Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши баёнияе гуфт, ки як узви раёсати олии ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов) шоми 9-уми октябр дар фурудгоҳи шаҳри Атени Юнон боздошт шуд. Боздошти ин шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон, ба таъкиди Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, бо талаби пулиси байналмилалии Интерпол сурат гирифтааст.
Шоҳнаими Карим зодаи минтақаи Язғулом буда, чаҳор дафъа дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ аз ҷониби ҲНИТ номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудааст.
ҲНИТ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Дар пайи он 13 узви раёсати ҳизб боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ду нафари онҳо ба ҳабси абад, маҳкум шуданд. Ҳамаи маҳкумшудаҳо парвандаҳои худро дур аз воқеият ва ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
Ба иттилои ҲНИТ, Шоҳнаими Карим аз он аъзои ҳизб аст, ки қабл аз ин рӯйдодҳо Тоҷикистонро тарк карда, тайи ду сол боз дар Туркияву Эрон ба сар мебурд. Шоҳнаими Карим соҳиби панҷ фарзанд аст ва хонаводааш дар Тоҷикистон қарор доранд.
Дар "феҳристи сиёҳ"-и Бонки Миллӣ
Маҳмудҷон Файзраҳмонов рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок кард, ки рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр, ба гуфтаи ӯ, дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, Шоҳнаими Карим аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд. "Ӯ ба зудӣ бо вакили дифоъ таъмин хоҳад шуд", - гуфт Файзраҳмонов.
Сабаби боздошти ӯ – дар феҳрасти Интерпол қарор доштани исмаш будааст. Исми ӯ, инчунин, дар феҳрасти гумонбароне ҳам ҷой шудааст, ки бо номи "Рӯйхати шахсони дар кофтукоби байналмилалӣ (Интерпол) қарордошта"-и Бонки Миллии Тоҷикистон нашр шуд.
Дар ҳоле ки маълум нест, иттиҳоми ин шахс чист ва аз рӯи кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ мавриди пайгард қарор дода шудааст, Файзраҳмонов гуфт, исми Шоҳнаими Карим дар чанд парвандаи ҷиноии аъзои ҲНИТ ворид шудааст. Вай гуфт, аз рӯи иттилои раҳбарияти ҲНИТ, ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди як рӯзи боздошт дар таърихи 10-уми октябр ба боздоштгоҳи минтақаи маъмурии Коридаллос, воқеъ дар 7-километрии ғарби шаҳри Атен интиқол дода шуд.
Намояндаи Додситонӣ: Ҳарчи шунидем, аз расонаҳо буд
Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар робита бо хабари боздошти як узви раёсати ҲНИТ дар Юнон изҳори бехабарӣ карда, мегӯянд, дар бораи ин ҳодиса феълан иттилои расмӣ дарёфт нашудааст. Аз ҷумла, Фирдавс Ҳаётзода, масъули Дафтари матуботи Додситонии кул дар робита ба боздошти фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Атен гуфт, аз ин боздошт аз тариқи хабарҳои васоити ахбори умум огоҳ шудаанд. Вай гуфт, дар робита бо шахсияти Кузов маълумоте дар даст надорад.
Дар изҳороти ҲНИТ гуфта мешавад, ки баробари хабари боздошти ин сиёсатмадор ба мақомоти полиси байналмилалӣ дар Атен номаи раҳбарияти ҳизб ирсол шуда, сиёсӣ будани иттиҳомоти алайҳи ӯ шарҳ дода шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки аксар созмонҳои байналмилалӣ, мисли Дидбони ҳуқуқи башар, Хонаи Озодӣ, Freedom Now, Шӯрои муҳоҷирати Юнон ва ғайра вориди қазияи ӯ гашта, барои расондани кумаки ҳуқуқӣ омодагии худро изҳор намудаанд.
Аввал ба Русия, сипас ба Эрон
Масъули Дафтари матбуоти Додситонии кул дар робита ба боздошти фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Атен гуфт, аз ин боздошт аз хабари расонаҳо огоҳ шудаанд.
Шоҳнаими Карим бо вуҷуди онки чеҳраҳои матбуотӣ набуд, аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, дар солҳои гузашта “дасти рост”-и Саидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари аввали ин ҳизб будааст. Ӯ дар моҳи сентябри оли 2015 дар марҳилае, ки аъзои ҲНИТ дар навоҳию вилоятҳо мавриди таъқиб қарор доштанд, ба Русия ва аз онҷо ба Эрон рафтааст.
Дар моҳи сентябри соли 2015 Додситонии кулл ҲНИТ-ро ҳизби мамнуъ ва террористӣ эълон кард.
Шоҳнаими Карими 57-сола зодаи минтақаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, чаҳор дафъа дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ аз ҷониби ҲНИТ номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Замони дар Тоҷикистон фаъолият кардани ҲНИТ Шоҳнаими Карим дар департаменти равобити хориҷии ин ҳизб ба сифати муовини раис ва сипас раиси ин департамент кор кардааст.