Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи тӯлонии "Ансоруллоҳ": Аз Покистон то додгоҳи Суғд


Маҳалли таркиши соли 2010 дар Хуҷанд
Маҳалли таркиши соли 2010 дар Хуҷанд

Додситонии вилояти Суғд тафтиши парвандаи 6 сокини ноҳияи Истаравшанро бо иттиҳоми фаъолият дар ҷамоати "Ансоруллоҳ" анҷом дода, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда аз додситонӣ, ин 6 нафар ба таври ихтиёрӣ ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил гашта, барномаҳои тундгароёнаи ин созмонро дар байни аҳолӣ тарғиб мекарданд. Ва моҳи январи соли равон аз ҷониби мақомоти додситонии Суғд дастгир шуданд. Ҳоло ин нафарон мутобиқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷумла “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон” айбдор мешаванд.

Додситонӣ мегӯяд, аз соли гузаштаи 2013 ба ин сӯ дар шимоли Тоҷикистон 18 узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва барои бори аввал 3 узви созмони “Ҷундуллоҳ” зиндонӣ ва инак, 6 нафари дигар боздошт шудаанд. Оё ин чӣ созмонҳоенд, аз кҷо рӯидаву бо чӣ ҳадафҳое сиёсие рӯйи саҳнаи фаъолият омадаанд?

Қурбоналӣ Назаров, додситони вилояти Суғд созмонҳои нави “Ҷундуллоҳ” ва “Ансоруллоҳ” шохаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) меномад, ки танҳо ном дигар кардаанд. Вай мегӯяд: “Ин ҳаракатҳо бо дастури раҳбарони ҲИУ ба майдон омадаанд. Ба гутаи вай, раҳбарони ҲИУ дар хориҷ аз Тоҷикистон амр додаанд пайравони ҲИУ дар ҳар кишвар бо номе дигар ва ҷудогона фаъолияти худро ба роҳ монанд.”

Мақомоти Суғд аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро роҳандози таркиш дар бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тирамоҳи соли 2010 медонанд, ки чаҳор куштаву наздики 30 захмӣ бар ҷой гузошт. Ба думболи ин таркиши маргталабона, шабакаи ношинохтае аз созмони мазкур бо нашри як нома дар шабакаи ҷаҳонӣ масъулияти ҳамларо бар дӯши худ гирифта буд.
Маҳалли ҳамлаи соли 2010 дар Хуҷанд
Маҳалли ҳамлаи соли 2010 дар Хуҷанд
Дар соли 2012 додгоҳи вилояти Суғд Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи Хуҷандро содиркунанда ин ҳамлаи интиҳорӣ эълон кард ва 53 сокин, умдатан аз ноҳияи Истаравшан, ба шумули Фирдавс Каримов, бародари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонии то 30 сол ба ҳабс маҳкум кард. Ба гуфтаи мақомот, Акмал Каримови худро тарконида аслан аз соли 2009 бо иттиҳоми “одамрабоӣ” таҳти ҷустуҷӯи пулис қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, дар урдугоҳҳои террористии ҲИУ таълим гирифтааст.

Вале Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ дар бораи 7 сокини Истаравшан, ки парвандаи онҳо бо иттиҳоми фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” нав ба додгоҳ рафтааст, мегӯяд, онҳо ҷавонони ҳудуди 20 - 25 сола буда, умдатан машғули тиҷорат дар бозори маҳаллӣ буданд. Вай афзуд: “Ба назари ман, боздошти ин ҷавонон идомаи ҳамон дастгир ва ҳабс кардани гурӯҳи 53-нафарӣ аст. Вале инҳо мегӯянд, ки аз “Ҷамоати Ансоруллоҳ” хабар надоранд. Байни онҳо танҳо як ҷавон гӯё ба хотири иштирок дар ҷанги Сурия ба сафар баромада, то Туркия рафтаву баргашта омадааст. Аммо вай ба рафиқонаш гуфтааст, ки барои таҳсил ба хориҷа меравад ва онҳо 500 сомониӣ ҷамъ карда, ба вай ёрӣ додаанд. Ғайр аз ин ду нафари дигарашон аъзои гурӯҳи 53 нафарии зиндонишуда маблағ медодаанд. Акнун мақомот 6 нафари онҳоро айбдор карда истодаанд, ки бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамкорӣ доранд, як нафарро ба хабар надодан аз фаъолияти рафиқонаш айбдор мекунанд.”

Ҷаноби Насруллоев афзуд, ду нафар ҷавони дастгиршудаи таҳти ҳимояти вай - Латифов Умед ва Ҷамшед - гуфтаанд, ки онҳо баъди боздошт зери фишори мақомоти тафтишот ночор айби фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ”- ро ба гардан гирифта, вале ҳангоми тафтиши парванда аз он даст кашиданд. Ба ақидаи ин вакили дифоъ, мақомот бо идомаи боздоштҳо мехоҳанд фаъолияти худро дар мубориза бо терроризм муҳим арза кунанд.
Ҷангиёни ҲИУ дар Қундуз
Ҷангиёни ҲИУ дар Қундуз
Вале аз нигоҳи бархе таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ, дар ҳошияи хориҷ шудани нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон эҳтимол дорад гурӯҳҳои тундраву тахрибкори панаҳбурда дар ин кишвар, ба хусус ҲИУ, ки байнашон шаҳвандони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон низ ҳастанд, барои ҳифзи аъзои худу идомаи фаъолият ба кишварҳои минтақа раҳ ҷӯянд. Аз сӯи дигар, фишору таъқиби азоянда афзояндаи мақомот алайҳи ин созмон ва боздошту зиндонӣ кардани даҳҳо аъзояш дар Тоҷикистон онҳоро водор сохтааст аз роҳу равишҳое хосе кор бигиранд, масалан, бо дигар кардани номи созмони худ.

Коршинос Абдувосит Олимов мегӯяд: “Фикр мекунам, ки чунин гурӯҳҳо, амсоли “Ҷундуллоҳ” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд ва дастнишондаи ҳамон ҲИУ мебошанд, ки аз хориҷи Тоҷикистон идора мешавад. Ҳоло фаъол шудани ин созмон дар вилояти Суғд ва умуман дар водии Фарғона мушоҳида мешавад.”

Аммо ба бовари аксари таҳлилгарони маҳаллӣ, дар Тоҷикистон тавсеи фаъолияти густардаи ин гуна гурӯҳу созмонҳои террористии ба ном динӣ дур аз эҳтимол ба назар мерасад. Ҷӯра Юсуфӣ, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, чунки ҷомеаи мазҳаб ва суннатгарои тоҷик тундравиҳои ба зоҳир исломгароёнаи чунин гурӯҳҳоро намепазирад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро террористӣ эълон карда, фаъолияташро “ба хотири ҳифзи сохтори қонунӣ” дар қаламрави кишвар манъ карда буд. Ба гуфтаи мақомот, Амриддин Табаров - раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG