Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: Дари гуфтугӯ бо Тоҷикистон боз шуд


Тоҷикистон хостори баррасии тарҳи нави Сандуқи Байналмилалии Пул шудааст. СБП аз соли 2008-ум, пас аз моҷарои ошкоршавии хилофкорӣ дар сарфи маблағҳояш, тамоми барномаҳои қарзии боимтиёз ва кумакҳои молиявиашро ба Тоҷикистон қатъ кард.

Гоҳе созмонҳои байналмилалӣ бо усулҳои дигар сатҳи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ҳисоб мекунанд. Тоҷикистон бо роҳи мустақим ҳисоб мекунад.

Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул, аз 14 то 23-юми майи имсол бо як сафар дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ дар баёнияе рӯзи 29-уми май гуфт, ҳукумати Тоҷикистон хостори оғози баррасии барномаи нави СБП аст ва ба ин хотир "чанд қадаме бардоштааст, ки аз пешрафти ислоҳот далолат мекунад".

Хандевал гуфтааст, ин пешрафтҳо дари гуфтугӯро барои оғози барномаи нав мекушояд ва, мумкин аст, музокирот барои оғози барномаи нав "моҳҳои наздик шуруъ шавад".

Тоҷикистон аз соли 2016 талош дорад, ки СБП барномаҳои қарзиашро дар Тоҷикистон аз сар бигирад. Он замон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ба расонаҳо гуфт, Тоҷикистон ният дорад, дар доираи барномаҳои СБП 500 миллион доллар қарзи боимтиёз ба даст биорад.

Падамҷа Ханделвал
Падамҷа Ханделвал

СБП ба Тоҷикистон: Тавсияҳо ба пуррагӣ иҷро нашудааст

Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар баёнияи худ гуфтааст, ҳарчанд дар ислоҳи вазъи бонкӣ пешравӣ ба назар мерасад, ҳанӯз тавсияҳои ин созмон аз соли 2016 ба пуррагӣ иҷро нашудаанд. Масъулони ин созмони байналмилалӣ мегӯянд, ҳукуматро мебояд, барои барқарор кардани боварӣ ба бонкҳои «бемор»-и кишвар чораҳои бештар биандешад.

Дар баёнияи расмӣ гуфта мешавад, «барои барқарории эътимоди амонатгузорон ба низоми бонкӣ зарур аст, чораҳои қатъӣ андешида шавад. Коршиносони СБП мегӯянд, ҳукумат ҳанӯз чораҳои қатъие наандешидааст, ки мушкилоти ду бонки бузург, зоҳиран "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" ҳал шавад ва ин монеи ислоҳоти дуруст дар ин самт мешавад.

​Ба гуфтаи хонум Ханделвал, соли гузашта қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ коҳиш ёфт, вале ҳоло ба эътидол меояд. «Ба истиснои ду бонки гирифтор, қарзҳои ба таъхирафтодаи бонкҳо аз 24.4 дарсади соли 2016 то ба 19.5 дарсад дар охири моҳи марти соли 2018 кам шуд», - афзудааст ӯ.

Вазорати молияи Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон

Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи дурнамои вазъи молии Тоҷикистон гуфтааст, ки бинобар қарзи зиёди давлат барои иҷрои тарҳҳои азим, зоҳиран нерӯгоҳи Роғун, мудирияти қарзҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон мушкил мешавад. Коршиносони бонк гуфтаанд, сарфаҷӯӣ дар тарҳҳои камавлавият мумкин аст, фишор ба давлат барои бозгардондани қарзҳоро камтар кунад.

Қарзи берунаи Тоҷикистон чанд дарсад аст?

Бино ба арзёбии СБП қарзи хориҷӣ ва уҳдадориҳои молии давлати Тоҷикистон аз хориҷа аз 42 дарсад дар соли 2016 то тақрибан 50 фисади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар поёни соли 2017 боло рафтааст. Ҳол онки Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврали имсол гуфта буд, қарзи берунии Тоҷикистон дар сатҳи 40,3 дарсад қарор дорад.

Маълумоти интишоркардаи СБП дар мавриди касри буҷети Тоҷикистон низ хеле бештар аз онест, ки мақомот расман эълон мекарданд. Ба навиштаи созмон, каср ё камбуди маблағ дар буҷети Тоҷикистон дар соли 2016 ба авҷи худ расида, ба 9,8 дарсад расид. Дар соли 2017 шикофи буҷет каме камтар шуд ва дар сатҳи 2,4 дарсад қарор гирифт.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон «Эксимбонк»-и Чин аст. Тоҷ​икистон танҳо аз ин бонки Чин 1,2 миллиард доллар қарздор аст.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон аз шарҳи суолбарангези фарқият дар омори калидии иқтисоди кишвар худдорӣ варзиданд. ​Зубайда Шоҳхуморова, масъули шӯъбаи қарзи хориҷии Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бе иҷозаи роҳбарияти вазорат дар ин робита шарҳе дода наметавонад".

Профессор Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, эҳтимолн тафовут дар сатҳи мизони қарзи Тоҷикистон аз усулҳои гуногуни ҳисоб ба миён омада бошад. "Гоҳе созмонҳои байналмилалӣ бо усулҳои дигар сатҳи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ҳисоб мекунанд. Тоҷикистон бо роҳи мустақим ҳисоб мекунад. Боз усули дигари ҳисоб ҳаст, бо номи ППС, ки тибқи он ҳаҷми ММД камтар мебарояд. Аз инҷо ҳаҷми қарз нисбат ба ММД бештар мебарояд", - гуфт Қаюмов.

Бино ба иттилои охирин, ки Оҷонси омор нашр кард, қарзи Тоҷикистон то 1-уми апрели имсол 2 миллиарду 859,7 миллион долларро ташкил мекунад. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон «Эксимбонк»-и Чин аст. Тоҷикистон танҳо аз ин бонки Чин 1,2 миллиард доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG