Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи 23 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо "Ансоруллоҳ"


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи 23 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" оғоз кардааст.

Додгоҳи Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи 23 сокини шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” сар кардааст.

Ин афрод аз охирҳои соли гузаштаи 2014 ва аввали соли равон дастгир шуда, тафтиши парвандаро мақомоти додситонӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи манобеъ, дар курсии айбдорӣ сокинони ҷавон аз ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ва Аштқарор доранд. Алайҳи онҳо тибқи 187, қисми 2: “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ”бандҳои 307, қисми 3: «иштирок дар фаъолияти созмони фаъолияташ манъшуда”- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иттиҳом пешниҳод шудааст.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда гуфт, ки дар оғоз парвандаи ин афрод 2 тақсим, барои 13 ва 10 нафар буд. Вале дар анҷоми тафтиш онро якҷоя карда, ҷиҳати бозбинӣ дар ихтиёри додгоҳи Хуҷанд гузоштанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамзамон додситониҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тафтиши 2 парвандаи дигар алайҳи 10 сокини шаҳри Исфараву ва 5 сокини Конибодом ва 1 сокини ҷамоати Хистеварзи Бобоҷон Ғафуровро ба анҷом расонидаанд. Аз додгоҳи Ғафуров гуфтанд, ки бозбинии парвандаи алайҳи 5 нафар рӯзи 18-уми март дар назар аст.

Раёсати корҳои дохилии Суғд ҳанӯз аввали моҳи январ эълон дошта буд, ки танҳо аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи январи соли равон 95 сокини минтақа дар иртибот ба фаъолият дар ҳизбу созмонҳои ифротӣ дастгир карда шудаанд ва 37 нафари онҳо барои шомил шудану фаъолият дар созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва даъвати ҷавонони маҳаллӣ барои иштирок дар ҷанги Сурия аз суи бархеи онҳо муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар аввали моҳи март шумораи умумии боздоштшудагон бо иттиҳоми фаъолият дар созмонҳои тундрав ба 137 нафар расидааст.

Ин нахустин додгоҳи зидди нафарони гумонбар узвият ваё ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” дар вилояти Суғд нест. Додгоҳи шаҳри Худанд дар аввали моҳи март як сокини 45-солаи шаҳри Истаравшанро бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамин додгоҳ рӯзи 17 феврал 13 нафари дигарро бо айни ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳкум ба зиндон карда буд. 12 тан аз ин маҳкумин сокинони Конибодом ва якеи дигар, ки раҳбари гурӯҳ номида мешуд, аз Истаравшан буд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундравест, ки бовар меравад, ҷангиёни тоҷик соли 2006 баъди ҷудо шудан аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таъсис додаанд. Раҳбари ин созмон Амриддин Табаров ном нафаре ном бурда мешавад, ки дарпоёни солҳои 90 сулҳи мухолифин бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор кардааст.

Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин гурӯҳ бо пахши як баёния дар сомонаи ҷудоиталабони чечен эълон кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро нафари фиристодаи “Ансоруллоҳ” анҷом додааст.

Дар он ҳамла 3 тан кушта ва зери 30 кас, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд. Баъди хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт ҳам мақомот гуфта буданд, ки аз паноҳгоҳи ӯ гӯё парчами “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG