Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4000 сомонӣ кӯмаки якдафъаина ба собиқадорони ҷанг


Дар остонаи Рӯзи Ғалаба мақомоти тоҷик ба ҳар яке аз иштирокчиёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба маблағи 4000 сомонӣ, муодили 500 доллари амрикоӣ кӯмаки яквақта тақдим кардаанд.

Аз ҳисоби Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва аз тарафи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ба ҳар яке аз иштирокчиёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум маблағи 4000 сомонӣ кӯмаки молӣ тавзеъ шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳар яке аз иштирокчиёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз ҳисоби Фонди захиравии президент ба миқдорӣ 2000 сомонӣ дода шудааст. Ин кӯмакпулӣ ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбон дода шуд ва маблағи умумии он 1 миллиону 278 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бар иловаи кӯмакҳо аз Фонди захиравии президент, ба собиқадорони ҷанг аз тарафи раисони вилояту шаҳрҳо ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҷониби раисони ноҳияҳо 500 сомонӣ кӯмаки иловагӣ, тақдим шудааст. Ба ин тартиб дар маҷмӯъ ба ҳамаи 639 иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба маблағи умумии 4000 сомонӣ кӯмаки якдафъаина, дода шуд.

Ҳамасола давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ва хонаводаи онҳо кумаки яквақтаи молӣ тавзеъ мекунанд. Соли гузашта аз тарафи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба собиқадорони ҷанг ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмаки молии яквақта шуда буд. Собиқадорону хонаводаи онҳо аз бархе аз имтиёзҳо, назири озод будан аз пардохти андози манзил ва табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳо бархӯрдор ҳастанд.

Бо ин вуҷуд, ба эътиқоди коршиносон, таваҷҷӯҳи давлати Тоҷикистон ба мушкилоти собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм, ки теъдодашон ҳамасола коҳиш ёфта ва ба нигоҳубини вижа ниёз доранд, чандон кофӣ набудааст. Зеро онҳо ба иллати бузургсолӣ ва беморӣ, ба хидмати доимии пизишкон ва дору ниёз доранд. Ба гуфтаи пайвандони собиқадорон, умдатан фарзандону наздикон ба ҳоли собиқадорон ва ниёзҳои онҳо расидагӣ мекунанд.

Ҳамасола рӯзи 9-уми май дар паҳнои Шӯравии собиқ ҳамчун Рӯзи Ғалаба таҷлил мешавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми май дар паёми телевизионии худ ба муносибати 71-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмон гуфт, "ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад."

Оқои Раҳмон аз саҳми мардуми тоҷик дар пирӯзии ин ҷанг ёддовар шуд ва гуфт, ки "агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид."

Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз он буд, солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла, то 27 миллион аз шаҳрвандонии шӯравии собиқ ҷон бохтанд. Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумо меравад.

Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм 270 000, ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ин ҷумҳурӣ ширкат варзида, қариб 90 ҳазораш дар он ҷанг кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд.

XS
SM
MD
LG