Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳукумати Тоҷикистон намояндаҳояшро ба Варшава нафиристод?


Дар акс: Илҳомҷон Ёқубов, Мирзонабии Холиқзод ва Сайфулло Сафаров
Дар акс: Илҳомҷон Ёқубов, Мирзонабии Холиқзод ва Сайфулло Сафаров

Чаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки 10 рӯз дар Варшава, маркази Лаҳистон (Полша), идома кард, нарафтанд? Набудани онҳо чӣ маънӣ дорад? Беэътиноӣ ба уҳдадориҳои байнулмилалӣ ё чизи дигар?

Нишасти мазкур ҳар сол баргузор мешавад ва дар он намояндагони 57 кишвари узви САҲА аз дастовардҳои худ барои риояи ҳуқуқи инсон мегӯянд ва ё мушкилотеро мебардоранд, ки ба амнияти минтақа таҳдид мекунад.

Мавзӯи баҳси “Гапи озод” дар ҳамин бора аст ва меҳмонон – Сайфулло Сафаров, устоди донишгоҳ ва муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Вилнюс.

Радиои Озодӣ: Сайфулло Сафаров, биёед, аз шумо шуруъ мекунем, ки дар нишастҳои пешин дар Варшава ширкат кардаед. Чаро ин дафъа ҳайати Тоҷикистон дар нишаст набуд?

Сайфулло Сафаров: “Бино ба беморӣ 9 моҳ дар хона будам, аз корҳои сиёсӣ бехабар ҳастам. Бояд бигӯям, ки ин беэътиноии ҳукумат ба созишномаҳои байнулмилалӣ нест. Ин шояд сабаби дигар дошта бошад. Ман аз пайи ин нашудам ва таҳлил накардам. Ман соли 2018 дар нишасти САҲА будам. Ҳамсуҳбати мо, Илҳомҷон, дар он ширкат дошт. Баҳсҳои мо бисёр пурсарусадо буданд. Дар ҷомеа таҳаввулоти фикрӣ эҷод карданд. Ҳам тарафи ҳукумат ва ҳам мухолифон андешаҳои худро баён дошта буданд. Ҳарчанд пешниҳодҳо нашр нашуданд, барои ҷомеа умедворкунанда буд.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чаро ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ин дафъа ширкат надошт? Ин чӣ маъно дорад?

Сайфулло Сафаров: “Ҳоло ҳукумат шояд аз бенатиҷа будани ин сафарҳо ва аз камарзиш будани баҳсҳо ба хулосае омада бошад, ки иштирок накунад. Дар инҷо баъзе масъалаҳои молӣ ва техникӣ ҳам ба вуҷуд меоянд, чунки ҳоло таҳрим ҳаст ва имкон намедиҳад, ки ҳавопаймоҳо саривақт тариқи Маскав парвоз кунанд. Мо он вақт озодона сафар карда будем ва баргашта омадем.”

Радиои Озодӣ: Илҳомҷон Ёқубов, ба ҳарфҳои Сайфулло Сафаров розӣ ҳастед? Чаро, ба назари шумо, ҳайати Тоҷикистон дар нишаст ҳузур надошт?

Илҳомҷон Ёқубов: “Воқеан, ҳайати Тоҷикистон се сол аст, ки дар ин конфронс иштирок надорад. Ман инро заъф ва бохти ҳукумати Тоҷикистон меномам. Бо чанд далел. Далели аввал ин ки ҳукумати Тоҷикистон таҳаммули шунидани ҳарфи муқобил, шунидани ҳарфи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалиро надорад. Дувум ин ки поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон системавӣ ва доимӣ шудааст. Агар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар нишаст ширкат кунад, аз тарафи намояндаҳои кишвару созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ суолҳои вазнин мешавад. Дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест. Чандин рӯзноманигор дар боздошт ҳастанд. Озодии матбуот ва андеша нақз мешавад. Дигар ин ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷиноятҳои фаромарзӣ даст задаанд ва шаҳрвандонро аз Русия ва Туркия дуздида меоранд. Дар ин нишаст ҳукумати Тоҷикистон бояд посух медод ва азбаски посух надорад, роҳи ҳаллаш гурехтан ва ширкат накардан аст. Далели дигар ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон иродаи сиёсӣ надорад.”

