Тоҷикистон, барои барпо кардани роҳпаймоии «Полки абадӣ», ки бо ташаббус ва тарғиби Маскав дар берхе аз кишварҳои пасошӯравӣ доир мешавад, имсол ҳанӯз иҷозат надодааст.
Вале идораи «Россотрудничество»- эълон кард, ки барои ширкаткунандагони «Полки абадӣ» омодааст, акси пайвандони ҷанговарашонро ройгон нашр кунад.
Ветеранҳо нома навиштанд, мақомот ҳанӯз посух надодаанд
Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон барои баргузор кардани маросими "Полки абадӣ" дар рӯзи ҷашни ғалаба 9-уми май 15 рӯз қабл ба унвони ҳукумати шаҳри Душанбе мактуб навиштааст.
Шариф Орифов, як масъули Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 15 рӯз пеш барои иҷозат гирифтан ҷиҳати барпо намудани роҳпаймоии "Полки абадӣ" ба унвонии ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, аммо ҳанӯз мақомот ба ин дархости онҳо посух надодаанд.
Ӯ гуфт: "Тақрибан 15 рӯз пеш баъди як ҷаласаи якҷояе, ки мо бо сафоратхонаи Русия, пойгоҳи ҳарби 201-ум ва "Россотрудничество", собиқадорони ҷумҳурӣ ва пойтахт доштем, барои баргузор кардани чорабинии "Полки абадӣ" ба ҳукумати шаҳри Душанбе мактуб навиштем. Аммо то ҳанӯз мо аз ҳукумати шаҳр ба мактубамон ягон ҷавобе нагирифтаем. Мо ҷавоби ҳукумати шаҳрро интизорем".
Шариф Орифов гуфт, агар мақомот барои баргузор кардани роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷозат надиҳанд, онҳо ният доранд паради ҷанговарони ҷанги солҳои 1941-1945-ро тавассути корвори мошинҳои қадима ё ретромошинҳо дар кӯчаҳои шаҳр доир кунанд.
Орифов гуфт, айни замон дар Тоҷикистон 46 ширкатдори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва 145 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд. "Шароитро ба инобат гирифта агар мақомот барои баргузор кардани "Полки абадӣ" ризоият бидиҳанд, кори олӣ мешуд",- гуфт Орифов.
"Ҳанӯз мактуби ветеранҳо нарасидааст"
Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳанӯз нақшаи ҷашну чорабиниҳои 9-уми май таҳия нашудааст ва дар ҳоли баррасист. Абдумаҷид Усмонов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз мактуби Шӯрои ветеранҳо дар мавриди "Полки абадӣ" ба онҳо дастрас нашудааст. Вай афзуд, "ҳоло нақшаи чорабиниҳои ҷашни ғалаба ба пуррагӣ таҳия нашудаанд, дар ҳоли баррасӣ ҳастанд. Бо таҳия шудани чорабиниҳо ва тасдиқ шудани онҳо, мо иттилоъ хоҳем дод".
Зимнан, соли гузашта низ Тоҷикистон барои баргузор кардани "Полки абадӣ" дар шаҳри Душанбе иҷозат надода буд. Мақомот гуфтанд, бинобар вазъияти печидаи амниятӣ дар Афғонистон ва хатари амалҳои террористӣ, амнияти ширкатдорони "Покли абадӣ"-ро таъмин карда наметавонанд. Бар изофа мақомот гуфтанд, нашри сурати гузаштагон ва намоиш додани он дар роҳпаймоӣ ба арзишҳои дини Ислом, ки аксарият дар Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, мухолиф аст.
Чарон "нигаронӣ" аз "Полки абадӣ"?
"Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.
Ҳадафи аслӣ -- арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони нозӣ аст. Вале аз назари бархе коршиносон, сарпечии мақомот аз баргузор кардани "Полки абадӣ" ба нақзи арзишҳои исломӣ рабте надорад, балки мақомот аз густариши ҷашну идҳои тарғиботии Кремлин нигаронанд.
"Полки абадӣ" ва ҳассосият дар кишварҳои пасошӯравӣ
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Кремлин барои баргузор кардани чунин идҳое, ки ҳамаи халқҳои кишварҳои собиқ шӯравиро муттаҳид карда, носталжӣ ба Шӯравиро бедор мекунад, манфиатдор аст.
Ӯ гуфт: "Дар даст гирифтани расми ҷанговарон ва ройҳпамоӣ дар асл боке надорад. Аммо ин роҳпаймоӣ аз сӯи кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун як рамзӣ “нерӯи нарм”-и Русия пазируфта мешавад, ки дар зеҳни мардум боз ҳам носталжи ба шӯравиро бедор карда, ғояи барқарор кардани чунин як империяро дубора зинда мекунад. Бинобар ин, мақомоти кишварҳои пасошӯравӣ ба роҳпаймоии "Полки абадӣ" ҳассосият нишон медиҳанд ва намехоҳанд он баргузор шавад”.
Парвиз Муллоҷонов афзуд, "Полки абадӣ" натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамсоякишварҳое мисли Узбекистон ва Қирғизистон ҳам мухолифони зиёде дорад. Дар гузашта мақомоти кишварҳои назди Балтик, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам барои баргузор кардани маросими "Полки абадӣ" ва ба бар кардани лентаҳои георгиевӣ монеъ шуда буданд.
Муҳоҷирон -- абзоре дар дасти Русия
Русия пайваста талош мекунад кишварҳои пасошӯравии мисли Тоҷикистонро дар меҳвари иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсии худ нигоҳ дорад. Ба ин манзур Кремлин аз ҳамаи обзорҳои зери дасташ буда истифода мекунад.
Бар замми он, ки ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунад, ин кишвар фаъолияти идораҳоеро мисли оҷонсии "Россотрудничество" ва "Русский мир"-ро дар Тоҷикистон фаъол кардааст, ки забону фарҳанг ва адабиёти русро тарғиб мекунанд.
Бар изофа, шабакаҳои телевизионии рус ҳам бозпахш мешаванд, ки ҳамагӣ тарғибгари сиёсатҳои Кремлин ҳастанд ва дар Тоҷикистон тамошобини зиёде доранд.