Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон яке аз раҳбарони "Ансоруллоҳ"-ро ба Тоҷикистон дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Исломобод яке аз раҳбарони "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро, ки аз ӯ Қамариддин Аҳроров ном бурда мешавад, ба Душанбе таслим кардааст.

Созмони истихбороти аскарии Покистон (ISI) яке аз раҳбарони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” - Қамариддин Аҳроров ва чор ҳамроҳи ӯро ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таслим кардааст.

Ин хабар дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳангоми ратификатсияи шартномаи миёни Тоҷикистону Покистон, ки тобистони соли 2014 ба имзо расида буд, садо дод.

Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ин афрод ва як узви гуруҳи Толибон қасд доштаанд, дар қаламрави Тоҷикистон чанд амали террористӣ анҷом диҳанд. Вай ҳарчанд дар ин замина ҷузъёити бештаре надод ва аз ҳамроҳони Қамариддин Аҳроров ҳам ном набурд, вале созишномаи имзошуда миёни Тоҷикистону Покистонро барои тақвияти ҳамкории ҷонибҳо дар таъмини амнияти ду кишвар муҳим хонд.

Ин созишнома аз муқаддима ва 9 модда иборат буда, таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро дар назар дорад. Мансур Умаров дар идомаи суханонаш гуфт, Исломобод, инчунин, барои боло бурдани тавоноиҳои техникии нерӯҳои амниятии Тоҷикистон таҷҳизоти махсус ҷудо кардааст.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2012 ба ҳайси созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнуъст. Номи ин гуруҳ соли 2010 дар пайи таркиши бинои Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили ВКД дар Суғд ва марги Мулло Абдулло ва ҳамроҳонаш дар шарқи кишвар пайдо шуд. Ба гуфтаи мақомот, Амриддин Табаров - раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Дар ибтидо раҳбари аслии созмони «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон Мулло Абдулло номбар мешуд, вале баъдан баъзе аз намояндагони мақомоти интизомӣ гуфтанд, сарварии ин гурӯҳро нафаре бо номи Мулло Амриддин бар дӯш дорад. Аммо то ҳол расман гуфта нашудааст, ки ин гурӯҳ дар куҷо макон дорад ва раҳбараш кист. Бино бар ҳукми Додгоҳи олӣ, аз ин ба баъд ҳар нафаре, ки бо ин созмон ҳамкорӣ мекунад ва ё ба он мегаравад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG