Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ: "Тоҷикистон қасд дорад аз хориҷ қарзи бештар дарёфт кунад"


Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон қасд дорад меъёри қарзҳои аз хориҷи кишвар бо кафолати давлатӣ гирифтаашро аз 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти нохолиси миллӣ то ба 60 дарсад афзоиш диҳад. Коршиносон бар ин назаранд, ки агар қарзҳо ба манзури рушди иқтисод гирифта шаванд, ин амр ба Тоҷикистон зараре нахоҳад дошт.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ роҷеъ ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон навиштааст, ки давлати ин кишвар мехоҳад мизони қарзҳои хориҷиашро аз 40 то баробари 60 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ боло бубарад. Ба ин тартиб, давлати Тоҷикистон имкон хоҳад ёфт, ки барои иҷрои тарҳҳои иқтисодиву инфрасохториаш маблағҳои зиёдеро аз хориҷи кишвар ҷалб созад.

Феълан Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалии молӣ беш аз 2 миллиарду 800 миллион доллар қарздор аст.

То ҳол тибқи тавофуқоти давлати Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмиллалии Пул муқаррар карда буданд, ки Душанбе метавонад ҳаҷми қарзҳои давлатиашро танҳо то 40 дарсади ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дарёфт кунад. Дар кишварҳои пешрафта афзоиши меъёри ҷалби қарзҳои давлатии хориҷӣ як таҷрибаи маъмулӣ мебошад ва ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз чунин иқдом сокинон набояд ҳаросе дошта бошанд

Шариф Раҳимзода мегӯяд, "ман тоза аз сафари кишварҳои соҳили Балтик баргаштам ва дар Латвияву Литва низ мизони қарзҳои хориҷии бо кафолати давлатӣ гирифта баробар ба 60 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Дар Амрико ин рақам ба 103 ва дар Ҷопон то 200 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ баробар аст. Тоҷикистон низ мехоҳад танҳо ба манзури рушди иқтисод ва иҷрои тарҳҳои энерживу иртиботӣ қарз бигирад ва ба ин хотир чунин иқдом набояд касеро нигарон созад.

Шариф Раҳимзода.
Шариф Раҳимзода.

Феълан Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалии молӣ беш аз 2 миллиарду 800 миллион доллар қарздор аст. Барои бозгардон ва пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар будҷаи соли 2018 ҳудуди 1 миллиарду 220 миллион сомонӣ, муодили 138 миллион доллар ҷудо кард, ки барои будҷаи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Барои мисол, ин маблағ баробар ба масрафҳои буҷет барои соҳаи тандурустӣ дар тамоми сол мебошад.

Тоҷикистон бештар аз дигарон дар назди Чин қарздор аст, ки бахши асосии қарзи 1,2 миллион доллариаш бо кафолати давлатӣ гирифта шудааст. Ин рақам баробари 52 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳои давлатии Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳудуди 300, аз Бонки Осиёии Рушд беш аз 235 миллион доллар ва Бонки исломии рушд ва Сандуқи Байналмиллалии Пул дар маҷмӯъ 217 миллион доллар қарздор мебошад.

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз чунин тасмими ҳукумати Тоҷикистон истиқбол кард ва гуфт ин амр замоне ба суди иқтисод мешавад, ки агар қарзҳои гирифта, танҳо барои рушди иқтисодӣ истифода шавад. Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо дарназардошти вазъи бӯҳронии низоми бонкӣ дар Тоҷикистон эҳтимол дорад, бархе аз қарзҳои гирифта барои наҷоти бонкҳо масраф шавад.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ.
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ.

Вай афзуд: "Мизони 40 дарсадӣ қарзгирӣ дар гузашта дар музокирот бо Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳосил шуда буд. Ҳоло рӯшан нест, ки оё СБП ба афзоиши мизони қарзгирӣ тавофуқ шудааст ё хайр. Ба ҳар сурат, агар қарзҳои гирифта танҳо барои иҷрои тарҳҳои мушшахаси иқтисодӣ сарф шавад, боке нест. Дар акси ҳол Тоҷикистон бештар қарздор мемонад ва дар ниҳоят водор мешавад қарздиҳандаҳоро ба бахшидани қарзҳои додаашон розӣ кунонад."

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари иқтисодии тоҷик, ки дар хориҷи Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, ки иқтисоди кишвар вобастагии сахте ба пули муҳоҷирон дошту дорад ва то ҳол роҳи ҳалли ин мушкил пайдо нашудааст. Вай мӯътақид аст, ки то чанд соли дигар вобастагии Тоҷикистон ба қарзҳои хориҷӣ боқӣ мемонад"

"Боло бурдани ҳадди қарзи хориҷӣ то 60 дарсади ММД охири кор нест. Имкони чанд бори дигар боло бурдани он вуҷуд дорад. Ҳадди қарз 40 дарсади ММД муайян шуда буд, вале дар як сол он бидуни ин, ки расман боло бурда шавад, аз 50 дарсад убур кард. Яъне, авал корро анҷом доданд ва акнун мехоҳанд онро қонунӣ кунанд. Ин кор ҳам метавонад такрор шавад. Мутаассифона, умеде вуҷуд надорад, ки Тоҷикистон тавонад аз ин вобастагӣ ба қарзҳо наҷот ёбад."

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барномаи рушди кишвар то соли 2030-ро таҳия карда, мехоҳад аз кишвари кишоварзиву саноатӣ ба баръакси он табдил шавад. Ба ин далел, ба эътиқоди соҳибназарон, иҷрои ин ҳадаф бидуни ҷалби бештари қарзҳои хориҷӣ имконпазир намешавад. Аз сӯи дигар, соли гузашта Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба маблағи 500 миллион доллар евробондҳоро ба фурӯш гузошт, ки харидоронаш аз ҷумлаи кишварҳои ғарбӣ буданд.

XS
SM
MD
LG