Вебсайти президенти Тоҷикистон шоми 31 август хабар дод,ки дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин мулоқоти президентони Тоҷикистону Чин – Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин баргузор шуд. Дар мулоқот сӯҳбат аз ҳамкории ду кишвар дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ рафт ва бо имзои 13 санади ҳамкорӣ ба итмом расид.
Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳавасманди иштироки фаъоли ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳхои барқи обии
Мақомоти тоҷик бо такя ба ваъдаҳои раҳбарияти Чин ахиран гуфтанд, ки умедворанд то соли 2020 саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
миёнаиқтидор мебошад. Тоҷикистон ширкати Чинро дар тарҳҳои бештари марбут ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта ва маъданҳои кӯҳию металлургӣ даъват кардааст. Инчунин дар мулоқот сухан аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терорризму экстремизм дар пасманзари ноамниҳо дар Афғонистон ҳам баррасӣ шудааст.
Дар ниҳояти мулоқот ҷонибҳо зери 13 санади ҳамкорӣ имзо гузоштанд, аз ҷумла:
Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин
Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин,
Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор,
Созишномаи байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ доир ба ҷудо намудани кӯмаки бебозгашт,
Созишномаи қолабӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзнок (барои лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ),
Ёддошти тафоҳум дар заминаи ҳамкориҳои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Чин “Синхуа”,
Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Шансии Чин ва дигарҳо
Дар хабари расмӣ таъкид мешавад, ки то имрӯз миёни ду кишвар наздики 200 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Феълан мушаххас нест, ки масъалаи ихтисоси гранти Чин барои бунёди сохтмонҳои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ниҳоӣ шудааст ё на. Чин гуфтааст, ки барои анҷоми ин тарҳҳо ба Тоҷикистон 1,5миллиард юан ё 230 миллион доллар тахсис диҳад.
Тоҷикистон - ширкатдори БРИКС
Сафари давлатии президент Раҳмон ба Чин рӯзи 31 август шурӯъ шуд ва дар ҳайати ҳукуматӣ ӯро вазири корҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энержӣ ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомот шомил ҳастанд.
Баъди ин то 5-уми сентябр Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви созмони БРИКС, ки аз кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Чин ташкил шудааст, иштирок мекунад. Ин созмон давлатҳои дар ҳолати рушди босуръатро муттаҳид мекунад. БРИКС як созмони иқтисодӣ буда, соли 2006 таъсис шудааст. Сокинони кишварҳои узви ин созмон беш аз 40 дарсади аҳолии сайёраро ташкил мекунанд.
Рӯзи 31-уми август дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин аз сӯҳбат бо раиси маҷлиси Чин Чжан Дэсзян шурӯъ шуд. Вебсайти президент хабар дод, ки дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои равобити ду кишвар ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Дар мулоқот инчунин ҳамкории порлумонҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгаррии байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Чин - шарики муҳими Тоҷикистон
Чин баъд аз Русия дувумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст. Беш аз 27 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Чин аст. Мизони гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 - 885 миллион долларро ташкил дода, 11 дарсад бештар назар ба соли 2015 мебошад. Аз ин маблағ Тоҷикистон дар ҳаҷми 841 миллион доллар аз Чин мол ворид кардааст.
Бонки Авроосиёии Рушд пешгӯӣ кардааст, ки сармоягузориҳои Чин дар се соли оянда ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд. Мақомоти тоҷик умед доранд, ки то соли 2020 мизони сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиин кишвар 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯяд, марҳилаи фаъоли ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баъди солҳои 2005-ум шурӯъ шуд. Қабл аз он Русия шарики аслии иқтисодии ин кишвар буд, вале баъди нофарҷом мондани ваъдаҳои сармоягузории барзе тарҳҳо, назири сохтмони нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон таваҷҷӯҳашро ба иқтисоди ҳамсояи абарқудрати шарқиаш равона кард.
Алишер Сафаров, як иқтисодшиноси мустақил мегӯяд, ҳамкориҳои Чин аз бахши сармоягузорӣ ба тарҳҳои роҳсозиву сохтмон, ироаи қарзҳои дарозмуддат ба тарҳҳои инфрасохторӣ, бунёди корхонаҳои нави сементбарорӣ, Маркази гармидииҳии Душанбе, сохтмони биноҳои нави ВКХ ва Китобхонаи миллӣ рӯшан дида мешавад. Бунёди хатти нави газ, ки бахшаш аз хоки Тоҷикистон мегузараду арзишаш 3,2 миллиард доллар аст, як тарҳи азими дигари Чин мебошад.
