Мақомоти афғон дар вилояти Бадахшони ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки ду узви баландмақоми "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро тайи як амалиёт дар вулусволии Ҷурм ба ҳалокат расониданд.
Навиди Фурӯтан, сухангӯи волии Бадахшон рӯзи 25 июл дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди тоҷикон дар миёни ҷангиёни толибу Ал-Қоида хеле зиёд шудааст ва ин ду тоҷике, ки кушта шуданд, вазифаи минасозӣ барои гурӯҳҳои ҷангиро бар ӯҳда доштанд.
Ҷасади онҳо ҳоло дар ихтиёри раёсати амнияти Бадахшон қарор дорад ва бино ба иттилои ин манбаъ, онҳо бо худ шиносномаҳои тоҷикӣ доштанд. Сухангӯи волии Бадахшон гуфт, аз ин афрод ҳуҷҷате низ гирифта шудааст, ки онҳо аз афроди муҳими созмоне ба номи «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» ҳастанд. Бино ба ин манбаъ, чанде қабл дар минтақаи Ҷурм боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанг миёни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон ба шаҳодат расида, ҷасади ӯ аз майдони ҷанг кашф шудааст.
Амалиёти бомбаборони бегоҳии рӯзи 22 июл, ки ду узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ»- ро кушта ба ҷой гузошт, дар минтақаи Даҳани Оби дараи Хустаки вулусволии Ҷурм роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи аслии амалиёт, ба қавли фармондеҳи пулиси Бадахшон Саид Абдулқадири Сайёд, нобуд кардани масъули Толибон дар ин минтақа ба номи Мулло Ёсин валади Муҳаммадяқин, бошандаи қаряи Зуви вулусволии номниҳоди Вардуҷ будааст. Вай гуфт, ба истиснои ду тоҷик, ду толиби дигари маҳаллӣ ҳам кушта шудаанд ва Мулло Ёсин як инсони золим ва ҷинояткоре буд, ки теъдоди зиёди сарбозони ҳукуматии асирро ба қатл расонда буд.
Фармондеҳии пулиси Бадахшони Афғонистон мегӯяд, дар вулусволии Ҷурм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣ ҳам аз Чатроли Покистон ворид шудаанд: «Ин ноҳия ба Покистон наздик аст, аммо агар ҷангиён тасмим гиранд, тариқи вулусволиҳои Зебок, Ишкошим ва Шуғнон ба Дарвоз мерасанд, Хуб медонед, ки силсилакӯҳҳои ду Бадахшон ба ҳам хеле иртибот доранд. Ҳоло замин хушк, аммо роҳ саъбулубур аст. Ҳоло онҳо дар минтақаи Хустаки вулусволии Ҷурм мебошанд.»
«Ҷамоаи Ансоруллоҳ» як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз баданаи Ал-Қоида бархоста, дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон асос ёфтааст. Исми «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» бори аввал дар соли 2010, баъди онки масъулияти ҳамлаи маргталабона алайҳи воҳиди пулис дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифт, расонаӣ шуд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро, ки дар як амалиёти вижаи солҳои 2010-2011 аз байн бурдан шуданд, низ ба ҳамин «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» мансуб донистанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2012 «Ҷамоаи Ансоруллоҳ»-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои мамнӯъ ворид кард. Мақомот мегӯянд, ин созмонро аз қаламрави Покистон нафаре бо номи Амриддин Табаров, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ раҳбарӣ мекунад. Домулло Амриддин шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон рафт ва ин ҳаракат дар солҳои охир талош дорад, ба ин сӯи Омӯ баргардад.