Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштирокчиёни ҷанги Тоҷикистон мақоми ветеран мехоҳанд


Мурод Муҳаммадҷонов
Мурод Муҳаммадҷонов

Аъзои Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон талаб доранд, ки ба онҳо расман мақоми ветерани ҷанг диҳанд.

“Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва низоъҳои мусаллаҳона”, ки афсарону аскарони собиқи баталйони нирӯҳои ҳомии сулҳи Қазоқистонро муттаҳид мекунад, аз раисиҷумҳур, ҳукумат ва парлумони Қазоқистон хостааcт, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонуни ветеранҳо ба онҳо низ расман мақоми ветерани ҷанг бидиҳанд.

Подполковник Мурод Муҳаммадҷонов, раиси Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 27 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин алакай муроҷиати дувуми ин созмон бо дархости эътирофи ширкати аъзояш дар амалиётҳои ҷангӣ ва баробар кардани мақоми онҳо бо ветеранҳои Ҷанги бузурги ватанист: “Мо бори аввал дар соли 2013 муроҷиат кардем ва инак имсол - дар солгарди 15-уми хуруҷи баталйонамон аз марзи Тоҷикистон. Баталйони алоҳидаи тирандоз (отдельный сводный стрелковый батальон) иборат аз 500 нафар соли 1993 ба марзи Тоҷикистону Афғонистон партофта шуд. Дар тӯли 8 сол 43 нафари мо кушта шуд. Ҳалокати ин ҳамяроқони мо худ далели рӯшан аст, ки мо иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ будем.»

Баталйони Қазоқистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳайъати КМС - Нирӯҳои муштараки ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ амал мекард. Ин баталйон дар минтақаҳои марзии Қалъаи Хумб ва Хоруғ - ду минтақаи дар он солҳо аз ҳама мушкили марзи 1370-километрии Тоҷикистону Узбакистон – мустақар шуда буд. Нирӯҳои Қазоқистон танҳо дар ибтидои соли 2001, баъди анҷоми расмии раванди истиқрори сулҳи Тоҷикистон ва хатми фаъолияти Кумиссиюни оштии миллӣ – ниҳоди нозири ин раванд – баргашт.

Мурод Муҳаммадҷонов мегӯяд, дар тӯли 8 сол дар ҳайъати ин баталйон дар Хоруғ ва Қалъаи Хумб 8875 нафар хидмат кардаанд ва ҳоло онҳо ба эътирофи расмӣ ниёз доранд: «Бисёре аз онҳо маълул шудаанд, ба табобат эҳтиёҷ доранд. Феълан танҳо имтиёзе, ки барои мо қоил шудаанд, як ҳафта рухсатии иловагӣ дар сол барои онҳоест, ки дар нирӯҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд. Албатта, чанд лавҳаи ёдгорӣ ба шарафи сарбозони дар марз бо Афғонистон кушташуда гузоштаанд, мактабу кӯчаҳоро дар Қазоқистон ба номи онҳо мегузоранд, вале то ҳол масъалаи асосӣ – расман ҳамчун ветерани ҷанг эътироф кардани мо – ҳал нашудааст.»

Мурод Муҳамадҷонов афзуд, ки онҳоро намунаи Русия, ки моҳи ноябри соли 2015 ба 23 500 иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мақоми ветеран дод, рӯҳбаланд кардааст. Ӯ мегӯяд, бисёре аз идораҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорати дифоъи Қазоқистон дар ин роҳ Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд ва онҳо умедворанд, ки ба муроҷиати онҳо расидагӣ хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон низ тарҳи нави қонуни ветеранҳо дар даст баррасӣ қарор дорад, ки бар асоси он, иштирокдорони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 расман "собиқадорони корҳои дохилӣ" унвон гирифта, аз тамоми имтиёзҳое, ки ҳоло собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз он бархӯрдоранд, баҳраманд хоҳанд шуд. Аммо танҳо онҳое, ки «дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ» саҳм гирифтаанд. Зери ин таъибр маъмулан онҳоеро дар назар доранд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи Фронти халқӣ ва сипас аз сӯи ҳукумат ҷангидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон ахиран дар як номаи расмӣ ба ин созмон навиштааст, ки ин вазорати моҳи майи соли 2015 барои буҷаи солҳои 2016-2018 танҳо ба манзури таъмини имтиёзҳои иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 4,7 миллиард танга, муодили тақрибан 14 миллион доллар дархост додааст. Вале ба далели мушкилоти иқтисодии кишвар, омадааст дар ин нома, то поёни соли 2018 дар ин масъала рӯи ҳар навъ ташаббусҳои наве, ки пули иловагӣ мехоҳанд, мораторий гузоштаанд.

Сарҳанги мустаъфии қазоқ Қазис Тогузбоев мегӯяд, ветеранҳои ҷанги Тоҷикистон фурсати номуносиберо бо талаби мақоми ветеран интихоб кардаанд: «Агар ду ё се сол пеш матраҳ мешуд ин мавзӯъ, ҳукумат, ки дар фоидаҳои ҳангуфти нафту газ шино мекард, шояд мепазируфт. Вале ҳоло ҳукумат бо мушкилоти сахти молӣ дастбагиребон аст ва тавони ҷудо кардани даҳҳо миллион доллар барои таъмини мақоми расмии ин 8875 собиқадори амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистонро надорад.»

Тарафдорони мухолифин дар он солҳои нирӯҳои КМС, бахусус нирӯҳои Русияро айбдор мекарданд, ки онҳо амалан аз тарафи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон меҷанганд. Мурод Муҳаммадҷонов ҳам мегӯяд, ки онҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба марзи ин кишвар бо Афғонистон рафта буданд ва вазифаашон роҳ надодан ба убури ғайриқонунии марз буд: «Ҷангиён табиист ки ба ин далел ҳузури моро қабул надоштанд ва байни мо муноқишаҳои зиёд рух медод. Худи ман соли 1994, вақте дар Қалъаи Хумб хидмат мекардам, як дафъа ба дасти ҷангиёне асир афтодам. Ман дар ниҳоят ҷони солим ба дар овардам, вале хеле аз ҳамяроқони ман ҳангоми иҷрои вазифа кушта шуданд.»

Минтақаҳои Хоруғ ва Қалъаи Хумб, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нирӯҳои қазоқ дар онҷо мустақар буданд, аз масирҳои асосии интиқоли нирӯ ва муҳимот барои нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик маҳсуб мешуданд.

Мамониати нирӯҳои Қазоқистон ба убуру мурури ҷангиёни оппозисиюн дар бисёр мавридҳо ба ихтилофу ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона мунҷар мешуд. Хунинтарин ҳамла ба баталйони Қазоқистон шабехуни шаби 7 апрели соли 1995 дар дараи Пшихарви Дарвоз буд, ки дар натиҷаи он 17 низомии қазоқ кушта ва 35 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамла ҳамроҳ бо ҳамлаи 13 июли соли 1993 ба нирӯҳои марзбони Русия дар минтақаи Маскави марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз пурқурбонитарин мавридҳои ҳамлаҳои нирӯҳои мухолифин ба нирӯҳои хориҷии дахил дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон эътироф шудааст.

XS
SM
MD
LG