Бо васфи ин ҳама, ба гуфтаи Алишер Сафаров, "чиниҳо дар ироаи сармояҳои хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон эҳтиёткор ҳастанд ва хуб дарк мекунад, ки қоидаи бозӣ барои бизнеси хусусӣ мушкил аст. Аз ин рӯ, тарҷеҳ медиҳад қарордодҳои худро дар сатҳи ҳукумат анҷом диҳанд". Вай гуфт, қарзҳое ҳам, ки Чин дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад, аксаран тавассути бонкҳои давлатӣ ихтисос мешаванд.
Вазорати молия мегӯяд, ки дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони қарзи берунаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ 2 миллиарду 284,3 миллион долларро ташкил медиҳад ва беш аз 50%-и ин маблағ ва ё 1,2 миллиард доллар марбут ба Чин аст. Мақомоти тоҷик бо такя ба ваъдаҳои раҳбарияти Чин ахиран гуфтанд, ки умедворанд то соли 2020 саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон 3 миллиард долларо ташкил хоҳад дод.
Ин таҳлилгар гуфт, аз сӯи дигар Тоҷикистон ҳам барои Чин як шарик ва ҳамсояи муҳим аст. Ин кишвар дар маркази манфиатҳои минтақавии Русия, ИМА, Ҳинд, Поркистон ва Эрон қарор дорад ва барои Чин хеле муҳим аст, ки ин кишвар орому босубот бошад.
"Дар маҷмӯъ, раҳбари Тоҷикистон то имрӯз тавонистааст, ки як сиёсати бисёрсамтаи хориҷиро пеш барад ва дар шароити мушкили геостратегӣ тавонистааст бо ҳама ҳамкоронаш забон ёбад. Сафари навбатӣ ба Чин ҳам барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба хизмат мекунад. Вале бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон як андоза беэътимодӣ ба нақшаҳои Чин дар Тоҷикистон эҳсос мешавад. Тоҷикистон бо Чин дар марзҳои шарқиаш ҳамсоя аст ва дар гузашта тасмими ироаи қитъаи замине дар ин қаламрав ба фоидаи Чин боиси сару садо дар ҷомеа шуд. Тоҷикистону Чин талош мекунанд, ки ҳамин мушкилоти ноаён дар ҳамкориҳои худро аз ҷомеа пинҳон доранд, то ки ҷомеаро ба таҳлука наоранд".
Баъди баррасиҳои тӯлонӣ соли 2011 Тоҷикистону Чин як бахши қисмати баҳсноки заминро дар ихтиёри Чин гузошт. Ин ҳодиса мавриди интиқодҳои шадид дар сатҳи матбуоту ҷомеаи маданӣ шуд. Соли 2015 дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ, вазири умури хориҷии вақт Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, тасмими мазкур дар баландтарин сатҳи ҷумҳурӣ ва баъди баррасиҳои зиёд гирифта шуд.
Аз ҷумла, Зарифӣ гуфт, "дар ҷараёни баррасиҳо мотавонистем, ки аз 100 фоиз қисматҳои баҳсноки замин байни Тоҷикистону Чин танҳо 3,5 фоизи онро ба Чин ва 96,5 фоизи онро дар ихтиёри Тоҷикистон бимонем. То замоне, ки кадом ҳудуде мавриди баҳс аст, инро эътироф кардани ин ё он кишвар хеле душвор аст". Зарифӣ он замон гуфт, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан аз 5 як ҳиссаи қаламрави Тоҷикистон баҳсбарангез будааст.
Онҳое, ки аз ин ҳодиса нохушнуд ҳастанд, мегӯянд, ки Чин як кишвари дорои 1,3 миллиард аҳолӣ ва дар ҳоли рушди босуръат, сиёсати экспансияи иқтисодиашро пиёда мекунад ва Тоҷикистон ҳам бахше аз ин тарҳ аст. Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунанд, ки танҳо аз рӯи қонун ва бо назардошти манфиати миллии кишвар амал карда, дар ҳимояи тамомияти арзӣ қарор доранд.