Сабаб, ба гуфтаи онҳо, ин будааст, ки "эҳтимол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои аврупоӣ сафар кунад ва намояндагони мухолифон ба зидди ӯ бояд тазоҳурот накунанд, шиор надиҳанд ва тухм напартоянд".
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз сафари президентро ба хориҷа эълон накардаанд. Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин лаҳза бенатиҷа буд. Замони сафар низ дақиқ нест.
"Мақомот аз падару модар ва наздикони дигари мухолифони тоҷик талаб доранд, ки фарзандони худро маҷбур кунанд, то ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳеч тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ ширкат наварзанд," – гуфта шудааст дар изҳороти Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф.
Шарҳи расмӣ дар ин бора дастрас нест.
Масъулони Паймони миллӣ рӯзи 19-уми март гуфтанд, чунин таҳдид то ин дам ба пайвандони Шарофиддин Гадоев, Салим Султонзода, Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, Абдушукур Маннонов ва фаъолони дигар расидааст.
Шарофиддин Гадоев гуфт, воқеан, модарашро ду рӯз пеш ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор даъват кардаанд. "Дар онҷо гуфтаанд, ба писарат бирасон, ки дар Аврупо ба зидди президент эътироз накунад," – гуфт ӯ.
Вазъи монанд рӯзи 18-уми март ба пайвандони Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз намояндагони мухолифон, дар шаҳри Панҷакент рӯй додааст. Шоҳимӣ мегӯяд, "онҳо ҳатто сабти садои модарамро ба ман фиристоданд. Дар он модарам маро сарзаниш карда, илтиҷо намудааст, ки ба ягон гурӯҳ ҳамроҳ нашавам, эътироз накунам."
Мо бо пайвандони баъзе аз мухолифон дар дохили Тоҷикистон ҳам гап задем. Онҳо чунин суҳбатҳоро тасдиқ карда, вале хостанд барои пеш наомадани душворӣ дар кору зиндагияшон ном ва суханашонро нашр накунем.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони мухолифон дар Аврупо иддао доранд, ки мақомот гуё хонаву мошин, замин ва дороиҳои дигари волидони онҳоро сабт карда, "забонхат гирифтаанд, ки агар фарзандонашон дар тазоҳуроти зидди Эмомалӣ Раҳмон ширкат кунад, ҳамаро мусодира хоҳанд кард."
Маҳмадзариф Саидов, узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, мақомот рӯзи 19-уми март ба писараш гуфтаанд, ҳуҷҷатҳои хонаро ба идораи амнияти шаҳри Душанбе барад.
"Аз ин пеш, мақомот падару бародар ва писари ҳаждасолаамро ба идораи амнияти ноҳияи Рудакӣ бурда, ваъда ва забонхат гирифтанд. Писарам аз ман хост, дар наворе ваъда диҳам, ки ҳангоми сафари президент дар эътирозҳо ширкат намекунам. Барои фишор наовардан ба волидонам ин корро кардам," – афзуд Саидов.
Паймони миллӣ рӯзи 19-уми март дар изҳороте рафтори мақомоти Тоҷикистонро "ҷинояти зиддибашарӣ" хонд ва аз ҳукумат хост, ки "даст аз гаравгонгирии наздикону пайвандони мухолифони сиёсӣ бардорад."
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2023 дар Олмон буд ва он ҳангом мухолифон ба зидди ӯ гирдиҳамоӣ карда, шиор доданд ва ба тарафи мошини ҳомили ӯ тухм заданд. Ин ҳолат хашми мақомотро барангехт ва наздикони баъзе аз мухолифонро дастгир ва бархеро пурра аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) он замон дар гузорише гуфт, ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе танҳо пас аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.