 4-уми ноябр, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро даъват намуд. Ҳаминтавр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 11-уми ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, ки дар он чанд тарҳи қонунҳо аз ҷумла қонуни «Дар бораи рамзҳои Президент», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тарҳи қоунунҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд. Аммо як манбаъ дар Мҷлиси милии Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи аслии даъвати ғайринавбатии ин иҷлосия ворид намудани тағиру иловаҳо ба қоунун «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Зеро дар ин иҷлосияи рӯзи баргузории инагуратсияи президенти тозаинтихоб мушаххас карда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест ки рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор карда шуда ва натиҷаи он дар рӯзи баъдӣ эълон карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG