Рӯзи 29-уми апрел тайи як маросим дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба 70-солагии пирӯзии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ бар олмони нозӣ, Гӯшаи мусаввараҳои бозгӯи даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ) мавриди истифода қарор гирифт. Ба гуфтаи масъулони Осорхонаи миллӣ, ин гӯша дар ҳамкорӣ бо сафорати Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намоядагони сафорату корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Русияву кишварҳои собиқи шӯравӣ ширкат карданд. Иштирокдорони ҷанг ҳам аз рӯзгори он даврон қиссаҳо карданд.
Абдувалӣ Шарифов, мудири Осорхонаи миллӣ, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ мекард, гуфт, ки пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм далели дӯстӣ ва якдилии собиқ кишварҳои бо ҳам бародар буд. Вай бо зикри он, ки нақши тоҷикон дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ назаррас буд, илова кард, ки ин ҷоннисориҳо бояд аз тарафи ҳамаи кишварҳои собиқи шӯравӣ, эътироф шавад.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ки Русия ҳамеша корнамоиҳои тоҷиконро қадр мекунад, аммо вай аз муносибати сарди баъзе кишварҳои собиқи Шӯравӣ изҳори таассуф кард. Аз ҷумла Игор Лякин-Фролов гуфт, ду рӯз қабл гурӯҳи моторсиклронҳои Русия, ки ба муносибати таҷлили ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба роҳ монда шуда буд, ҳангоми убур аз марзи Лаҳистон (Полша), ба муносибати сарди мақомоти он кишвар рӯбарӯ шуданд.
Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, ҳамаи онҳо визаи “Шенген” доштанд, аммо ҳангоми аз марзи Лаҳистон гузаштан мавриди бозпурсии мақомоти он кишвар қарор гирифтанд. Вай афзуд, ки мардуми собиқи Шӯравӣ дар хотир доранд, ки барои озод кардани Лаҳистон ва кишварҳои аврупоӣ, чӣ қадар ҷоннисориҳо сурат гирифт буд.
Рӯзи 9 майи соли ҷорӣ 70-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Олмони нозӣ ба таври бошукӯҳ таҷлил мешавад. Русия ки меросбари Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст, мизбони аслии тантанҳо ба ин муносибат хоҳад буд. Қарор аст дар маросимҳои идона сарони чандин кишвари дунё, аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намояд.