Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги раҳбараш "Ансоруллоҳ"-ро аз байн мебарад?


Амриддин Табаров
Амриддин Табаров

Хабари кушта шудани раҳбари "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ба ақидаи нозирони умур, эҳтимоли аз байн рафтани ин гурӯҳи мамнӯъро бештар мекунад.

Марги Амриддин Табаровро бархе коршиносон аломати поёни фаъолиятҳои алоҳидаи гурӯҳи мамнӯъи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Афғонистон медонанд.

Амриддин Табаров, маъруф ба "Домулло Амриддин" дар соли 2000-ум дар ҳоле ки шарти сулҳ бо ҳукуматро напазируфт, бо гурӯҳе аз ҳамандешонаш ба Афғонистон фирор кард. Ӯ дар солҳои 2003 гурӯҳеро ҳамчун қаноти Ҳаракати исломии Узбакистон таъсис дод, ки бештар ба ҷалби тоҷиктаборон барои ҷанг дар Афғонистон машғул буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 25-уми январ гуфт, тахминан 6 моҳи қабл Амриддин Табаров дар Афғонистон кушта шудааст. Хабари кушта шудани ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки чанд моҳи пеш ин гурӯҳ аз ишғоли улусволии Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон ва наздик шуданаш ба марзҳои Тоҷикистон изҳороти видеоӣ нашр карда буд.

Ҳарчанд, зуд-зуд бо боздошти ҷонибдорони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон исми гурӯҳи “Ансоруллоҳ” расонаӣ мешавад, аммо мақомот онро гурӯҳи чандон пурқувват намедонанд.

Сайфулло Сафаров, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи терористии “Ансоруллоҳ” ҳеҷ гоҳ ҳамчун як гурӯҳи муташаккил ва хатари ҷиддӣ сар баланд накарда буд, аз ин рӯ бо кушта шудани раҳбараш бо эҳтимоли зиёд пароканда мешавад. Ӯ мегӯяд, ин гурӯҳ бештар ба нафъи Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон истифода мешуд ва он ҳеҷ гоҳ як гурӯҳи мустақил набуд

Ӯ гуфт: “Ин гурӯҳ ҳеҷ таъсире ба Тоҷикистон надошт. Куштору амалиётҳоеро дар хоки Афғонистон барои тарсонидан анҷом медоданд, аммо баръакс мардум ҳамеша дар муқобилашон қарор доштанд. Пас аз кушта шудани раҳбарашон пароканда шудани ин гурӯҳ мумкин аст, зеро дар ҳолатҳои саҳроӣ як лидер метавонад дар атрофи худ чанд нафарро ҷамъ кунад. Пас аз мурдан дар чунин ҳолатҳо кашмакашҳои дохилӣ пайдо мешавад. Мисле ки миёни гурӯҳи Толибон пас аз марги Мулло Умар рух дод. Дар чунин ҳолат ин гурӯҳ худаш худашро аз байн мебарад. ”

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ” то пайдо шудани гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон зоҳиран фаъол буд ва ҳар сари чанд вақт аз машқу тамрин ва ҷангҳои худ бар зидди нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ва сарзаминҳои қабиланишини Покистон наворҳои видеоӣ нашр мекард. Амриддин Табаров, раҳбари ин гурӯҳ дар ин наворҳои видеоӣ хеле кам ва он ҳам бо чеҳраи пӯшида сӯҳбат мекард.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, ки шинохти хубе аз қумандонҳои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дорад, мегӯяд, то фирор ба Афғонистон "Домулло Амриддин" шинохти зиёде миёни аъзои ин иттиҳод надошт. Ӯ мегӯяд, номи ӯ на замони музокироти сулҳ матраҳ буд ва на ҳангоми бастани созишномаи сулҳ.

Ӯ гуфт: “Одами матраҳ набуд ва зоҳиран вақте ба Афғонистон фирор кард ва созишномаи сулҳро напазируфт, ин амали ӯро касе ҷиддӣ ҳам нагирифт. Мулло Абдулло нисбат ба ӯ шинохтатар буд ва он замон бештар сӯҳбатҳо сари созишномаи сулҳро напазируфтани Мулло Абдулло мерафт ва касе аз ин шахс ном намебурд.”

Султони Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро пажӯҳиш мекунад ва худ шоҳиди он ҳодисаҳост, мегӯяд, зоҳиран "Домулло Амриддин" пас аз имзои созишномаи сулҳ интизори ҷойгоҳ буд, аммо чун ба ӯ эътиборе надоданд, бо нишони эътироз аз сулҳу созиш даст кашид ва дар соли 2000-ум бо наздикону пайвандони худ Тоҷикистонро тарк кард.

Султони Ҳамад мегӯяд: “Бисёриҳо ӯро дар дохили Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин эътиборе намедоданд. Бо ақидаҳое, ки дошт, ҳама аз ӯ канораҷӯӣ мекарданд. Минбаъд, кӯшиш мекард, ки миёни онҳо обрӯ пайдо кунад, лекин касе ба ҳарфаш гӯш надод. Баъдан дид, ки намешавад, 10-15 хешу табори наздикашро гирифту Тоҷикистонро тарк кард. Ҳамроҳи ӯ ягон нафари бегона набуд. Як писараш ҳам дар Покистон кушта шуд ва аксари онҳое, ки ҳамроҳаш рафта буданд, хору залил нобуд шуданд.”

То кунун, гурӯҳи мамнӯъи “Ансоруллоҳ” хабари кушта шудани Амриддин Табаров, раҳбари худро тасдиқ ё такзиб накардааст.

Амриддин Табаров соли 1953 дар рустои Ғуломони ноҳияи Нуробод ба дунё омада, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 Амриддин Табаров ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон паноҳ бурд.

Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди чанде бо эълони норизоияташ бо ин қарордоди сулҳ аз ҳизби наҳзати исломӣ канор рафта, дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон дубора ба Афғонистон рафт. Баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG