Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе кушта шудани "Домулло Амриддин"-ро тасдиқ кард


Ин ҷангҷӯ дар як навори видеоӣ иддао мекард, ки таҳти парчами "Ансоруллоҳ" меҷангад
Ин ҷангҷӯ дар як навори видеоӣ иддао мекард, ки таҳти парчами "Ансоруллоҳ" меҷангад

Мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ карданд, ки раҳбари созмони ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров, маъруф ба “Домулло Амриддин” кушта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон хабари ҳалокати раҳбари созмони ҷангҷӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров, мулаққаб ба “Домулло Амриддин”-ро расман тасдиқ карданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 25 январ дар нишасти хабарии вазораташ дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи сарнавишти ҷангиёни “Ансоруллоҳ” гуфт, “тақдири онҳо маълум аст. Амриддин Табаров ним сол пеш ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шуд.”

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз баданаи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шуда, ҷангҷӯёни тоҷики ин гурӯҳро муттаҳид мекард.

Исми ин гурӯҳ бори аввал дар моҳи сентябри соли 2010, дар пайи ҳамлаи маргталабона ба шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷанд расонаӣ шуд. Баъди он ҳамла як сомонаи марбут ба ҷангҷӯёни чечен хабар дод, ки масъулияти ҳамлаи Хуҷандро, ки нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон номбар мешуд, гурӯҳе бо номи “Ансоруллоҳ” бар дӯш гирифтааст.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов
Мулло Абдуллоҳ Раҳимов

Дар моҳи апрели соли 2011, дар пайи кушта шудани Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дар водии Рашт, мақомот гуфтанд, ки аз охирин паноҳгоҳи Мулло Абдулло парчами сиёҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” низ ёфт шудааст.

Ба гуфтаи нозирони умур, аз ҷумла коршиноси масоили амниятии Осиёи Марказӣ Виктор Михайлов, таъсиси "Ҷамоати Ансоруллоҳ" як навъ натиҷаи "ребрендинг" дар сафҳои Ҳаракати исломии Узбакистон буд. Сарони он гурӯҳ, ки дар амри даъвати ҷангҷӯён аз қавмҳои дигари Осиёи Марказӣ мушкил доштанд, ин созмонро ба чанд ташкилоти алоҳида бар асоси мансубияти қавмӣ ҷудо карданд. Аз ҷумла ҷангҷӯёни тоҷики Ҳаракати исломии Узбакистон дар "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ба раҳбарии Амриддин Табаров ва Абдулло Раҳимов гирд омаданд.

Душанбе кушта шудани "Домулло Амриддин"-ро тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:22 0:00

Бовар мерафт, ки Амриддин Табаров раҳбари сиёсии ин созмони тундрав ва Мулло Абдуллоҳ фармондеҳии қаноти низомии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро бар дӯш доштанд. Манобеи амниятии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ошӯби тирамоҳи соли 2010- баҳори соли 2011 дар водии Рашт ба раҳбарии Мулло Абдуллоҳ ва бо ҳидояти Амриддин Табаров роҳандозӣ шуда буд.

Амриддин Табаров соли 1953 дар рустои Ғуломони ноҳияи Нуробод ба дунё омада, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 Амриддин Табаров ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон паноҳ бурд.

Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди чанде бо эълони норизоияташ бо ин қарордоди сулҳ аз ҳизби наҳзати исломӣ канор рафта, дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон дубора ба Афғонистон рафт. Баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз аъзои собиқадори ҳизби наҳзат, ки феълан дар боздошт қарор дорад, дар як сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ замоне ки дар Покистон ба сар мебурд, бо гурӯҳҳои тундрав робита пайдо кард ва аз раванди сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон низ чандон розӣ набуд: «Як гурӯҳ буд бо номи «Ҷамоати такфир». Ин гурӯҳе барои андак лағжиш ё рафтори ғайриисломӣ, зуд ҳукм ба «куфр» мекунанд. Ман эҳсос мекардам, ки он кас зери таъсири ҳамонҳо рафтаанд. Бо демократияву давлати дунявиву дигар чизҳо созиш карданро қабул надошт. Далелҳои худашро меовард. Ба назарам, нуктаи аслии мухолифаташон бо устод Нурӣ ва ҳизби наҳзат ҳамин буд.»

Моҳи майи соли 2012 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро расман манъ ва ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои террористиву ифротӣ шомил кард.

Дар соли 2013 вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки Амриддин Табаровро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузоштаанд. Як айбномаи зидди ӯ ширкат дар ҳамлаи хунини тобистони соли 1993 ба заставаи сарҳадии рақами 12 дар мавзеи Сариғори минтақаи марзии Маскав дар марз бо Тоҷикистон буд, ки 25 марзбони русро кушта ба ҷо гузошт.

Виктор Михайлов
Виктор Михайлов

Аммо Виктор Михайлов, коршиноси масоили амниятӣ ва мудири сомонаи Antiterrortoday.com мегӯяд, “Ансоруллоҳ” бо вуҷуди 5 соли фаъолияташ аз нирӯи чандоне бархӯрдор набуд: ”Бино ба охирин маълумоте, ки ман дар бораи “Ансоруллоҳ” дорам, ин як гурӯҳи хурди иборат аз тақрибан 20 ҷангист, ки ҷои худро дар зери офтобу луқмаи нони худро меҷӯяд. Онҳо талош доранд бо ришсафедони маҳаллӣ муомила кунанд ва бо роҳҳое ҷои худро пайдо кунанд ва ягон тиҷоратеро ба даст бигиранд. Ин ва бисёре аз дигар гурӯҳҳои террористӣ зери назари хадамоти вижаи Покистон қарор доранд. Онҳо ба бархе кумак мекунанд, бархеро зери ҳимоят мегиранд, барои бархе санаду шиносномаву виза дуруст мекунанд. “Ансоруллоҳ” низ манбаи таъмини молӣ дорад.”

Дар моҳи августи соли 2015 Ҳаракати исломии Узбакистонба созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ байъат ё худ савганди вафодорӣ супурд ва худро бахше аз “вилояти Хуросон”-и “Давлати исломӣ” эълон кард. Инки оё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки ҳамеша як гурӯҳи вафодор ба Ҳаракати исломии Узбакистон буд, ба ин байъат ҳамроҳ зуд ё на, рӯшан нест, вале дар соли 2013 гузоришҳое ба даст мерасид, ки гӯё домулло Амриддин ҳамроҳ бо ҷангҷӯёни содиқаш аз сарзаминҳои қабиланишини Покистон ба вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахори Афғонистон омадааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабариаш нагуфт, ки раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” оё дар Тахор кушта шудааст ё дар кадом минтақаи дигари Афғонистон? Қаблан ҳам дар бораи ҳалокати Амриддин Табаров дар Покистону Афғонистон сарусадоҳое ба гӯш мерасид, вале ин бор ин хабар аз забони як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд.

Агар ин бора хабари марги "Домулло Амриддин" пурра тасдиқ шавад, пас як мояи ҷидди дардисарҳои амниятии мақомоти Тоҷикистон кам мешавад. Бахусус дар пасманзари афзоиши нигарониҳо аз талошҳо барои ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон густариш додани доманаи фаъолияти гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ.

XS
SM
MD
LG