Сайфулло Сафаров: “Ман фикр мекунам, ин бохти ҳукумат нест. Ҳукумат имкон дорад, ки дар ин гуна баҳсҳо иштирок кунад. Иродаи сиёсӣ ва нерӯи зеҳнии ҳукумат хеле болост ва метавонад бо ҳамаи мухолифин баҳс кунад ва ба суолҳо ҷавоб диҳад. Ҳукумат далел дорад, бе далел намешавад кореро анҷом дод. Ин ки масъалаи рабудани инсонҳоро гуфтанд, Тоҷикистон бо Русия ва Туркия ва бо давлатҳои дигар созишнома дорад. Прокуратураи генералии мо, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амният бо онҳо созишнома доранд. Ва овардани мухолифин, албатта, на ҳамаи мухолифин, балки онҳое, ки ҷиноят кардаанд ва дар пайгард қарор доранд, бар асоси созишномаҳо сурат мегирад. Онҳо иҷоза медиҳанд, мо гирифта меорем. Лекин рафта як касро дар давлати дигар рабудан аслан имкон надорад, на дар асоси қонунҳои онҳо ва на бар асоси қонунҳои мо.”

Барномаро дар ин ҷо бинед:

Ҳайати Тоҷикистон минбарро ба мухолифон дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:32:54 0:00

Радиои Озодӣ: Дар яке аз маҳфилҳои нишасти САҲА Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, ки “Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва тундгароӣ мухолифону ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб мекунад”. Сайфулло Сафаров агар дар ин ҷаласа мебудед, чӣ посух медодед?

Сайфулло Сафаров: “Ба Муҳиддин посухи ман ин мебуд, ки террористҳо хати муайян доранд. Хати амали онҳо аз тарафи Кумитаи амнияти миллӣ, Додситони кул ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳама вақт пайгирӣ карда мешавад. Яъне, агар онҳо дар хати амали террористӣ қарор надошта бошанд, ба онҳо кор гирифта намешавад. Кор гирифта ҳам наметавонанд, чунки қонун мушаххас кардааст. Дар ҳолате ки онҳо дар ҳамин хат мушоҳида мешаванд ва пайгириҳо нишон медиҳад, ки инҳо аз роҳи экстремизм ба самти терроризм ҳаракат доранд, барои пешгирӣ аз амалҳои террористӣ дастгир ва ба ҳабс кашида мешаванд. Ё ин ки аз он давлатҳое, ки онҳо зиндагӣ доранд, оварда мешаванд. Бе иҷозати он давлатҳо оварданашон номумкин аст.”

Илҳомҷон Ёқубов: “Назари ман мухолифи гуфтаҳои доктор Сафаров аст. Воқеан, мушоҳидаи мо, созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои гузоришгар ин аст, ки бо баҳонаи ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон саркӯбгарӣ ҷой дорад. Даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ бо баҳонаи ифротгароӣ пушти панҷара рафтанд. Даҳҳо фаъоли маданӣ бо ҷурми терроризму ифротгароӣ пушти дарҳои баста маҳкум ба зиндон шуданд. Бубинед, даҳҳо фаъоли ҷомеаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт ва паси даҳои баста муҳокима шуданд. Ҳукми онҳо дар муддати як ҳафта бо баҳонаи тундгароӣ содир шуд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон саркӯбгарии системавӣ идома дорад ва сол ба сол зиёд мешавад.”

Радиои Озодӣ: Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, дар нишасти САҲА аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хост, ки мусоидат намояд, то байни мухолифону ҳукумат муколама баргузор шавад. Оё чунин чизе имкон дорад?

Сайфулло Сафаров: “Агар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамин корро анҷом диҳад, мо ҳеч мухолифат надорем. Ба ҳар нафаре, ки барои сулҳи тоҷикон, барои манфиати давлату миллати тоҷикон талош мекунад, муносибати мусбат дорем. Чи тавре ки дар вақташ ба Созмони Милали Мутаҳид муроҷиат карда, сулҳро пойдор карда будем. Онҳоеро, ки барои баргардондани мухолифин талош мекунанд, роҳ нишон медиҳанд, саҳм мегузоранд, қабул дорем. Фикр намекунам, ки дар ҳукумати Тоҷикистон касоне бошанд, ки ҷонибдори ноамн гардондани ояндаи Тоҷикистон бошанд. Ин гуна одамон вуҷуд надоранд.”

Илҳомҷон Ёқубов: “Назари ман ҳам нек аст. Дари музокира ва гуфтушунид боз аст ва онро соли 2016 эълон карда будем. Хоҳ Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, хоҳ Созмони Милал ва ҳар кишваре, ки омодаи ин чиз бошад, дари гуфтугӯ ҳамеша боз аст. Дар ҳамин нишасти САҲА дар Варшава як формулае буд, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонист истифода барад ва бо мухолифини худ, бо ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ гуфтугӯ кунад.”

Сайфулло Сафаров: “Мехоҳам гӯям, ки бинед дар масъалаҳои амнияти Тоҷикистон рушди он мо мухолифат надорем. Инҳо масъалаҳои калидии мо ҳастанд. Яъне, дар ин масъалаҳо мо метавонем дар ҳар шакле, дар ҳар куҷое баҳс кунем ва ба як натиҷа биёем.”

Барнома дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG