Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

260 $ қарзи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа


Оҷонсии байналмиллалии рейтингии Moody’s пешгӯӣ кардааст, ки дар соли 2017-2018 мизони қарзи берунаи Тоҷикистон қариб як баробар бештар шуда, то ба 55 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мерасад. Moody’s мегӯяд, қарзи Тоҷикистон дар заминаи маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз хориҷ бештар мешавад. Ин оҷонсӣ менависад, ки бозгардонидани қарз барои иқтисоди Тоҷикистон, ки даромадҳояш маҳдуд аст, гарон меафтад.

Оҷонсии рейнтингии Moody’s мегӯяд, муваффақияти иқтисоди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ва имкони бозгардони саривақтии қарзҳояш ба иҷро шудани тарҳи "Роғун" бастагӣ дорад.

Дар гузориши тозаи ин оҷонсии байналмиллалии рейтингӣ, ки зарфияти иқтисодии кишварҳои дунёро арзёбӣ мекунад, гуфта мешавад, ки бахши аъзами қарзҳои берунаи Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ гирифта шудааст ва чун қурби пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ поин меравад, пардохти қарз ва фоизҳои он барои кишвар душвор хоҳад шуд. Moody’s гузориши тозаашро рӯзи 22-юми октябр нашр кард.

Вале Вазорати молияи Тоҷикистон ин пешгӯиҳоро рад мекунад ва мегӯяд, мизони қарзи берунаи кишвар хеле камтар аз арзёбии Moody's буда ба 32 дарсади ММД баробар аст. Ба иттилои ин вазорат, қарзи берунаи Тоҷикистон дар аввали соли равон 2 миллиарду 274 миллион долларро ташкил дод.

Вазорати молия мегӯяд, соли гузашта 159 миллион доллар маблағи будҷаи Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои хориҷӣ масраф шуд. Аз ин,125 миллион пули қарз ва 33 миллиони дигар фоизҳои қарз будаанд. Зимнан, нисфи қарзи берунаи Тоҷикистон, ё 53 дарсад қарзест, ки Чин ба Тоҷикистон додааст.

2 миллиарду 274 миллион қарзи берунии Тоҷикистон

Аз рӯи ҳисобҳои Moody’s, агар ҳоло қарзи 2 миллиарду 274 миллион доллари Тоҷикистонро ба сари ҳар як сокини кишвар тақсим кунем, ба ҳисоби миёна ҳар як шаҳрванд 260 доллари амрикоӣ қарздор аст. Дар сурати то як баробар афзудани қарзи хориҷӣ, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 500 доллар хоҳад расид.

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, қарздории кишвар ба сурати умум чизе баде нест ва дар ҷаҳони муосир як падидаи маъмул аст. "Қарзи хориҷии Амрико ва ё масалан Ҷопон триллионҳо доллар аст. Аммо гап дар сари зарфияти иқтисодиёти кишвар меравад. Яъне кишвар қудрат ва ё сарчашмаи пардохти ин қарзҳоро дорад ва ё на? Агар мо ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарфияти он ва сарчашмаҳои даромадаш нигоҳ кунем, посух возеҳе намеёбем."

Сафаров гуфт, кишвар бо гирифтани қарз, натанҳо худи қарз, балки фоизҳои онро низ бояд баргардонад. Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, агар кишвар сари вақт қарз ва фоизҳояшро бозпас дода натавонад, ба иқтисоди Тоҷикистон дефолт таҳдид мекунад.

Ҳама умед ба "Роғун"

Оҷонсии рейнтингии Moody’s мегӯяд, муваффақияти иқтисоди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ва имкони бозгардони саривақтии қарзҳояш ба иҷро шудани тарҳи "Роғун" бастагӣ дорад. Муттакои боэътимоди иқтисоди Тоҷикистон ба гуфтаи таҳлилгарони ин оҷонсӣ, танҳо нерӯгоҳи Роғун хоҳад буд, ки бо оғози кори он ва тавлиди нерӯи барқ, кишвар метавонад пардохтпазириашро дар назди қарздиҳандаҳо нигоҳ дорад.

Ду оҷонси байналмилалии рейтингии байналмилалӣ -Standard and poor's ва ширкати Moody’s дар охири моҳи августи имсол рейтинги қарзии Тоҷикистонро бо асъори милливу хориҷӣ дар сатҳи “В-В” ё “устувор” арзёбӣ кардаанд. Тоҷикистон барои аввалин бор дар рейтинги ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил шуд.

Ин рейтинг ба кишвар имкон дод вомбаргҳо ва ё, евробонҳояшро дар бозори ҷаҳони ба фурӯш бародард. Ин буд, ки як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр дар Лондон ба қадри 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатиашро бо баҳраи каме беш аз 7 дарсад фурӯхт. Дар рӯзи аввали намоиши вомбаргҳо талаботи сармоягузорон ба он ба 4,5 миллирад сомонӣ расид. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ҳафтаи қабл бо соҳибкорон фурӯши вомбаргҳоро дар бозори ҷаҳонӣ яке аз муваффақиятҳои муҳимтарин чанд соли охири ҳукумат донист.

XS
SM
MD
LG